ИБТИДОИ САОДАТИ МИЛЛАТ

356

«Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Се сол қабл бо яке аз ҳамсафони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввал, дар он рӯзҳои ниҳоят вазнину душвор суҳбат доштам. Чун дар остонаи солгарди Иҷлосияи таърихӣ қарор доштем, иброз намуд, ки имрӯз пас аз гузашти солҳо ва сипарӣ шудани он рӯзҳои даҳшатнок, бо гузашти умр ман барои худ хулоса мекунам, ки асоси наҷоти миллати сарбаланди мо ва ҳама дастовардҳои имрӯза дилу нияти пок ва ҷасорати беназири Президенти муҳтарами мамлакат аст. Сидқ, самимият ва ростии Эмомалӣ Раҳмон моро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Ҳастии ӯ бахти миллати мост.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, чунин унвон додан барҳақ аст, зеро баёнгари ҳақиқату воқеият мебошад. Он воқеан, анҷумани саодати халқу миллати сарбаланду шарафманди мост, чун муъҷизае, ки аз ҳазорон дарду маҳрумиятҳои дарозои таърих халқи моро раҳо бахшида буд, боз ҳам сароғози тавлид ва эҳёи дубораи давлату давлатдории миллии мо гардид.

Вазъияту ҳолати он замон таърихи дуру дарозе нест, ки фаромӯш шавад. Барои саҳифаҳои таърих хеле муддати кӯтоҳест, ки ҳамакнун 30 сол пур мешавад. Аммо сарнавиштсозии он асрҳои аср барои мардуми мо боқӣ хоҳад монд, чунки маҳз ҳамин иҷлосия ба давлату давлатдории миллии мо, ки аз байн рафта буд, аз нав асоси қонунӣ гузошт ва абармардеро ба роҳбарии давлат овард, ки нақши таърихии ӯ дар сарнавишти миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

Имрӯз дар чунин шароити орому осуда ва босубот дар бораи он рӯзҳо ҳарф задан осон аст, аммо тасаввури он вазъият ҳолате даҳшатнокеро пеши назар ҷилвагар месозад. Воқеан ҳам, даҳшат аст, зеро хавфу хатари аз байн рафтани давлати миллӣ амри воқеӣ шуда буд ва ба ояндаи он ҳеҷ ҳам умеде намонда буд. Сарнавишти халқ ҳам ки ба оташи беамони ҷанги бародаркуш кашида шуда буд, номаълум боқӣ мемонд…

Таърихӣ ва сарнавиштсоз ном бурдани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳам маҳз ба ҳамин хотир аст, ки дар чунин шароити ҳассос ва ниҳоят душвор баргузор шуд ва барои пойдории давлати тозаистиқлол заминаҳои қонунӣ гузошт ва муҳимтар аз ҳама, Сарвареро интихоб кард, ки барои амалишавии роҳу тадбирҳои интихобкардаи иҷлосия содиқона камари ҳиммат баст.

Мо огоҳ ҳастем, ки то замони баргузории иҷлосияи таърихӣ чун вазъи кишвар муташанниҷ гардида буд, чанд ҷаласаву иҷлосия баргузор шуда буд, роҳбарият иваз ва қарорҳои дахлдор қабул гардида буданд, аммо бинобар бесалоҳиятӣ ва дуруст сарфаҳм нарафтани вазъият, ғараздориҳо аз ҷониби роҳбарони интихобшуда вазъ аз буда бадтар гардид ва кишвар ба гирдоби балои ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Муҳиммияти иҷлосияи таърихии 16-умро ҳамин нукта таъкид мекунад, ки алакай дар замони баргузории он кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Ҳамин ки дар пойтахт имкони баргузории он вуҷуд надошт, гувоҳи ҳолат аст…

Воқеан ҳам, саодати беназири миллат аст, ки ин иҷлосия баргузор шуд ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарии кишвар овард. Ҳақиқати ҳаёту таърих аст, ки чунин интихоб рамзи бахти миллат гардид.

Ин нуктаро ҳам медонем, ки дар он вазъият аксарият, ҳатто дар ҳамон иҷлосия буданд нафароне, ки ба натиҷаҳои қарору қонунҳои дар иҷлосия қабулшуда, ба ояндаи фаъолияти раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон, роҳбари давлат маҳсуб меёфт, бовар надоштанд, умри онро беш аз ду ҳафта намедонистанд.

Бахти миллат ҳам ҳамин аст, ки Роҳбари давлат хеле ором ва боэътимод ҳарф зад: “Танҳо як орзу дорам: Сулҳ. Ман ба хиради азалии мардуми бузурги худ бовар дорам. Боварӣ дорам, ки роҳи баромадан аз вазъияти душворро пайдо хоҳем кард ва ба сулҳу салоҳ, тинҷию оромӣ мерасем…” ва ба суханони худ содиқ монд.

Имрӯз вақте мегӯем, мо ба ин сулҳу суботи комил бо талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат расидем, воқеан ҳолатеро тасаввур мекунем, ки ниҳояти қаҳрамонӣ ва ҷонфидоист. Дар сурате, ки хавфи ҷиддӣ ба ҷонаш таҳдид мекард ва ҳеҷ гуна таъмини амният кафолат дода намешуд, ба минтақаҳои дар оташи ҷанг сӯхтаистодаи кишвар ва ба Афғонистон сафарҳо кардани Сарвари давлат гувоҳ аст, ки мо ба бузургии ин абармарди таърихӣ бори дигар арзи эҳтиром ба ҷо оварем ва шукронаи суботу амнияти кишвари азизи хеш ва ваҳдату муттаҳидии мардуми сарбаланди онро дошта бошем.

Хушдил РАҲИМҶОН, муаллими кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