• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 125
15 декабр ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- — 2022 ( QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро нашр кард. Тибқи радабандӣ,  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни 450 донишгоҳи беҳтарин ҷойи 241-умро ишғол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)»...
Имрӯз (17.12.2021) бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, инчунин, ташаббуси кафедраи филологияи араби факултети мазкур Рӯзи байналмилалии забони арабӣ, ки ҳамасола 18-уми декабр баргузор мешавад, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сафири фавқулодда ва мухтори давлати Фаластин дар Тоҷикистон ҷаноби Луай Маҳмуд Тоҳо Исса иштирок намуд....
Аз 3-13-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт. Дастаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ аз рўйи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби...
Дар ин дунёи гузарои пурфанду фиреб тамоми меҳру муҳаббат дар бастагӣ ба ниёзу манфиатҳо бунёд ёфтааст, танҳо падару модар муҳаббати беолоиш бар фарзанд ва дур аз ҳама гуна тамаъ доранд. Падару модар аз фарзанд чизе намехоҳанд, ба ҷуз хушбахтӣ дар ҳаёту номбардори оилаву миллат будан. Модар зарра-зарра умри худро сарфи тарбияи фарзандон...
Имрӯз (14.12.2021) сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуд. Баъдан меҳмони олиқадр ҳамроҳ бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ Ректори донишгоҳ дар самти ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳ бо...
Имрӯз (13.12.2021) гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои савдои одамон, алалхусус занону кудакон Шивон Маллалли ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар аввал Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои...
Фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Имрӯз (10.12.2021) ҷаласаи маҷозӣ (онлайнӣ)-и Раёсати Институти Конфутсий баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти сохторҳои марбутаи институт, аз ҷумла Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар нишасти маҷозӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ. профессор Мирзамонзода Х.М., директори донишкадаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Ф.Қосимов ва омӯзгорони он иштироку...
Таҳти ин унвон имрӯз (10.12.2021) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамоиши ҷавонони донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯёни гирандаи Стипентияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои олимони ҷавон, раисони созмони ҷавонони факултетҳо, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», муовинони деканҳо оид ба илм ва масъулини бахшҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуданд.
Яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷаҳони мутамаддин мавҷудияти сохтори бисёрҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Баробари ба истиқлоли давлатӣ расидан ҷиҳати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зарурат пеш омад, ки дар доираи Қонуни асосӣ сохтори бисёрҳизбӣ ташаккул ва рушд дода шавад. Ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ заминаи ташаккули...

Эълонҳо