ДАВЛАТМАРДЕ, КИ АЗ УСТУРАҲО ВОҚЕИЯТ СОХТ…

265

Таърихи оламро дар асотир маҷмуан ба Шарқу Ғарб, сарзаминҳои тулуъ ва ғуруби хуршед ҷудо мекарданд: ба мулкҳои наздики тулуи хуршед бо як олам ҳавас менигаристанд, дар он қаламравҳо ободиву гармиву ҳосилро тасаввур мекарданд… Беҳуда нест, ки дар парчами Ҷопон тибқи ҳамин маънои устура акси хуршед асту халос. Таъбири “Шарқ хеле нозук аст” миёни уламои ҷомеашиноси Ғарб маъруф аст, онҳо дар пешгӯӣ кардани хеле фарзияҳо аз эҳтиёт кор мегиранд, аз таҳаввулоти ғайриинтизори ин минтақа мудом дар ҳайрат мемонанд…

Тибқи мазмуни асотире, ки дар аксар мамолики шарқӣ зеҳни мардумро аз қадим машғул медошт, низоми оламро аносири зерини халлоқият – адолату тартибот (дар Мисри Бостон), ҳукми қонун барои нигаҳдошти мувозинат миёни зӯроварону бечорагон (дар Ҳинди Қадим), ҳукумат кардан ба хотири ҳифзи ятимону бесарпарастон (Бобулистон), пиндору рафтору гуфтори нек (Ориёи аҳди Зардуҳишт) бояд таъмин мекард. Дар умум ҳама устураҳо ба мардум роҳу василаҳои сохтани ҷомеаҳои ободи иборат аз мардумони озодро нишон медоданд.

Сарчашмаи беҳтарин идея ва таълимотҳои назарии илмӣ дар мавриди таъмини дунёи бехатар, оламе, ки ҷумлаи муносиботи башарӣ танҳо аз раҳи адолату инсоф, эҳтироми ҳаққи ҳамдигар ва эътирофи шаъну эътибори қавму миллатҳо ва кишварҳо танзим шуда бошад, маҳз ҳамин устураҳо будаанд. Бо ташаккул ёфтани фарҳангҳо, ки масоили ахлоқиву маънавӣ ва забону расму анъанотро ба миён оварданд ва баъдан тамаддунҳои нав, ки воситаҳои беҳ кардани зиндагии модии башариятро тақвият доданд, аҳаммият ва мақоми зиндагии босаодати инсонҳо дар ин кураи хокӣ заррае кам нашуд, баръакс, хеле ҷиддитар гардид. Махсусан, масъалаи ҳаққи ҳар қавм ва ҳар кишвар барои интихоби роҳи худаш дар таъмини зиндагонӣ.

Аз ин нуқтаи назар, таърих бераҳмтарин сарнавиштро барои тоҷикон, ба қавли устод Айнӣ, “қавми муаззами тоҷик”, ки меросбари фарҳанги беш аз шашҳазорсола аз қавми ориёиҳои бостон то замони Сомониён буданд, раво дидааст: сарнавишти талх мардумеро, ки барои тамоми олам ва кулли инсоният тамаддун офарида буд, аз ҳукумат кардан дар сарзамини худаш маҳрум кард, ғосибон бо дороиҳои маънавию фарҳангии ин мардуми илму ҳунар мақому иззат ёфтанд…

Баъди ҳазор соли парешонӣ, дар садаи XX-ум боз як хавфи азим – маҳрум шудан аз як пора хоки ватан ба миллати тоҷик таҳдид кард. Билохира, як гӯшаи кӯҳсори Бухорои Шарқӣ насиби ин миллат шуд ва агар ҷонфидоии бархе мардони боҷасорати ин қавм намебуд, аз ҳамин макони дурдаст ҳам маҳрум мемондем…

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли ватан ва 70-умин солгарди умри бобаракати раҳбару раҳнамои салимулфитраву азимулфикрати ин меҳану ин миллати бузург муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкиди ин нукта шарт аст, ки сарнавишт ба ҳоли кишваре ва миллате шафқат надорад, агар он қавму миллат дар андешаи худаш набошад. Дар охирин маърузаи Пешвои муаззами миллат ба ифтихори Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббӣ ҳамин нукта чанд маротиба садо дод: дунё ҳар лаҳза тағйир меёбад ва барои мардуме, ки дар фикри саодати хеш ва ободии ватанаш нест, хатарҳои зиёде таҳдид мекунад… Ин ҳушдори Сарвари давлат хулосаи ҳаводиси рӯзгори имрӯзаи ҷаҳон аст, ки тақсими нави дунёро дар пай дорад…

