• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 175
Озмун барои интихоби мушовир-омӯзгоре, ки таҷрибаи гузаронидани курсҳои теннис ва шахматро дорад, эълон мешавад. Озмун барои шахсоне, ки тахассуси мувофиқ барои ташкил ва баргузории ин чорабиниҳо доранд, ташкил шудааст. Иштирокчиён пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаштани мусоҳиба интихоб карда мешаванд. Талабот: •Таҷрибаи...
Тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Розиқзода аз 03.03.2020, № 62 дар назди Донишгоҳи миллӣ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ ва 6D030300 –Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд. Ба шӯрои мазкур...
Санаи 11.03.2020 бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодӣ мизи гирди донишгоҳӣ дар робита ба 5500-солагии шаҳраки Саразм баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент И.Шамсов оғоз ёфт. Дар нишаст декани факултети таърих Р. Шарифов роҷеъ ба ёдгории Саразм суханронӣ намуда, афзуд, ки «ёдгории шаҳраки Саразм яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дорои...
Санаи 11-уми март дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар мавзӯи «Таълими фанни диншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар нишаст муовини ректор оид ба илм С.М. Сафармамадов, мудири шуъбаи...
Дар ҷомеи имрӯза сатҳи бекорӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодиёт дониста шуда, моҳият, сабаб ва шаклҳои бекорӣ, мафҳуми шуғли пурра ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлкат яке аз масъалаҳои муҳимми илми иқтисодиёд ба шумор меравад. Ин мавзӯъ санаи 10-уми март дар маҳфили молиячиёни кафедраи молияи...
Имрӯз (06.03.2020) бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М.С. иштирок намуда, бонувонро ба ин рӯзи саид табрик гуфт. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи...
Имрӯз (06.03.2020) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Хоҷазода Тоҳир Абдулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия таъйин карда шуд. Хоҷазода Т.А. аз соли 2017 ба ҳайси муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим фаъолият менамуд. Мавсуф доктори илмҳои физикаю математика, профессор мебошад.
Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар робита ба эълон гаштани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар факултети химияи донишгоҳ озмоишгоҳи таълимӣ оид ба ихтисоси 48010300- технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ кушода шуд. Дар озмоишгоҳи мазкур зиёда аз 20 кори озмоишӣ оид ба фанҳои...
Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Белорус, ки дар таърихи 27-30 -юми июни соли 2019 анҷом дода шуд, масоили тавсеаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Белорус мавриди баррасии сарони ду давлат ва ҳайатҳои васеи онҳо қарор гирифт. Зимни мулоқоти судманд муҳиммияти густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз...
Тайи рӯзҳои охир кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ бо роҳбарии муовини ректор оид ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёт Р.Райҳонов дар гирду атрофии донишгоҳ корҳои ободонию кабудизоркуниро ба анҷом мерасонанд. Дар донишгоҳ баргузории шанбегиҳо ва шинонидану нарм сохтани атрофи дарахтон, инчунин, шинонидани гулҳои ороишӣ идома дорад.

Эълонҳо