ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ПАРЧАМДОРӢ

223

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимиистиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар тамоми давру замон парчам нишони мустақилият ва давлатдории миллӣ будааст. Аз ин рӯ, парчам дар қатори нишон ва суруди миллӣ рамзи муқаддас ва асосии давлат, яъне соҳибистиқлолии миллат аст. Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр дар кишвари мо ва дигар мамлакатҳо, ки парчамашон партавафшонӣ мекунад, аз мавҷудияти кишвари соҳибистиқлолу озод дарак медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор таъкид намуда буданд, ки «Мо бо парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст». Воқеан парчам, нишон, суруди миллӣ ва ҳамагуна рамзҳои давлатӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд муқаддас бошад. Пос доштани муқаддасот қарзи шаҳрвандӣ ва руҳу равонии ҳар яки мо дар зиндагист.

Парчам ва ё худ байрақ, алам, роят, ливо, дирафш матои якранга ва ё бисёрранга мебошад, ки нишони махсус дорад, яъне, як тарафи он бо чубдаста часпонда мешавад. Мувофиқи тафсири фарҳангномаи «Ғиёс-ул-луғот», ки соли 1827 аз ҷониби луғатнавис ва донишманди машҳури тоҷик Ғиёсиддин Муҳаммад таълиф ёфта буд, парчам чизест, ки аз абрешими сиёҳ таёр сохта, бар сари алам банданд. Ё худ ба маънои мӯи думи гови кӯҳӣ (қӯтос, ғажгов) бошад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» омадааст, ки парчам ин пупаки абрешимӣ, мӯӣ ё думи гови кӯҳӣ, ки ба нӯги байрақ мебастанд. Яъне, парчам, алам ё худ байрақ дар фарҳанги мо он замонҳои қадим маълуму машҳур буда, имрӯз акнун ҳамчун рамзи давлатӣ истифода мешавад. Халқи тоҷик дар масири таърих парчами бисёр гуногуне доштанд. Бино ба ривояту ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ Коваи оҳангар пешдомани худро парчам намуда, бар зидди Заҳҳоки хунхор ба мубориза бархестааст, ки онро «Дирафши Кова» мегӯянд. «Дирафши ковиёнӣ»-рамзи нахустини давлатдории ориёиён мебошад ва аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ ва давлату давлатдорӣ дар байни халқу миллатҳои дунё қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.

Аз таърихи халқи тоҷик маълум аст, ки ҳанӯз дар асри Vто милод дар ҷанги байни юнониёну форсҳои ҳахоманиш, минбаъд муборизаи суғдиён бар зидди арабҳо, амалиёти ҳарбии Сомониён, Ғазнавиён, замони истилои муғул, Темуриён, Манғитиён ҳар лашкар парчами худро дошт. Дар ин парчам асосан акси шери болдор нақш баста буд, ки рамзи тавоноӣ, бузургӣ, ҳашамат, матонат, ҷасорат ва ботамкинию хирадмандӣ буд. Дар асрҳои миёна давлатҳои ҷудогона парчамҳои хос доштанд. Сарлашкарони исломӣ ҳангоми ҷиҳоду ғазо парчами сабз меафрохтанд.

Парчами аморати Бухоро, ки соли қабули он маълум нест, аз ду ранг-сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарҳалӣ сохта шуда, дар канори чапи он рӯи хати сабз «Султон-сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухороқабул гардид, ки он аз парчами аморати Бухоро ба таври куллӣ фарқ намекард. Дар рӯи он ба ҷои навиштаҷоти «Султон-сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» чор ҳарф «ҶХШБ» бо хати форсӣ ва «БНСР» бо хати кириллӣ ҷой дода шуда буданд, шакли ихтисор ва кутоҳшудаи «Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро» ва «Бухарская Народная Советская Республика» маҳсуб меёфтанд.

Илова ба парчами расмӣ, ки дар Конститутсияи ҶХШБ тавсиф шудааст, вариантҳои гуногуни парчам дар солҳои гуногун истифода мешуданд. Қабл аз таъсиси расмии ҶХШБ, парчами сурх бо ҳилоли сафед дар маркази он ва даргӯшаи чапи боло навиштаҷоти БНСР (аз русӣ, яъне ҶХШБ) дошт, истифода мешуд. Пас аз тасдиқи ҶХШБ ва парчамаш, дар яке аз вариантҳои парчам ба ҷои навиштаҷот ба кириллик, навиштаҷот бо алифбои арабӣ истифо дамешуд 23 сентябри соли 1921 дуввумин Қурултаи Ҳамабухороӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухороро қабул ва тасдиқ кард, ки дар он дар моддаи 79 парчами ҶХШБ тасвир ёфтааст: Парчами давлатии ҶХШБ аз ду матоъи баҳам рост бурида иборат аст: бологиаш–ранги сабз ва поёнаш–сурх, бо акси дар қисмати маркази ҷойгир шуда, ки аз дости тиллоӣ бо ситораи панҷкунҷа иборат аст. Дар қисмати чапи болоии матоъи сабз, дар кунҷе навиштаҷот бо ҳарфҳои Б.Н.С.Р. ҷойгир аст. Парчам аз ранги қисман сурх, ҳилоли аҳмар ва ситора иборат буд.

