• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 154
Имрӯз (20.05.2021) директори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин, ҷаноби Лю Ҷиен Вей ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий арзёбӣ намуданд....
БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ.  Таърихи қадима ва фарҳангу тамаддуни ғанӣ доштани тоҷиконро сарчашмаҳои зиёди таърихӣ тасдиқ намуда, таърихи шаҳру минтақаҳои тоҷикнишинро 1000-солаву аз он зиёд медонанд. 1121-солагии давлати қадимаи тоҷикон-Сомониёнро, ки дар замони худ бемислу монанд буд, касе инкор карда наметавонад. Таҷлили 1100-солагии ин давлати абарқудрат дар соли 2000-ум шубҳаву эҳтимолиятҳои мавҷударо аз миён бурд. Дар баробари...
Имрӯз (19.05.2021) бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва раёсати ДМТ форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа баргузор гардид. Дар форум намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи...
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва муаррифии ҳарчи бештари менеҷменти сифат аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни ҳисоботи солона (2020) соли 2021 дар донишгоҳ “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шуд. Зимнан барои хуб ба роҳ мондани иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатї ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ба иттилои муҳасилин мерасонем, ки Барномаи муштараки бурсияҳои таълимии Япония ва Бонки ҷаҳонӣ барои қабули дархостҳои навбатӣ аз шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар барномаи магистрии донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Уқёнусия ва Япония тибқи 48 ихтисос марбут ба рушд, идораи сиёсати иқтисодӣ, сиёсати андоз ва дигар ихтисосҳоро оғоз намудааст. Хотиррасон менамоем, ки...
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Фазои истиқлол дастовардҳои бузургро барои миллати тоҷик фароҳам сохт, ки яке аз онҳо ин квотаи Президентӣ аст. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани...
БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Масири истиқлолияти кишварро бидуни фаъолияти ВАО наметавон тасаввур кард. Дар чунин шароите ки муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ ҳамчун як рукни ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма барои муқовимат ба арзишҳои бегона, устуворӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати...
Бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ ва дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ озмуни забондонии «Полиглот» (Забондонҳо) бо иштироки донишҷӯёни ғайритахассусӣ гузаронида шуд. Бори дуюм аст, ки озмуни мазкур баҳри ҷалби донишҷӯён ба омӯзишу азхудкунии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ гузаронида мешавад. Дар озмуни навбатӣ 19 нафар донишҷӯ аз 8 факултет иштирок намуданд ва малакаву...
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои хуб ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ шароити хуби таълимиро фароҳам оварда, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯён пайваста корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Имрӯз Раёсати донишгоҳ бо чандин корхонаву идораҳо, муассисаву вазоратҳои кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб...
Бо чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 18.05.2021 ҳамоиши ҷумҳуриявии онлайнӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҲХДТ дар вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, инчунин, раҳбарон...

Эълонҳо