• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 12
Имрӯз (19.02.2025) дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳимиллии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-тарбиявӣбаргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф., сардори шуъбаи телевизиони ММИ-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Шарифӣ Б., декани факултети Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш., декани факултетижурналистика Ҳошимзода...
Имрӯз дар робита ба татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов мулоқот намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ рушди бештари ҳамкориҳо дар самти варзиш, хусусан дар робита ба баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар пояи Маҷмуаи муосири варзишии Донишгоҳ, инчунин, таҳким бахшидани фаъолияти...
Имрӯз (18.02.2025) бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва ташаббуси садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар пояи кафедраи филологияи ҳинди факултети мазкур “Рӯзи ҷаҳонии забони ҳиндӣ”, ки ҳамасола моҳи январ таҷлил карда мешавад, ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши...
Имрӯз (13.02.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таъмин намудани интихоботи шаффоф ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми марти соли ҷорӣ таъин...
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсила мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ доир мегардад. Мулоқотҳо аз рӯйи усули "Факултет ба факултет" ва "Курс ба курс" бо иштироки намояндагони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва...
Имрӯз намояндагони самти равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо зумрае аз донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳ таҳсил доранд, вохӯрӣ гузарониданд. Мақсади вохӯрӣ аз шинос шудан бо будубош, шароит, раванди таҳсил ва имтиҳонсупории донишҷӯёни хориҷӣ иборат буд. Ба донишҷӯён мутахассисони раёсат доир ба масъалаи сари вақт дуруст намудани ҳуҷҷатҳо, иштироки фаъол дар...
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуби ифротгароӣ, эҳтироми ҳамдигар, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (10.02.2025) зимни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо донишҷӯёни факултетҳои механикаю математика,...
Имрӯз (10 .02.2025) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб ба роҳ монда шудааст. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст. Бояд гуфт, ки рушди анъанаи китобдорию китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон дониста мешавад. Тавре Президенти...
Имрӯз (08.02.2025) муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. бо роҳбарон ва докторантони Ph.D-и Донишгоҳ ҷаласса доир намуд. Дар ҷаласа ба докторантон оид ба дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию...
Имрӯз (07.02.2025) дар ҳошияи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи «Нақши Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Эълонҳо