Дар ҳар сухан ва ишораи Сарвари давлат ҷавҳари маъно нуҳуфтааст: дар ҳама ҳолат ин ҷавҳар ба як самт майл дорад – таъмини зиндагии бехатару осуда ва сазовору шоиста барои мардум. Зиндагие, ки барои хурду бузург, пиру барно ҳам қаноатмандӣ дар ин ватан ва ҳам ифтихори зиндагӣ дар ин сарзаминро ба вуҷуд биёрад, яъне эҳсоси наҷиби ватандорӣ ва андешаи ба насли оянда саломат вогузоштани он.

Ин навъи эҳсос ва ин гуна зиндагиро танҳо дар натиҷаи сиёсате метавон таъмин кард, ки дарунмояаш аз заковату фитрат ва хиради дар таҷриба сайқалшуда иборат бошад. Маҳз ҳамин гуна сиёсат ҳамеша орзуи андешамандону мутафаккирони маъруфи мо буд ва доиман дар кутуби панду андарз ва илму фарҳанги гузаштагонамон таъкид мешуд.

Аз сиёсат низом ёбад мулк,

Бе сиёсат халалпазир бувад.

Насақи корҳои оламро,

Аз сиёсат ногузир бувад…

Ин сатрҳо аз Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар боби сиёсат аст ва ин бузургмарди олами ирфону калом бар ин ақида буд, ки «мадори олам бар сиёсат аст». Асоси сиёсатро Кошифӣ бар адлу дод, ғами раъият хӯрдан ва бунёди корҳоро бар хираду фаросату дониш рост кардан медонист. Паҳлуҳои гуногуни сиёсати шаҳриёронро дигар бузургони адабу фарҳанги мо, аз ҷумла Фирдавсию Низомӣ ва Ҷомиву Саъдӣ низ шарҳу тафсир кардаанд.

Барои Пешвои муаззами миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз давраи эҳёи давлатдории нав ҳамин сиёсати ба хирадмандӣ таркибёфта асоси раҳбарӣ буд ва то кунун мардуми шарифи Тоҷикистон аз натиҷаҳои ин сиёсат зиндагии тинҷу осуда ва рифоҳу осоишро дарёфт кардаанд. Бар иловаи он ки тамоми рукнҳои сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Пешвои миллат дар асоси барномаву консепсияҳои илман таҳқиқшуда мураттаб шудааст, Сарвари давлат бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, рафтору амалҳои ибратомӯз барои дигарон ташаббусу ибтикороте ба кор мебаранд, ки аз ҷоннисорӣ ва сидқу вафои ӯ ба мардуми азизаш гувоҳӣ медиҳанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб ба ёд дорад, ки чӣ гуна дар вазъи пурдаҳшат, вақте ки дар Афғонистон ба маънои томаш ҷанг мерафт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хусдеҳи Афғонистон барои музокираи сулҳ рафта буд. Бо ин рафтори ғайримуқаррарӣ исбот кард, ки дар роҳи сулҳу осудагии халқаш аз баҳри ҷонаш ҳам мегузарад…

Аз он ки ятимонро менавозад ва камбизоатонро дастгирӣ мекунад, раҳму шафқат ва ботини пок доштанашро ба исбот мерасонад.

Дигар хислати Сарвари давлат дар рӯзҳои авҷи вируси нав, беморие, ки анқариб тамоми ҷаҳонро ба даҳшат овард, аён шуда буд, ки онро танҳо ҷасорат номидан равост. Ҷасорате, ки хоси мардони далеру нотарс ва шахсиятҳои оқилу доност. Ҷасорате, ки дар он меҳру муҳаббату садоқат ба халқу кишвар ва ватани азизаш нуҳуфта аст. Дар вазъияте, ки кулли раҳбарони кишварҳои олам тавассути масофагириҳо, ҳатто, аз кормандони дастгоҳҳояшон, дар ҳуҷраҳои корӣ танҳо нишаста, кишварҳояшонро идора мекарданд, Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба мардум овард, ба минтақаҳо сафар карда, аз вазъи киштукор, ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи оқилонаи замин огоҳ шуд…

Бузурге фармуда, ки «таърих ду қонунро мепазирад, яке рақамҳои бузург ва дигаре – шахсиятҳои беназир». Ин сухани басо муносиб ба воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон, сарчашмаву омилҳои таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодиву иҷтимоии 31 соли ахири кишвари мо рост меояд.

