• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 112
Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданро шиори хеш шумориданд. Хатмкунандагон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҷавонмардӣ медонанд. Имрӯз (11.05.2022) беш аз 50 нафар хатмкунандагони дигари Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Таҳти чунин унвон имрӯз (11.05.2022) дар асоси Нақшаи баргузории вохӯриҳои омӯзгорону кормандони ботаҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ нишасти тарбиявӣ бо донишҷӯёни факултетҳои геология, механика ва математика, муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белоруссия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Саидов Ҳ.М., профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети...
Имрӯз (10.05.2022) дар пояи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба муносибати 80-солагии доктори илми филология, профессор Урватулло Тоиров ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯъи «Вазни арӯз ва таҳаввули он дар шеъри форсии тоҷикӣ» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултети филология, профессор Сироҷиддини...
Имрӯз (10.05.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ-тарғиботӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, хонандагони чанде аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва ҷавонон-донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовари донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинӣ аз тамошои дастовардҳои ҳайати устодону...
Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Ба ин муносибат санаи 06.05.2022 роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии хотирмонеро баргузор намуд. Ҳайати устодону кормандон бахшида ба 77-умин солгарди Ғалаба роҳ ба сӯйи Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе пеш гирифта, бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Ҳ. ва ветеранҳои ҷангу меҳнат ва бартарафсозандагони...
Имрӯз (05.05.2022) бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз ёфт. Бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни устодону кормандони донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»...
Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои маҳбубу пурҷилои фарҳангиву адабӣ ва мардумиву миллии халқи тоҷик буда, дар таърих нақши носитурданӣ аз худ ба ёдгор гузоштаст. Аз фавти устод Мирзо Турсунзода ҳарчанд, ки солҳо зиёдтар сипарӣ шаванд, шахсият ва осори мондагори вай барои мо – имрӯзиён боз ҳам бештару беҳтар қимат пайдо мекунад, ки ин шаҳодати арзишмандии...
Принсипи пешгирикунӣ дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, саноатикунонии босуръат ва дурнамои тараққиёти саноат дар ВМКБ, воридотивазкунӣ ҳамчун воситаи тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистон, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва танзими бехатарии сармоягузорӣ аз ҷумлаи мавзӯҳое буданд, ки имрӯз (05.05.2022) аз ҷониби иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Омилҳои берунииқтисодии татбиқи...
Дар ҳамаи давру замонҳо ҳадафу мақсади аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он бунёд ва ҳифзи рӯзгори осоиштаи халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале баҳри расидан ба ин аҳдоф уқдаҳои печида ва монеаҳои ғайричашмдошт пеш меоянд, ки барои рафъи он кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз инсоният...
(Идомаи гусели хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ) Тавре иттилоъ дода будем, санаи 30.04.2022 дар фазои тантанавӣ беш аз 110 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Имрӯз (05.05.2022) аз ҳисоби хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносӣ 18 нафари дигар ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сафарбар гардиданд. Ба...

Эълонҳо