НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР УСТУВОРИИ ҲАЁТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА

602

Соли равон аз замони баргузории Анҷумани саодати миллат – Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи навини давлатдори тоҷикон ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз ва сарнавиштсоз унвон мешавад, 30 сол пур мешавад.

Агар қабули як зумра санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқии ибтидои солҳои навадуми садсолаи гузашта, аз ҷумла Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва қарорҳои дахлдори Шурои Олии мамлакат аз 9 сентябри соли 1991 расман барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда бошанд, вале дар асл оғози давлатдории навини миллии тоҷикон дар замони соҳибихтиёрӣ бо маънои томаш аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ сарчашма мегирад.

Дар иҷлосяи мазкур як силсила қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсозе қабул шуданд, ки минбаъд дар самти бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.

Яке аз дастовардҳои бузург ва беназири иҷлосияи мазкур ин зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, ҳуввияти баланди миллидошта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон аст.

Дар робита ба аҳамияти таърихии иҷлосияи мазкур Академики Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ чунин иброз менамоянд: «Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рўҳи қавии миллӣ, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт» (Раҳимӣ Фарҳод. Иҷлосяи XVI Шўрои Олӣ заминаи давлатсозии навини миллӣ // Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгарди иҷлосия). Маҷмўаи мақолаҳо. Зери таҳрири Ф.Раҳимӣ ва дигарон.Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”. 2017. С.41.).

Ба андешаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бошад: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаёти сиёсӣ дар пайдоиш ва ташаккули арзишҳои фарҳангӣ ҳуқуқӣ, аз қабили давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, соҳибихтиёр, ҷумҳурии президентӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкории хусусӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, парламентаризм, мустақилияти ҳокимияти судӣ, худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар замони Шўравӣ ҷой надоштанд, нақши ҳалкунанда дорад” (Насриддинзода Э.С. Фарҳанги ҳуқуқӣ. – Душанбе: «Эр-граф», 2016. 316 с. С. 128)

Бе тардид, бояд эътироф кард, ки тамоми дастовардҳои Ватани маҳбубамон дар масири солҳои Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ бевосита ба хизматҳои арзандаву беназир ва кушишу талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат иртибот доранд. Лозим ба таъкид аст, ки сокинони сарбаланду меҳнатқарини кишвар ва халқи шарафманди тоҷик бо дастгирӣ ва пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаву бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва истеҳсолӣ ноил гаштаанд.

Хурсандибахш аст, ки хизматҳои беназири шахсияти барҷастаи таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи давлатдори миллӣ, аз ҷониби як зумра олимону муҳаққиқони ватанӣ ҳамчун рамзи қадршиносӣ дар осори арзишманд ва сарчашмаҳои муътамади илмӣ инъикос ёфтааст.

Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор А.Ғ.Холиқзода аст, ки дар пайвандӣ ба хизматҳои таърихи Сарвари давлат чунин менависад: «Агар Рудакӣ адабиёти порсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромўшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, алома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихи халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид карда бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, коҳи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор кард, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кушишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи кадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард» (Холиқзода А.Ғ. ва дигарон. Пешво ва мактаби давлатдорӣ (Пешвои миллат – поягузори давлати миллӣ) –Хуҷанд: Ношир, 2022. – 512 с. С. 95-96.)

Мувофиқи нуқтаи назари доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид таҳаввулоту рушди бемайлоне, ки имрўз ҷомеаи мо пушти сар менамояд, аслан тавассути амалигардонии он иқдомҳои сиёсие воқеӣ гардиданд, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллатамон, ҳанўз аз солҳои аввали ба мақоми Савари давлати тоҷикон пазируфта шуданашон андешида шуда, бомаром татбиқ шуданд (Саид Н.С. Иҷлосияи таърихӣ ва интихоби сарнавиштсоз // Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгарди иҷлосия). Маҷмўаи мақолаҳо. Зери таҳрири Ф.Раҳимӣ ва дигарон.Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”. 2017. С.48.)

Дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ бо азму талош ва иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҳуқуқии кишвар дастовардҳои азим ба вуқуъ пайвастанд. Аз ин рў, ба хотири арҷгузорӣ ба рўзи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” дар Ватани азизамон рўзи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад, зарур мешуморем, то қатрае аз хизматҳои беканори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самт эҳё ва устувории ҳаёти ҳуқуқи ҷомеа манзури хонандагон гардонем.

Яке аз хизматҳои беназири Сарвари давлат дар заминаи қарорҳои таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз мусоидат намудан ба ҳайси роҳбари гуруҳи корӣ ин таҳия ва омода кардани лоиҳаи Констситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо дастгирии аксарияти шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули он аз дастовардҳои дигари бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб меёбад. Зеро Конститутсияи кишвар дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян карда, тамоми орзуву ормон ва ҳуввияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароҳам овард.

