ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН

402

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории тоҷикон як саҳифаи навро боз намуда, дар умум барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаҳои муносиби ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард.

Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар Иҷлосияи мазкур як қатор санадҳои тақдирсоз қабул гардиданд, ки минбаъд барои таъмини пешрафти босуботи Тоҷикистони азиз хизмати мондагорро анҷом доданд. Яке за дастовардҳои бузурги Иҷлосия дар он зоҳир мегардад, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки минбаъд дар заминаи ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи он замон амалкунанда Раиси Шурои Олӣ ҳамчун Сардори давлат эълон карда шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат ваколатҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, ба халқи Тоҷикистон замина ба ояндаи дурахшонро фароҳам овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар рўзҳои баргузории Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ 26 ноябри соли 1992 Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ қабул карда шуд, ки он ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Аз ҷумла, дар изҳорот зикр гардида буд, ки «Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд».

Дар замони бӯҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Аҳамияти қарорҳои дар ичлосия қабулгардида (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра) бағоят бузург буда, онҳо дар пешрафти давлатдории тоҷикон заминаи мустаҳкам гузоштанд. Масъалаи мазкур борҳо дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат таъкид шудаанд.

Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.

Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд (Раҳмон Набиев собиқ Президенти Тоҷикистон дар иҷлосия баромад намуда аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд). Дар лоиҳаи қарор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пешбинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент минбаъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда шавад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пешниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро ташкил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Барҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва воситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳисобида буд.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Пурзур шудани мақомоти сохтори ҳокимияти қонунӣ тавонист дар асоси татбиқи талаботи Конститутсия ва қонунҳои қабулгардида низоми комилро дар мамлакат таъмин намояд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар доираи ваколаташ қонунҳои зиёде қабул кард, ки аксари онҳо ба таҷдиди назар ва такмили ҷиддӣ эҳтиёҷ доштанд. Зарур буд, ки пеш аз ҳама, қонунҳои конститутсионӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Мувофиқи Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва татбиқи амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин самт кори такмили қонунгузорӣ ва таҳияи қонунҳои нави вобаста ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар мавқеи аввал меистод.

Санадҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, қонунҳо дар бораи силоҳ, дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар навбати аввал таҳия ва қабул карда шуданд.

Барои пурра ба эътидол овардани вазъият роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, низоми судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд. Қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии халқ», «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа» аз ҷониби мақоми олии қонунгузор баррасӣ ва қабул шуданд. Дар ҷумҳурӣ асоси ҳуқуқии таъсиси ҳам мақоми намояндагӣ – Маҷлиси Олӣ ба сифати ягона мақоми қонунгузор ва ҳам мақомоти маҳаллӣ ба вуҷуд омад.

Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз бо дарназардошти арзишу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутаммаддини дунё, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату анъанаҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул шуда, дурнамои инкишофу пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

Иҷлосияи XVI (даъвати дувоздаҳум) ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Дар Иҷлосия 74 номгӯй қарору қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқи баррасӣ ва қабул шуданд, ки рушди минбаъдаи ҷумҳуриро муайян намуданд.

Соли 1999 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бартарии Парламенти касбӣ, ки он имконияти беҳбудии қонунҳои қабулшаванда ва пурра ифода шудани манфиати ҳудудҳои алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоиро медод, сохтори Парламенти думаҷлиса муайян гардид, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қонунгузор қонунҳое таҳия месозад, ки онҳо бояд аз тарафи Ҳукумат татбиқи амалии худро ёбанд. Парламент дар таъйин кардани шахсони мансабдори мамлакат иштирок мекунад. Ин салоҳият мувозинаест, ки тавозуни ҳокимиятро таъмин менамояд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳақиқатан қонунгузор ва намояндагӣ, ифодагари манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷамъият зуҳур намуд.

Хушбахтона, парламенти касбӣ аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт.

Гувоҳи ин гуфта қабул кардани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиву меъёрии муҳиме мебошанд, ки аз ҷониби намояндагони мардумӣ мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд. Парламенти имрӯзаи Тоҷикистон намунаи демократизми муосир аст, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун, фраксия ва гурӯҳҳои вакилон амал мекунанд.

Фаъолияти Маҷлиси Олӣ собит намуд, ки чунин сохтори ҳокимияти қонунгузор ҷавобгӯйи манфиатҳои ҷомеа ва кишвар буда, барои сари вақт қабул кардани қонунҳо ва бо тақозои пешрафти ҳаёти кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ ба қонунҳои мавҷуда имкониятҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар тавонист такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро таъмин намояд. Қонунҳои қабулшуда масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим дароварда, ба густариши ботадриҷ Тоҷикистонро сӯи ҷомеаи мутамаддини муосир ҳидоят намуданд.

Қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳалаи муҳимтарин гардид. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд. Бо мақсади кафолати татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ Суди конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он мувофиқ будан ё набудани санадҳои меъёриву ҳуқуқиро бо Конститутсия муайян мекунад ва дар фаъолияташ аз ягон мақоми дигар вобаста нест.

Қабули қарорҳои тақдирсози иҷлосия дар рушди мақомоти прокуратура низ саҳми калон дорад. Мақомоти Прокуратура дар оини давлатдорӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор рафта, пеш аз ҳама, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Прокуратура аз рӯйи ваколатҳои конститутсионии худ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи махсус дорад. Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро маҳз ҳамин сохтор назорат мекунад. Ин мақомот новобаста аз вазъи душвор дар мустаҳкам намудани қонунияту тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва мӯътадил гардонидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ саҳми муносиб мегузорад. Барои амалӣ гаштани фаъолияти қонунии мақомоти Прокуратура заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Прокуратура симои давлат буда, табиист, ки аз фаъолияти самараноку одилонаи кормандони прокурорӣ боварию эътимоди мардум ба давлат меафзояд. Дар шароити афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат табиист, ки масъулияти мақомоти прокуратура дар самти таъмини мустақилият ва соҳибихтиёрии давлат ва дахлнопазирии ҳудуди он меафзояд. Танҳо дар зарфи 31-соли истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти зарурат ва тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ се маротиба (солҳои 1992, 1996 ва 2005) оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура қонунҳои алоҳида қабул карда шуданнд. Мавриди зикр хос аст, ки прокуратура ҳамчун мақомоти мустақили давлатӣ дар сохтори давлатии Тоҷикистон мавқеи хосса ва шоистаро касб намуда, дар масири 31-соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хизматҳои арзанда ва назаррасро анҷом додааст.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар низоми судии ҷумҳурӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналхалқӣ мутобиқ гардонида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд.

Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад хотирнишон сохт, ки масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо дар Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дорад. Зеро таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё, омузиш ва таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низомҳои пешрафтаи ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муҳимтарин масъала ва баҳсҳои ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иртибот доранд, аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.

Дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳким бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010»; аз 3 январи соли 2011, таҳти № 976 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013»; аз 5-уми январи соли 2015, таҳти № 327 “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳукуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017” ва аз 19 апрели соли 2019, № 1242 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор карда шуданд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид ва дар маҷмуъ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Аз ин рў, бо итминони комил қайд кардан ба маврид аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз намуда, дар таъсис ва мустаҳкам гардонидани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва иҷтимоиву дунявӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҷалолов Холиқ Ғайбуллоевич Дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