• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 145
Ба миллати тоҷик таърих фурсат дод, ки ба истиқлолияти сиёсӣ бирасиданд. Ҳарчанд «дар як гӯшаи ватани таърихии худ ба озодӣ расиданд ва ин ҳам ҳанӯз истиқлолияти комил нест, қадри он бояд бидонем, зеро рӯйдоди бузурги таърихист, ки давраи наве дар таърихи миллат оғоз ёфт». Ин рӯзро, асрҳо боз ҳар фарди бедордили миллат орзу дошт. Имрӯз бовар ҳосил шуд, ки истиқлолу озодӣ на...
Имрӯз (10.08.2021) муовини сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, сардори департаменти сиёсии сафорат Абдуллоҳ Сабер ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзамонзода Х.М. вохӯрӣ намуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти...
Пас аз дарёфти истиқлолияти давлатӣ раванди ташаккул ва шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон тавассути роҳу воситаҳои мухталиф сурат гирифт, ки яке аз навъҳои асосии онро ба роҳ мондани ислоҳоти сиёсӣ ташкил медиҳад. Ислоҳоти сиёсӣ ҳамчун унсури фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, таъсири назарраси худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар навбати худ, истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, мерасонад. Дар...
Созмони ҳамкории Шанхай соли ҷорӣ 20-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта босуръат рушд кунад. Таърихи ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай ба солҳои 90-уми асри ХХ бар мегардад, вақте ки муаммои ҳалли масъалаҳои сарҳади байни собиқ давлатҳои...
Барои мо, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки санаи 6-уми августи соли 2021 дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ...
Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон батадриҷ рушд карда истодааст. Ҳамасола роҳбарияти донишгоҳ ба яке аз самтҳои калидии фаъолияти худ – равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва...
Дар давраи нисбатан кӯтоҳи рушди сиёсати дохилӣ (1991-1992), Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, давраи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаро расид. Аммо вазъияти сиёсии дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ халал ворид намуда, раванди рушди он дар роҳи бунёди давлати сохибихтиёру мустақил қатъ гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри...
6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев...
Имрӯз дар пешорӯйи мо ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҷашн моҳиятан ба ташаккули тамаддуни давлатдорӣ ва роҳи душвору сангини расидан ба истиқлолият пайванди ногусастанӣ дошта, падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, мазҳари идеалу ормонҳои чандинасраи фарзандони асилу огоҳ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои деринаи миллати мо мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...
Истиқлолият ва раванди истиқлолиятгароӣ масъалаи муҳими ташаккул ва рушди минбаъдаи кишварҳои мухталиф мебошад. Кишварҳои зиёд маҳз дар раванди истиқлолиятгароӣ имконияти ба даст овардани мустақилияти сиёсиро аз метрополия, баъзан аз субъекти асосии федератсия ва баҳри озод намудани кишвар аз истилолгарон пайдо намуданд. Дар ибтидо ин амал бо озодшавӣ аз таъсири беруна оғоз гардида буд. Баъдан, он бо омилҳои дигари давлатдорӣ ба мисли ҳифзи истиқлолият...

Эълонҳо