• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 170
Имрӯз (30.09.2021) сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзамонзода Х.М. вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти...
 Бо мақсади иҷрои Нақша-чорабиниҳои Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 29.09.2021 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И., раиси созмони ҷавонон Икромов Р. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни курси якуми факултети журналистика вохӯрӣ доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳимми тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани идеологияи созандаи донишҷӯён, саҳми донишҷӯён...
«Дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибати давлатҳо хеле бузург аст. Дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз созмонҳои байналхалқӣ имкон фароҳам меоранд,...
Муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Малика Ҳалимовна бо дастгирӣ ва роҳбаладии декани факултети мазкур, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуда, ба комёбии чашмгире...
Имрӯз (28.09.2021) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ ташриф оварда, субҳи имрӯз бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону донишҷӯёни...
Санаи 27.09.2021 дар толори Кохи Суруш бо дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф...
Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасте хеш бинвишт.  Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.          Воқеан, ба дасти хеш навиштани тақдир вақте амалӣ мешавад, ки Истиқлолият бошад. Ба ин маъно, ки ҳама гуна арзишҳои милливу дастовардҳои миллӣ...
Муҳтарам ҷаноби Раис,Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям. Ҳамкорони гиромӣ, 9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди...
(Бардошт аз суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ, 24.09.2021) Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибори бештаре пайдо кардааст. Воқеан ҳам дар равади соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ...
Мулоҳизаҳо дар робита ба ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ  Таҷрибаи рӯзгор ва андарзҳои бузургон моро ҳушдор медиҳад, ки инсон дар ҳамаи давру замон ниёз ба хондан, омӯхтан, дониш андӯхтан, тавонистан ва эҳтиёту ҳифзи арзишҳои маънавиро дошт. Дар ин бобат суханони устод Рӯдакиро ба ёд меорем: То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Эълонҳо