Хизмати дигари таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мусоидат намудан ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз баргузории чандин даври музокирот ва гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Москва, Теҳрон ва Ҳусдеҳи Афғонистон миёни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии нозирони байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия созишномаи мазкур ба имзо расонида шуд. Ба имзо расидани созишномаи мазкур як гардиши куллиеро дар роҳи расидан ба ваҳдати сартосарӣ, таъмини сулҳи деринтизор ва амалисозии ислоҳотҳои низоми давлатдорӣ рўйи кор овард. Хизмати бузурги роҳбари давлат дар он буд, ки ҳамаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон таҳти роҳбарии бевоситаи ў сурат мегирифт.

Ҳамзамон рўйдоди дигари муҳими ҳаёти ҳуқуқии кишвар, ки дар саргаҳи ташаккули он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ин амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар буд. Бо дарназардошти зарурат ва ба талаботи рушди замон ва набзи ҷомеа мувофиқ гардонидани воқеияти ҳаёти ҳуқуқиву сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ карда шуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағироту иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои воридкардашуда барои ҳифзи манфиатҳои миллат, давлати тоҷикон ва таъмину амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароитҳои арзандаро ба миён оварданд. Мазмуну моҳияти тағйироту иловаҳоро ба Қонуни асосии кишвар, пеш аз ҳама таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ; таъмини рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа; баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагониии мардум; мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо; таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ; мутобиқ гардонидани матни Конститутсия ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медоданд.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа бо туфайли ба роҳ мондани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ низ назаррас аст. Дар замони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти масъули давлатӣ низ бо дарназардошти рушди муносибатњои ҷамъиятӣ, мувофиқ гардонидани дигаргуниҳо ба набзи ҷомеа густариш ёфта, дар ин миён садҳо қонунҳое қабул шудаанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, зиндагонии арзанда ва пурнишоти сокинони кишвар ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ба по мондани низоми нави ҳуқуқии кишвар шароит фароҳам оварданд.

Имрўз бо боварии комил метавон гуфт, ки мақомоти қонунгузории кишвар таҳти роҳбарии маънавӣ ва ҳидоятҳои сиёсии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тайи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад. Имрўз ин низоми мустақили ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи кишвар, 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс, 18 қонуни авф, 1 авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунгардонии маблағҳояшон, 29 қонуни буҷет, 17 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 50 Конвенсияҳо, 923 шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ, 370 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 20 ҳазор қарорҳои Ҳукумат қомат афрохтааст. Дар ин миён 3 кодекс ва зиёда аз 110 санадҳои қонугузорӣ вазифаҳои даври худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шудаанд (Холиқзода А.Ғ., Шарифзода М.М., Шосаидзода Ш.Ш. Пешво ва мактаби давлатдорӣ (Пешвои миллат – поягузори давлати миллӣ)- Хуҷанд: Ношир,2022. – 512 с. С.275-276.)

Бо шукргузорӣ аз самараву баракати Истиқлоли давлатӣ, дар натиҷаи ибтикороти пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва роҳандозӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулҳу ваҳдати комил, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва боло бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои бузург амалӣ шуда истодаанд.

Саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ шоистаи таъкиди махсусанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа қонунҳое таҳия ва қабул карда шуданд, ки қаблан дар амалияи ҳуқуқтатбиқкунии кишвар назир надошта, онҳо маҳсули тафаккур ва шуури миллианд. Ба мисоли ин қонунҳои миллӣ, метавон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ном бурд.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳаёти халқи тоҷик таҳаввулоти ҷиддиро ба миён овард, ки ҳадафи он пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи исроф, ки ба манфиатњои иқтисодӣ ва фазои маънавии хаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамуд, иборат аст. Меъёрҳои қонун дар замони амали худ ба ҳар як хонадони сокини кишварамон роҳ ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фарҳанги рўзгори мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд (Ниг.: Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол. – Душанбе: “Ганҷ-нашриёт”, 2018. – 346 сањ. С.320-354.).

Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо мақсади пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарњангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул шуда, дар ин самт дар ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба миён овард.

Маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ў мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, падидаи мазкур танзими ҳуқуқии худро пайдо кард». Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 – “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст”.

Бо фармони Президенти Љумњурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, № 1005 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2018 қабул гардид, он низ аз рўйдодҳои муҳими ҳаёти ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Консепсия ба маврид ишора шудааст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Дар робита ба ин масъала ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мувофиќи консепсия вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф шудаанд. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии кишвар дурнамои рушди низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро нек тарҳрезӣ намудааст.

Боиси сарфарозию шодмонист, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни шукўҳманди Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябри соли 2013 чунин изҳор дошта буданд: “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи суботи пойдори Ватанам, сарҷамъи миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам”.

Гузашти солҳо собитқадамона собит намуданд, ки ҳар он чизеро ки Президенти мамлакат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фаррохтар ва бештар аз он иҷро намуданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бо камоли эҳтирому ихлосмандӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри иҷрои вазифаи бузург ва мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи пешрафти Ватани азизу маҳбубамон сиҳатмандии комил, саодати рўзгор ва барори корро орзу дорам.

Кабутов Эраҷ Давламатович,Дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