• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 138
«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст». Ин нуктаро имрӯз (02.10.2021) декани факултети филологияи ДМТ,...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН Устодону омӯзгорони азиз! Ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон якшанбеи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари азизи мо омӯзгор мақому манзалати воло дошта, нақши калидиро дар инкишофи илму таълим дар ҷомеа иҷро менамояд. Ҳамин аст, ки...
Имрӯз (01.10.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ як қатор устодону донишҷӯён, ки дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъол доштанд, қадрдонӣ шуданд. Зимни баргузории ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳро табрик намуд. Ректори донишгоҳ муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии донишгоҳ Раҳимова Малика Ҳалимовнаро барои иштирок ва сазовори медали нуқра гардиданаш...
Бо дастгирии Роҳбарият ва ташаббуси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ, ҳамзамон, тибқи Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз санаи 08.01.2021, № 5 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2021 “Соли рушди сифати таҳсилот” эълон гардидааст. Дар заминаи ин иқдом, озмун дар чаҳор номиннатсия: “Факултети беҳтарин”, “Кафедраи беҳтарин”, “Омӯзгори беҳтарин” ва “Донишҷӯи сол” ташкил гардида, низомномаҳо ва...
Имрӯз (30.09.2021) сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзамонзода Х.М. вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти...
 Бо мақсади иҷрои Нақша-чорабиниҳои Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 29.09.2021 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И., раиси созмони ҷавонон Икромов Р. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни курси якуми факултети журналистика вохӯрӣ доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳимми тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани идеологияи созандаи донишҷӯён, саҳми донишҷӯён...
«Дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибати давлатҳо хеле бузург аст. Дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз созмонҳои байналхалқӣ имкон фароҳам меоранд,...
Муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Малика Ҳалимовна бо дастгирӣ ва роҳбаладии декани факултети мазкур, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуда, ба комёбии чашмгире...
Имрӯз (28.09.2021) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ ташриф оварда, субҳи имрӯз бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону донишҷӯёни...
Санаи 27.09.2021 дар толори Кохи Суруш бо дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф...

Эълонҳо