• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ . 7 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд бо мақсади рӯшани андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёнаи номбурда Абдуллоев Рамзан, ки дар хатти сарҳади...
(Суҳбати ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ғолибони озмуни илмӣ-зеҳнии «Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак» ) Солҳои охир дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои саривақтии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хосса ректори муҳтарами Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор...
Имрӯз (16.05.2024) дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ даври ниҳоии даъвати 23-юми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” дар соли 2024 миёни толибилмони риштаи забони чинӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ намояндагон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ширкат намуданд.Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ...
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15-уми май таҷлил карда мешавад, дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор шуд. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода баргузор гардид. Зимнан гуфта шуд, ки дар ҳама давру замонҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин оилаи солим ба ҳисоб меравад. Инсон аз рӯзҳои аввали...
Имрӯз (14.05.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор баргузор гардид. Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. меҳмононро барои пазируфтани даъват ба ДМТ изҳори сипос намуда, оид ба имкониятҳои илмию таълимии факултет ва дар умум ба ҷойи кор таъмин намудани...
Дар заминаи баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиии “Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои АвруОсиё” ҳайати Иттиҳоди криминалистон ва криминологҳо, ки аз олимону мутахассисони сатҳи байналмилалиро дар бар мегирифт, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз 09 то 14-уми майи соли ҷорӣ идома намуд.
Бо ҷонибдорӣ аз иқдоми навбатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани рӯзи 25-уми май - Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ роҳандозӣ шуд ва аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид қатънома қабул гардид, бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва зерсохторҳои он...
Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.
МУАЛЛИМИ МАН Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд.
Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи гуногун баргузор карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз 08.05.2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ветеранҳои ҷангу меҳнат ва бартарафсозандагони садамаи НБА «Чернобил» ба хотири пос доштани хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ вохӯрии судманд намуд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар даврони муосир яке аз талаботҳои замон гардидааст. Ҳамасола бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёна баргузор карда мешавад, ки дар он донандагони забони чинӣ қобилияти...

Эълонҳо