• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 122
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона муассисае мебошад, ки дар заминаи он курсҳои такмили ихтисос- коромӯзӣ (3 моҳа) гузаронида мешаванд. Барои тадбиқи ин мақсад Донишкада курсу семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ, лексияҳо, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илми, назариявию амалӣ, илмию методӣ, таълимию методӣ ва ғайраҳоро баргузор...
Имрӯз (19.02.2022) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Назирҷонзода Р., мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси шурои кураторони донишгоҳ И.Ашуров ва коллективи устодону донишҷӯён дар шаҳраки донишҷӯён ва назди хобгоҳҳои №6 ва №8 шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ гирду атрофи дарахтони...
Имрӯз (18.02.2022) бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Механизмҳои молиявию қарзии татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М ва декани факултети молиявию иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор...
Имрӯз (17.02.2022) дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёни факултетҳои физика, биология, механикаю математика, геология бо ҳайати кормандони шуъбаи тарбия ва кормандони Раёсати мубориза бар задди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Нахуст декани факултети физика, профессор Солеҳов Д.Қ. оид ба самтҳои Паёми...
Имрӯз (17.02.2022) як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Парвина Қурбонбекова аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд. Донишҷӯён аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки ба овони...
Имрӯз (17.02.2022) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовинони деканҳо оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, инчунин, масъулини сомонаҳои факултетҳо вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар самти фаъолияти илмию байналмилалии факултетҳо, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногунсатҳ, зиёд намудани мақолаҳои тақризшаванда...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият имрӯз (16.02.2022) дар толори калони Шаҳраки...
Имрӯз (16.02.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ Сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон Расули Барот, сардори шуъбаи аудити...
Имрӯз (15.02.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И., раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҷлиси мазкур, пеш аз ҳама, омӯзиши Паёми Пешвои миллат...
Имрӯз (15.02.2022) бо ташаббуси кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар мавзӯи «Рушди илми ботаника дар давоми 30-соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори...

Эълонҳо