• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 14
25-уми январи соли равон, дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар толори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” баргузор гардид.
Имрӯз (24.01.2025) бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю кафедраҳо ва сохторҳои зертобеҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи раёсат баргузор гардид. Дар ҷаласа ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. масъалаҳои мубрами илмию таълими ва тарбиявию байналмилалиро тавъам баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна (МТМ) ва олии касбӣ (ОК) давра ба давра курсҳои такмили ихтисосро дар пояи донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор намуда истодааст. Курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи ҳуҷҷатнигорӣ ва...
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАГИСТРАНТИ СОЛ» ДАР СОЛИ 2025 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки барои дарёфти ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2025 Озмун эълон менамояд. Озмун бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти ҷеҳраҳои нави лаёқатманд,...
Бахши идоракунӣ ва дарёфти лоиҳаҳо яке аз сохторҳои калидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки он дар самти дарёфти грантҳо ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бахши мазкур таваҷҷуҳи худро ба таҳия намудани лоиҳаҳо, пешниҳоди дархостҳои лоиҳавӣ, ҷустуҷӯ ва дарёфти эълони шарикони рушд оид ба маблағгузорӣ дар самти таълим, илм ва тадқиқот равона намудааст. Ҳамин аст,...
Ҳадаф аз ташрифи ҳайати профессорони Донишгоҳи давлатии Лакнави штати Уттари Прадеши Ҳиндустон ба Донишгоҳи миллӣ тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи мубодилаи идеяҳо, таҳияи китобу нашрияҳо, таҳқиқоти муштараки илмӣ, вусъат додани табодули устодону донишҷӯён ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ, бозомӯзии мутахассисиони риштаи забономӯзӣ ва ғайра арзёбӣ гардид. Ҳайати профессорони Донишгоҳи давлатии...
Имрӯз (11.01.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ», ки дар робита ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, муайян гардид.
Имрӯз (10.01.2025) дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва қироати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 оғоз ёфт.
Имрӯз(08.01.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласа меҳмонон – сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор...

Эълонҳо