Маҳфили "Зеҳн"

Ҳасанов Фаррух Нурмаҳмадович 19.05.1989 дар деҳаи Рӯи-Оби ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2013 факултети  кимиёро бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба аспирантураи  ДМТ дохил шуда, соли 2016 ба анҷом  расонид, аз  24.01.2017 дар вазифаи мутахассиси маҳфили илмӣ-фарҳангии «Зеҳн» дар раёсати илм ва навоварии техникӣ кор ва фаъолият дорад. 

Мувофиқи фармони ректори  ДМТ аз 9.02.2009 таҳти №71-09 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули ҷаҳонбинию малакаи донишҷӯён бахши илмӣ-фарҳангии «Зеҳн» дар тамоми факултаҳо ташкил карда шуд.

Вазифаҳои бахши илмӣ-фарҳангии «Зеҳн» аз инҳо иборат аст: 

1. Омода намудани нақшаи кории бахш;

2. Ҷамъоварии нақшаҳои кории зермаҳфилҳо;

3. Омода намудани донишҷӯён ба бахши илмӣ-фарҳангӣ;

4. Назорати фаъолияти зермаҳфилҳо дар факултетҳо;

5. Мусоидат ба инкишофи тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои амалӣ;

6. Мусоидат ба тарбияи мутаносибан пешрафта ва соҳибмаърифат;

7. Ташкил ва гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни ҷавонон доир ба масъалаҳои муҳими рӯз;

8. Интихоб намудани донишҷӯёни лаёқатманд ва фаъол ба сифати роҳбари маҳфилҳои илмии донишҷӯён;

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org