Дарвоқеъ, татбиқи рисолати мардумсолорӣ дар дохили мамлакат, сиёсати дарҳои кушода бо назардошти манфиатҳои миллӣ барои муомилот дар арсаи байналмилалӣ, узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат, мавқеи кишвари ташаббускорро касб кардани Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳон роҷеъ ба об ва захираҳои об, бо истифода аз ҳофизаи таърихии миллат пайиҳам баргузор намудани ҷашнвораҳои бузургони адабу фарҳанг ва илму андеша ба хотири истеҳком бахшидани бинои худшиносии миллӣ, мураттаб намудани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ бо ҳадафи барҳам задани таассубу хурофот, силсилаи ибтикорот оид ба фарҳанги техникӣ, эҳё ва густариш додани арзишҳои оилавӣ ба хотири нигаҳдошти ҷавҳари бунёдии миллат як қисмати маҳдуди он амалкардҳое ҳастанд, ки ба ном ва фаъолияти бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи бевосита доранд.

Ҳоло миёни мардум ва сарвари мардум, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ончунон робитаи маънавие ба вуҷуд омадааст, ки ягон падидаву рухдоди мансуб ба Пешвои миллат аз ҷониби мардум сарфи назар намешавад ва инро ваҳдати ҷомеаву давлат меноманд. Ҷашни Истиқлоле, ки ватани моро 31 сол боз чун сипар дар дунёи пурҳаводис нигаҳ медорад, ҳамасола эҳсоси мардумро ба азиз донистани арзиши ватандорӣ тақвият мебахшад.Дар паҳлуи ин ҷашн рӯзи мубораки дигар – рӯзи мавлуди Пешвои миллат таҷлил мешавад, ки санаи басо хотирафрӯз барои сокинони кишвар аст. Имсол Пешвои муаззами миллат ба синни ҳафтод қадам мениҳанд, ки ин рақам дар урфи миллии мо зинаи камолу авҷи ҷамол ва неруи созандагии ҳар инсон аст. Агар чунин тасаввуре дар мазраи андеша сохтан имконпазир бошад, пас, месазад гуфт, ки давраи камолоти Сарвари давлат ба марҳилаи рушди устувор ва марҳилаи таҳаввулоти Тоҷикистон дар ҳама сатҳу соҳаҳои зиндагӣ рост омадааст. Ҳикматшиносон чунин ҳамгироии шахсиятро бо ватан, маҳбубияти сарварро назди мардум ва давлату миллатро назди сарвар аз хосияти харизматикии раҳбари давлат, яъне ниҳоят пазирову бонуфуз дар пояи муҳаббат меноманд.

Аз нигоҳи каломи бадеъ чунин ваҳдати комил рамзи пурғунҷоиши ягона донистану тасаввур намудани роҳбари давлат бо худи давлат аст, ончунон ки устод Мирзо Турсунзода садоқати хешро дар мисраи зебои «ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо ватан будам» ифода мекард. Оре, Турсунзода беҳтарин вассофи ватан буд, аммо он ватан дар ҳоли осудаву амн ва дар паноҳи кишвари дигаре қарор дошт. Ҷумлаи адибону қаламкашон ва аҳли илми диёр назди Сарвари давлат қарздоранд, чун ба таври воқеӣ корномаҳои ин давлатмард ҷиҳати наҷоти ватану миллат ва эҳёи давлатдории миллӣ то кунун ба таври комил таҳқиқу рӯйи коғаз наомадааст…

Мутафаккире фармуда, ки ҳаёти одамони бузург мазмуни таърихро фароҳам месозад. Ин андеша ба таври комил ба зиндагиномаи Пешвои миллат, ки беҳтарин марҳалаи умрашон ба ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёту мамоти Тоҷикистон – наҷоти истиқлоли ҷумҳурӣ бо қатъи ҷанги дохилӣ, фароҳам овардани сулҳу субот, дар муддати каме бештар аз 10 сол таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, аз бунбасти иртиботӣ раҳо кардани кишвар, асос гузоштан ба сиёсати «дарҳои боз», ки таваҷҷуҳи кулли кишварҳои Шарқу Ғарбро ба Тоҷикистон бедор кард, таъмини сартосарии салоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, бунёд гузоштан ба идеяи миллӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи он, ки поя бар ватандӯстӣ ва ватангароии сирф миллии тоҷикӣ дорад ва ниҳоятан – тавассути қонунҳои миллии масъулияти волидон ва танзими расму оинҳо бо истифодаи арзишҳои бунёдии ақлониву маърифатӣ ва динию фарҳангӣ, хираду заковати мардумӣ анҷом додани як инқилоби бузурги фарҳангӣ масраф шудааст.

