• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 129
Таҳти чунин унвон имрӯз (12.11.2021) ба ифтихори 29-умин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Конференсияи илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати...
Вохӯрии Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети фалсафа, 11.11.2021 Факултети фалсафа даргоҳи ташаккули шахсият, илму маърифат, панду ҳикмат ва ҷойгаҳи инкишофи тафаккуру ирода ва зеҳни қавист, ки ҷомеа ба неруи зеҳнии устодони он эҳтиёҷ доранд ва ҳамеша эҳтиром мегузоранд. Дар замири насли ҷавон тухми илму маърифат, ватанхоҳию худшиносӣ, эҳтирм...
Имрӯз (11.11.2021) сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ва ноиби Президенти Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқи Ҷумҳурии Фаронса Жил Фоғло ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади...
Имрӯз (10.11.2021) бахшида ба 30 солгарди Истиқлолоияти давлатӣ дар пояи факултети химия ва Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди хотираи узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илҳои химия, профессор Кимсанов Бӯрӣ Ҳакимович дар мавзӯи «Рушди илми химия ва соҳаҳои истифодабарии он» конференсияи сеюми байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст...
Бо ибтикори роҳбарияти ДМТ давоми соли ҷорӣ озмунҳои донишгоҳии “Соли 2021 - Соли рушди сифати таҳсилот дар ДМТ”, “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол” ва “Донишҷӯи сол” эълон гардида буд. Аз ҷониби намояндагони раёсати донишгоҳ ва устодони соҳибтаҷриба комиссия ташкил шуда, номзадҳои пешниҳодшуда мавриди омӯзиш қарор доранд. Чанде қабл дар толори хурди...
Дар робита ба самтҳои мухталифи илмҳои дақиқу риёзӣ, аз ҷумла дар соҳаи механикаю математика грантҳои гуногуни судманд вуҷуд доранд. Дар робита ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кор бо грантҳо ва ширкатҳои маблағгузор дар самти пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Имрӯз (09.11.2021) бахшида ба 144 - солагии аллома Муҳаммад Иқбол бо иштироки сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Нахуст меҳмони олиқадр сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар аз Ганҷинаи ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар он нодиртарин дастхатҳо маҳфуз аст, дидан намуд. Сипас дар...
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-6-уми ноябр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини «Дзю-до» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҷавонон аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолиби ҷайҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯи курси 1-уми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи...
Имрӯз (05.11.2021) дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои чанде аз устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ ва зумрае аз устодон бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. устодони зерини донишгоҳро барои дастовардҳои назаррасашон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд. БО «АЪЛОЧИИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»:  Мирзо Солиҳов –...
Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳимми таърихӣ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., садорати факултетҳо ва...

Эълонҳо