19 сентябри соли 1924, Қурултойи панҷуми Шӯроҳои умумибухороӣ дар бораи табдил додани ҶХШБ ба ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Бухоро ва гузарондани демаркатсияи миллӣ-давлатӣ қарор қабул кард. Дар он солҳо, ИҶШС демаркатсияи миллӣ-ҳудудии қаламрави Аморати Бухороро ба нафъи ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Туркманистонва Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаронд. Дар асоси натиҷаҳои ин демаркатсияи миллӣ-ҳудуди ҶХШБ ва парчами он барҳам дода шуд ва ба ҷои он парчамҳои ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ таҳия шуданд.

Ҷумҳурии мо дар замони шӯравӣ низ дорои парчами худ буд. Ҳанӯз солҳои 1924-1929, яъне давраи мухторият (автономия) парчами Тоҷикистон саропо сурх буда, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед» ҷой доштанд.

Соли 1953 парчами Тоҷикистон тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз. Он парчам чун таҷассуми давлатдории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон матое буд, ки аз чор рахи рангоранги уфуқӣ иборат буд: рахи боло сурх буда, нисфи бари байрақро мегирифт: рахи сафед панҷяки бари байрақро ташкил медод. Дар рахи сурхи боло дар назди чӯби парчам досу болғаи заррин ва дар болои онҳо ситораи сурхи панҷгӯшае ҳувайдо ва зарҳал давондашуда буд. Ин парчами Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистонто соли 1991, яъне, истиқлолияти комили кишвар арзи ҳастӣ кард.

Баъди ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатӣ, яъне муқаддасоти миллии тоҷикон, аз ҷумла парчами нави давлатӣ ба миён омад. Азбаски рамзҳои давлатии Тоҷикистони аҳди шӯравӣ ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои тайёр намудани парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Дар Иҷлосияи XVIШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар кохи Арбоби Хуҷанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва қабул гардид, ки ифодагари истиқлолияти кишвари мо, иттиҳоди вайроннашавандаи мардуми он, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ҳамин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки пеш аз он ки қонуни зикр шудаи фавқ муҳокима ва қабул гардад, Сарвари давлат баъди савгандёдкунӣ дар кохи Арбоби Хуҷанд назди намояндагони халқ дар назди парчами Тоҷикистон зону зада, онро бачашм молида, бӯса намуда, ашк резонда, эҳтироми худро нисбати яке аз рамзҳои Тоҷикистон муайян намуданд, ин хеле таъсирбахш буд.

Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол аз матои росткунҷаи се рахи рангдор-сурх, сафед ва сабз иборат аст. Рахи боло-ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва болои ҳафт ситора дар шакли нимдоиракашида шудааст. Ранги аввал-ранги сурх, ин шуои офтоб, рамзи равшанист ва сурхрӯист. Ин ранг маънои анъанавӣ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Ранги сурх-ин мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият аст.

Рахи дуюм-ранги сафед, яъне рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист.Рамзи сафед рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост.Яъне, ин ранг бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон аст. Ранги сабз бошад, чун рамзи табиату сабзу ҳамешабаҳори мо ва чун рамзи дини мубини ислом мебошад. Яъне, ин ранг саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад. Бояд қайд кард, ки парчами Тоҷикистон дар инъикоси рангҳо-сурх, сафед ва сабз бо парчами давлатҳои Эрон, Булғория, Венгрия, Италия, Мадагаскар ва Мексика монанд буда, бо рамзи тоҷ ва ситора фарқ мекунад.

Бо эҳсоси ифтихору сарбаландӣ зикр бояд намуд, ки 3 августи соли 2011 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар пояи 165 метр парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид, ки имрӯз яке аз баландтарин дар ҷаҳон баъд аз парчами 170- метраи Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда ва ҷойгузини китоби рекордҳои Гиннес аст.Ба ғайр аз ин дар ҳамин ҷо боифтихор қайд бояд кард, ки дар аксарияти деҳаву шаҳракҳо, маркази шаҳрҳову вилоятҳои кишварамон парчами Тоҷикистони азизамон парафшонӣ мекунад. Дар як давраи мураккаби муносибатҳои ғайридӯстонаи қирғизҳо дар деҳаи овозадори Ворух бо иштироки Пешвои миллат парафшон шудани парчами давлатӣ гувоҳи бузургӣ, ҷасорат, мардонагӣ, ҳисси баланди ватандӯстии Сарвари давлатамонро бори дигар нишон дод. Аз тарафи дигар, Пешвои миллат анъанаи гиромидошти парчамро муқаддас дониста, дар фарҳанги парчамдорӣ ва ташаккули он саҳми беандоза доранд.

Рӯзи парчам, ки ҳамасола 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо мутантан ҷашн гирифта мешавад, ин эҳтирому садоқат ба рӯҳи қаҳрамонои миллат – Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Муқаннаву Восъ, Айниву Бобоҷон Ғафуров ва садҳо абармардони гузаштаи мост, яъне, ба онҳоест, ки дар тули таърих барои ному нанг, ору номус ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳақи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони расонидаанд.

Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парчамҳои тамоми мамлакатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад, ки ин сарбаландӣ, саодатмандӣ ва ифтихори бузурги мо аст! Албатта, ин саодатро то ҷовидон чун нангу номус ҳифз бояд кард!

Аъзамҷон Азимов,доктори илми филология, профессори ДМТ