Он масъалаву муаммоҳое, ки дар боло зикр шуд, бемуболиға, фаъолияти гурӯҳ-гурӯҳ нухбагони баъзе кишварҳост. Ҳоло расм шудааст, ки корномаҳои Пешвои миллати тоҷикро бо чанде аз шахсиятҳои эътирофшудаи миллӣ – Маҳатма Ганди, Шарл де Голл, Дэн Сяопин, Франклин Рузвелт, Ли Куан Ю, Махатхир Муҳаммад ва дигарон ташбеҳ мекунанд. Аммо ба андешаи мо, пешвоёни мазкур дар ҳолеву воқеияте фаъолият кардаанд, ки он кишварҳо сохти иҷтимоиву сиёсии ташаккулёфта доштанд, он бузургон болосохти ҷомеаҳоро тағйир ва маҷрои дурусти рушдро пайдо карданд.

Хидмати беназири раҳбари Тоҷикистон дар тафовут аз он кишварҳо ва аз он бузургон ин аст, ки Тоҷикистони дар вартаи нобудӣ қарордоштаро, мисли он ки киштии шикастаеро аз баҳр бурун меоранд, наҷот доданд ва аз ҳадди сифр давлати миллие бунёд гузоштанд, ки имрӯз аз нигоҳи амнияту шукуфоӣ ангуштнамои Осиёи Марказист. Ин фаъолият сарнавишти боғбонеро мемонад, ки танҳо ниҳолаке дар каф дорад, аз он ниҳол чӣ дарахте мерӯяд ва чӣ гуна ҳосил ба даст меояд, танҳо ва танҳо ба заҳмату машаққати боғбон бастагӣ дорад.

«Як нафар хеле беҳтар метавонад ирода ва рӯҳияи мардумро нисбат ба сарҷамъии он миллат ифода кунад», навиштааст бузурге. Ин гуфтор низ пурра ба зиндагинома ва ибтикороти Сарвари давлати тоҷикон мувофиқ аст. Дуруст ифода карда тавонистани иродаву рӯҳияи мардум ба он шахсияте даст медиҳад, ки аз марзу бум ва решаву бунёди ҳамон миллат рӯйида бошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон хеле бамаврид гуфтаанд: «Арҷгузорӣ ба гузашта як боли мо ва хизматҳои имрӯзаи мо ба хотири ободии Ватани аҷдодӣ боли дигари мост».

Дар ин ҷумла ду самти рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон манзур аст: ҳикмати гузаштагонро дар хидмати имрӯзиён гузоштан ва барои фардои нек аз имрӯз таҳкурсӣ ниҳодан. Ин гуфтор беихтиёр панди Низомии бузургворро ба хотир меорад, ки фармудаанд:

Зи боғе, ки пешинагон коштанд,

Пасояндагон мева бардоштанд…

Дар оғози ин навишта ба баъзе тафовутҳои Шарқу Ғарб ишора кардем. Дар тафовут аз ҷомеаҳои ғарбӣ, ки фардгароӣ асоси пешрафти онҳост, дар Шарқ ҳамеша ҷомеаҳои суннатгаро бар асоси раҳбарии шахсиятҳои фавқулода оқилу ҳушманд ва фарохназар бо усули хирадсолорӣ рушд мекарданд. Ҳадди ақал ду шароите лозим буд ва ҳаст, ки фаъолияти пурсамари ин навъ шахсиятҳоро таъмин карда бошад: яке истеъдод ва маҳорати раҳбарӣ нисбат ба дигарон афзалтар бошад ва дигаре – сохти иҷтимоии мавҷуда набояд монеаи ибтикороти ӯ гардад.

Сохти иҷтимоии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила аз лиҳози шаклу муҳтаво рӯ ба ҷониби инсонпарварӣ ниҳода, идеали ин ҷомеа таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд муайян шудааст. Як вижагии ҷомеаи суннатӣ ҳамин аст, ки шахсиятҳои фавқулода бузург дар анбуҳи мардум зуд маълум мегарданд ва ба қудрати миллӣ мубаддал мешаванд.

