• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 145
Имрӯз (30.06.2021) зумрае аз донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллӣ соҳиби «Шаҳодатнома»-и курси дӯзандагии назди донишгоҳ гардиданд. Тавре иттилоъ дода будем, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Шӯрои ҳамкории рушди фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар доираи лоиҳаи муштарак дар хобгоҳи №6-и донишҷӯёни донишгоҳ барои донишҷӯдухтарон Маркази дӯзандагӣ кушода шудааст. Дар маркази мазкур мутахассисони пуртаҷриба...
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя бар усули сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо  робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таъмиқу таҳким бахшид.  Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба...
Мубрамияти илмии омӯзиши сулҳ дар Тоҷикистон бо зарурияти таҳқиқи қонунмандиҳои пошхурии давлатҳои бузурги сермиллат, сабаб ва оқибатҳои чунин воқеаҳои таърихӣ алоқаманд аст. Яке аз паёмадҳои суқути давлатҳои бисёрмиллат зуҳури кишварҳои тозаистиқлол буда, ин раванд ҳамроҳ ба ташдиди низоъҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва қавмӣ сурат гирифт. Зуҳури кишварҳои ҷадидулбунёд дар Осиёи Марказӣ, ва аз он ҷумла Тоҷикистон метавон гуфт, вазъияти геополиткӣ ва геостратегиро дар минтақа ба...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Дар таърих рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки онҳо бо гузашти солҳо миёни мардум аҳамият ва мақому манзалати вижаро касб мекунанд. Агар ба таърихи гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик назар афканем, шоҳиди чунин воқеаҳо мешавем, ки...
Имрӯз (26.06.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. Дар қисми аввали чорабинӣ маърӯзаҳои ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. «Ормоне, ки ба воқеият табдил шудааст», мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикии факултети филология, дотсент Зайниддинзода М. «Ваҳдати миллӣ...
Имрӯз (25.06.2021) дар толори хурди Донишгоҳи миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” доир гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро самимона табрик...
Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ин падидаи беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти...
Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои мо – тоҷикон қутбнамое аст, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани азизамон рӯ меоварем. Мо, халқи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои...
Имрӯз (24.06.2021) дар толори Шӯрои олимони ДМТ ректори донишгоҳ, сармуҳаррири силсиламаҷаллаҳои илмии донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми ДМТ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» ва кормандони Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи донишгоҳ ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар фаъолияти илмиро аз самтҳои афзалиятноки касбии устодону муҳаққиқони донишгоҳ арзёбӣ намуда, иброз дошт,...
Дар фаҳми умум, мо ҳама ҳодисоти гузаштаро ба таърих нисбат медиҳем. Ба иттифоқи назари олимони ин соҳа, таърих маҷмӯи муносиботу ҳодисот ва таҳаввулоти олами ашё дар сатҳи иҷтимоъ аст. Муҳаррикони таърих аз рӯи ин тасаввур оммаи васеи мардум ва ҷомеаҳост, аммо мундариҷаи онро корномаҳо ва хираду заковати шахсиятҳои бузург фароҳам меоранд. Чизи дигаре, ки пайваста бо таърих тағйиру такмил мешавад,...

Эълонҳо