• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 170
Дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 10.08.2020, №116-09 бо мақсади иҷрои талаботи нақшаи таълимии амалкунандаи шуъбаи ғоибона ва шакли таҳсили фосилавӣ донишҷӯёни шакли таҳсили зикршуда ба сессияи санҷишию имтиҳонии соли таҳсили 2020-2021 даъват карда мешаванд. Ҷадвали даъвати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона ва фосилавии Донишгоҳи миллӣ ба тартиби зерин амалӣ мегардад.
 Имрӯз (28.08.2020) дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...
Раёсати ДМТ дар самти таълиму тарбияи ҷавонон имкониятҳои хуберо фароҳам сохтааст. Ин аст, ки тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҷавонон-донишҷӯён иқдомҳои некеро роҳандозӣ менамояд. Чанде қабл бо дастури ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. 2821 нафар донишҷӯ, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз фанҳои гуногун (аз 3587 фан) қарздор монда буданд, аз супоридани маблағи кредит озод карда шуданд....
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф  гувоҳӣ  медиҳад. Имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳро зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102, ки дар ноҳияи Шоҳмансури...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба...
Имрӯз (25.07.2020) дар толори калони ДМТ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ш.И., Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М.С. ва намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, инчунин, роҳбарияти чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар Шӯро вазъи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар,...
Имрӯз (15.07.2020) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2020...
        Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иттилои донишҷӯён мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал (ДДИУ) дархости донишҷӯёнро ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули академӣ барои солҳои 2020-2021 эълон менамояд.   ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ: Нимсолаи тирамоҳӣ: 1 сентябри соли 2020 - 31 декабри соли 2020. Давраи имтиҳонӣ: 14–25 декабри соли 2020.   Нимсолаи...

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛИӢ
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин...

Эълонҳо