ҲИКМАТИ ПАРЧАМ

459

Халқи тоҷик аз қадимтарин халқи тоҷдору парчамдор аст, ки давлатдориву соҳибмулкӣ ва шарафу номуси худро бо дирафши ковиёнӣ ифода кардааст. Коваи оҳангар бар зидди нерӯи аҳриманӣ бо як порча матои пешдомани худ ба мубориза бархост. Рустами достон бо бардоштани парчами паҳлавонӣ шарафи халқу ватани худро ҳифз мекард. Ин парчамдориҳо дар хонаи дилҳо ҷой дошт ва ин парчамдориҳо буд, ки номи тоҷикро рақибон нест карда натавонистанд. Тоҷик баъди ҳазор соли азиятҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ парчами худро соҳиб гардид ва миёни даҳҳо давлати ҷаҳон имрӯз аз ҳастиву қудрати худ дарак медиҳад. Парчам ҳамеша нерӯи муттаҳидкунанда дошта, бо ҳазорон калому ҳарф ба атроф нидо меандозад. Парчам он ҳидояткунандаест, ки бартар аз ҳама чизи дигар моро дар ҳифзу нигаҳдории ватан омода нигоҳ медорад. Парчами давлатии мо 30 сол боз мавқеи моро дар ҳама ҷодаҳо қавитар мегардонад.

Ҳикмату фалсафаи парчам беканор аст. Ба фатҳи баландтарин қулла ҳам ноил шавем, боз ҳам зери мавҷи парчаме қарор дорем, ки болотар аз мо қарор мегирад. Дар ҳама ҷодаҳо шарафу дастоварди моро ливову парчами миллӣ муаррифӣ мекунад, ки болотар аз ҳама неруву таҳниятгӯиҳост. Яъне парчам муаррифгари мост, на ин ки мо мураррифгари парчам ва ин муаррифии парчам болотар аз ҳама муаррифиҳост. Ному насаб ва қаҳрамонии моро ҳамин парчам нишон медиҳад ва ин парчам ба тамоми дунё аз ҳастиву матонати мо дарак медиҳад. Партавнишон кардани парчам ва ба даст гирифтани парчам дар арсаҳо танҳо ба фарди соҳибхираду меҳнатписанду қаҳрамон даст медиҳад.

Парчам эҳсоси муҳаббат ба ватанро боло мебарад ва ҳам неруву қудрати бузурге дорад, ки тавассути он барои манзалату мақоми халқҳо хидмати арзандаву беназир анҷом медиҳад. Асрори парчам басо бузургу беканор аст ва ин як пора матоъ пиёдасозандаи аксар ҳадафу ниятҳои аҳли башар мебошад. Ҳатто роҳзанҳо ва гуруҳҳои харобкору ҷиноӣ низ аз ин асрору неруи парчам истифода мекунанд. Дар баҳрҳо киштиҳои роҳзанҳо бо ливои сиёҳ аз ҳастии худ дарак медоданд. Неруҳои ҳарбӣ бо ба даст гирифтани парчам ва садоқату муҳаббат ба он фотеҳ мегардиданд. Аммо бузургтарин парчам дар ин миён парчами давлатӣ мебошад, ки ҳар як халқ бо доштани он ифтихор менамояду ба ваҷҳи баланд бардоштани он қаҳрамониҳоро анҷом медиҳанд.

Парчам ифодакунандаи фатҳу пешравиҳо ва намои қудрату имконҳост. Давлате давлати дигарро дар гузашта ғасб менамуд, нахустин пайғоми ғалабаи худро ба овехтани парчам дар қалъаҳову кушкҳо ифода мекарданд, ки ин омилу ҳолат барои имрӯз низ қатъи назар намебошад. Аз ҷониби дигар парчам таколуми фарҳангиву сиёсии халқҳо дар роҳи ваҳдату ҳамгироиҳост. Баланд гардидани парчами давлатҳо дар ҳамоишҳову нишастҳо ва ҷамъомадҳои бузург ин маънии иштироку ҳамовозии садҳо миллион нафар одамонро дорад. Дар ин ҳолатҳо мебинем, ки парчамҳо аз боду шамол хеле аҷиб ба ҳаяҷон меоянд.

Гӯё чизе бо ҳам мегӯянду нақл менамоянд. Аз ҷилваи онҳо гуё дастфишурии ҳазорон нафар одамонро мебинем, ки аз хайру салоҳ бо ҳам сухан гуфтан мехоҳанд.

Парчам чун як рукни муҳиму муқаддасоти давлатии мо дар замони соҳибистиқлолӣ бо маъниву мазмуни нав халқи моро муттаҳид гардонид. Басо рамзист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалу сулҳсозиву бунёдкории худро аз бӯсидани парчам оғоз намуда буданд. Ин парчам буд, ки дар сесияи таърихии Хуҷанд дигар вакилони халқ садоқату қавли худро назди он баён карданд. Имрӯз ифтихори ҳар як фарди соҳибватани мо аст, ки парчами давлати худро ҳамаҷо парафшон мебинад. Зеро парчам бо хосияти худ тамоми роҳу шоҳроҳҳоро дар ҷодаи ватандӯстӣ боз менамояд ва ҳам роҳнамо мешавад.

Бигзор дар хонадони ҳамаи мо, болои дафтару китоб, дар рафҳои китоб, болои мизи корӣ парчаму расми парчам бошад. Ин ба мо ҳар лаҳза мегуяд, ки мо ватан дорем ва ин ватан беҳтарин паноҳгоҳи мо дар рӯи замин мебошад. Парчамдорӣ шараф аст ва ҳокӣ аз марз, сарзамин ва фарҳангу маданият доштани мост. Миллату халқи бепарчам бошад, мисоли корвони бесорбон ва киштии бемалоҳ аст, ки дар баҳру биёбонҳо роҳи худро гум сохтаанд.

Бахтиёри Қутбиддин,устоди ДМТ