Имрӯз (01.11.2025) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои вохӯриву мулоқотҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону кормандони воҳидҳои сохторӣ мулоқоти навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ бо устодону кормандони факултетҳои фалсафа, физика, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони бахшҳои марбута низ ҳузур доштанд. Ҷамъомад бо...
Донишҷӯён омӯзиши низоми ҳарбиро идома медиҳанд. Дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯён асосҳои низоми ҳарбиро меомӯзанд. Албатта, дар соли аввал омӯзиш то андозае душвор аст, вале шавқу рағбати донишҷӯён ба фанни ҳарбӣ боиси ифтихор ва нишондиҳандаи эҳсоси ватандӯстии онҳо мебошад. Иштироки фаъолонаи онҳо дар машғулиятҳо падидаи нек ба шумор меравад, зеро...
Имрӯз (27.10.2025) дар доираи ҳамкориҳои гуногунсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Италия ҳайати ниҳоди байналмилалӣ – Ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия Федерико Фаилла ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни боздид, вохӯрии ҳайат бо роҳбарияти сохторҳои дахлдори Донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К....
Санаи 24 ва 25 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ озмуни байналмилалии “Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ” барои омӯзгорони маҳаллии минтақаи Осиёи Марказӣ дар...
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо иштироки омӯзгори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Муқимов Муҳамади Аминович (Ҷовид Муқим) машғулиятро дар мавзуи “Таҳия ва пешниҳоди хабару гузоришҳо дар матбуоти даврӣ” барои хабарнигорони маҷаллаҳо, рӯзномаву моҳномаҳои ҳизбӣ, соҳавӣ, нашрияҳои вазорату идораҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар роҳандозӣ намуд.
Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бахшида ба эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва қабули қатъномаи...
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, таблиғи тарзи ҳаёти солим, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (24.10.2025) зимни вохӯрии муовини якуми Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳ баррасӣ гардиданд.
Ҳамоиш дар толори калони...
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия – 6-уми ноябр ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр миёни донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, устодон, кормандон, докторантони Ph.D ва доктолрантони анъанавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни умумидонишгоҳиро эълон менамояд.
Озмун аз рӯйи се номинатсия гузаронида мешавад:
1) Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ;
2) Назми беҳтарин;
Ҳукумати кишвар бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бо ибтикороти созандаашонро доимо дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд
Эмомалӣ Раҳмон