Қудрати миллӣ гуфта мо нерумандии инсонро бар хираду шуур нисбат ба инсонҳои дигар дар назар дорем. Мо танҳо як паҳлуи таърифи шуурро дар назар дорем – муносибати оқилонаву одилона ба воқеиятро. Барои ин қудрат омилҳои инсонӣ, характери миллӣ, сатҳи аҳолӣ, майли одамон ба тарзи илмии тафаккур, рӯйдодҳои атрофро ба тарзи воқеӣ баҳогузорӣ кардан ва ба он дар асоси манфиатҳои миллӣ таассуроти мувофиқ нишон додан муҳимтарин аносир аст.

Инро таърих борҳо исбот кардааст, воқеан, шояд қонунмандӣ ва ё парадокси таърих бошад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои садаи XX ҳамон рисолати таърихиеро анҷом дод, ки соли 888-ум Исмоили Сомонӣ анҷом дода буд. Маҳз тавассути истеъдоди фавқулодаи роҳбарӣ ва дастгирии оммаи мардум, билхоса, ҳунармандон, аввалин давлати мутамаркази тоҷикон таъсис ёфт.

Шиораш ҳамин буд, ки «то вақте зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам». Эмомалӣ Раҳмон низ давлати фурӯпошида ва мардуми парешони аз ҷанг навмедшударо ба ҳам овард ва шиоре миёни мардум ниҳод, ки «ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон месупорам».

Маҳз таҷрибаи фоҷиаи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дарунмояи сиёсати инсонмеҳварии Эмомалӣ Раҳмонро таркиб доданд: бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса ба илму фарҳанг дода шуд. Барои Сарвари давлати Тоҷикистон раҳоии пурра аз гирдоби таассубу хурофот, ки сабаби аслии низои панҷсолаи тоҷикон буд, танҳо тавассути густариши илм, тайёр намудани насли нави мутахассисони донишманд, татбиқи барномаҳо ва консепсияҳои фаро гирифтани дониш, забономӯзӣ ҳамчун воситаи шинохти дунё, таъсиси даҳҳо донишгоҳҳои нав вобаста ба тақозои иқтисоду иҷтимоъ, фиристодани толибилмон ба макотиби олии мамолики хориҷӣ ва вобаста ба ин таъсис додани стипендияи вижаи президентӣ, ташкили квотаи махсус ҷиҳати осон кардани мушкили таҳсили духтарон ва писарон аз манотиқи дурдаст, бастани садҳо созишномаҳо ҷиҳати доду ситади илмиву фарҳангӣ ва мубодилаи донишҷӯёну устодони макотиби олӣ имконият дошт.

Ҳама паҳлуҳои ин сиёсатро, ки онро кутоҳ метавон сиёсати маорифпарварӣ ё рушангарӣ гуфт, дар ин мухтасар шарҳ додан имкон надорад. Ҳаминро метавон таъкид кард, ки барои Сарвари давлати Тоҷикистон барои татбиқи ин сиёсат аз ибтидо то кунун такя кардан ба зиёиёни донишманд принсипи асосии фаъолият буд ва то кунун идома дорад.

Назари куллии Сарвари давлат ҳамин аст, ки бе ислоҳоти бомаром ва пайвастаи маориф давлат пеш нахоҳад рафт ва миллат комёб нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, дар барномаи маорифпарварии Пешвои миллат ҳамин ислоҳот – ислоҳоти доимии соҳаи маориф дар мадди аввал аст; дуюм, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона намудани илмҳои бунёдист; сеюм, таъмини ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ тавассути се ниҳод – ҷомеа, мактаб ва оила; чорум, баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона; панҷум, вусъат додани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон…

Дар боло ишора кардем, ки дар устураҳо мағзи андешаҳои созанда ҷойгир мешаванд. Устураҳо барои ҳамин устураанд, ки орзуву омоли мардумро барои зиндагии саодатмандона таҷассум мекунанд. Таърихи тоҷикон ду устураи ба воқеият табдилшударо ба ёд хоҳад гирифт: яке корномаи Исмоили Сомониро, ки тавонист як кишвари абарқудратеро асос гузорад ва баъди ӯ фаъолияти воқеан муҳташами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар харобаҳои он абарқударти аздастрафта кишвареро бо номи аслии ин миллат – Тоҷикистон на танҳо дубора бунёд кард, балки ҳамчун намунаи давлати орому осуда ва дар ҳоли рушд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

ИМОМЗОДА М.С., академик