Ваҳдати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои муттаҳидшавии миллат хидмати бузургеро ба сомон расонидааст, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи тозаеро боз намуд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таърихи 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, оғози ҳамдигарфаҳмиву баҳамоӣ аст ва он ҷиҳати фароҳам овардани...
18 июни соли ҷорӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректорони макотиби олӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст...
Имрӯзҳо вобаста ба ихтисосҳои мухталиф донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар давраи таҷрибаомӯзии таълимӣ- саҳроӣ қарор доранд. Донишҷӯёни ихтисосҳои ботаника, зоология ва биотехнологияи факултети биологияи донишгоҳ аз ҷумлаи онҳост, ки дар Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоби ноҳияи Варзоб машғули кор мебошанд. Боиси қайд аст, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои хуб ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ шароити хуби таълимиро фароҳам...
Имрӯз дар толори калони ДМТ 5-умин конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" баргузор гардид.
Дар Дар кори конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок доштанд.
Нахуст ҳисоботи...
Имрӯз (17.06.2022) намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии муовини директори департаменти давлатҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Субир Лалл ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуданд.
Ҳайати меҳмононро (Метю Гертнер – роҳбари дафтари Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, Наиля...
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис,...
(Саҳми профессор Ҳ.Маҷидов дар рушди забон)
Имрӯз (15.06.2022) дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии ректори муҳтарами донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти унвони «Рушди забони адабии тоҷикӣ дар замони Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» бахшида ба 85-солагии доктори илмҳои филология, профессор Ҳомид Маҷидов конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Имрӯз (14.06.2022) дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА сафири ИМА дар Тоҷикистон Чон Марк Поммершим ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд.
Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои...
Имрӯз (13.06.2022) муовини сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Сабр ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули устодону донишҷӯён ва тақвият додани раванди забономӯзӣ суханронӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллӣ омодааст бо...
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. ҷиҳати иштирок дар
Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё: «Байналмилалигардонии илм ва таълими ҳуқуқӣ» ба Федератсияи Русия сафар намуд. Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё дар сохторҳои мухталифи...