• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 71
Имрӯз (01.02.2023) дар заминаи ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода, ки санаи 31.01.2023 бо роҳбарони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ вохӯрии Одиназода Рамазон Сафар - директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ...
Имрӯз дар асоси фармоиши ректори ДМТ оид ба багузор намудани Озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони "Нақши китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён"- и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тафаккури миллӣ" бахшида ба 75 солагии ДМТ даври аввал оғоз ёфт. Мувофиқи нақша имрӯз дар факултаҳои ҳуқушиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ даври аввали...
Имрӯз таҳти раёсати Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи онлайнӣ бо роҳбарони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба дастуру супоришҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси гардида баргузор гардид. Дар толори калони ДМТ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовинони ректор, садоратҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, раисони шуроҳои диссертатсионӣ ва котибони...
Имрӯз баъд аз нишасти матбуотӣ, ки дар он беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намуданд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултети журналистика роҳнамоӣ намуданд. Ёдрас мешавем, ки санаи 21-уми декабри...
Имрӯз (31.01.2023) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар  рӯзноманигорони телевизиону радио  ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.          Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 мухтасар...
Имрӯз (30.01.2023) барои ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ рӯзи хотирмону таърихӣ  ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар факултет ифтитоҳи ду синфхонаи таълимӣ-тарбиявӣ: синфхонаи  Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, ҳамзамон,  Иттифоқи касабаи факултет ва синфхонаи Клиникаи ҳуқуқӣ бо фазои кории барҳавою замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Имрӯз дар қисмати дуюми ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд. Зимнан ба устодони зерини донишгоҳ, ки дар самтҳои гуногун рисолаҳои илмӣ анҷом доданд, дипломҳои номзадию докторӣ тақдим гардид. Маҷидзода А.Р., Саидов Қ., Имомназарова Т., Исмоилзода...
Имрӯз (27.01.2023) дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба масъалаҳои гуногуни баррасигаштаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24-уми январи соли 2023 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, суханронӣ намуд. Ҳамзамон, зимнан дар...
Имрӯз (26.01.2023) ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба раёсати байналмилалии ДМТ ва роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (директори донишкада Мирзамонзода Хайрулло) бо намояндагони Донишгоҳи технологии Русия – Е.Н. Тарасовой ва Е.А. Слезкиной вохӯрӣ намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо миёни доникада ва...
Зимни вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа масъалаҳои гуногуни фаъолияти кафедраи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, устодону кормандони кафедра дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан гуфта шуд, ки барои...

Эълонҳо