Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгоронтаҷлил мегардад. Ба ин муносибат имрӯз (03.10.2024) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он устодону кормандони Донишгоҳ ва толибилмони Литсей иштирок доштанд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин иди касбӣ муборакбод...
Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Имрӯз (2.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Забон-рукни муҳими давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Насриддинзода...
Имрӯз (01.10.2024) дар пояи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Танзими молиявии рушди босуботи инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир гардид, ки дар кори он устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз як қатор кумитаву сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Декани факултети молиявию иқтисодӣ...
Бо мақсуди арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон,...
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат”- ро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти омодагиҳо ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дод.
Имрӯз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат” дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.
Довталабон...
Имрӯз (27.09.2024) дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусензода сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров дарси кушод доир намуд, ки дар он устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини ректори ДМТ, профессор Ғаффорзода И. меҳмонони олиқадрро ҷиҳати ташриф ба Донишгоҳ хайрамақдам намуда, зикр кард,...
Имрӯз (27.09.2024) дарпояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣсеминари илмию назариявӣ таҳти унвони “Дастовардҳои сайёҳӣ дар даврони Истиқлол”доир гардид, ки дар кори он устодону коршиносони соҳа ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Нахуст декани факултети молиявию иқтисодӣ Сафарбек Саъдуллозода сухан намуда, зикр кард, ки соҳаи...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, мубориза бар зидди падидаи номатлуб-терроризм ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯён вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои...
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии котиби комитети партиявӣ Дин Банвэн бо ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. густариш додани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ ва омӯзишӣ буд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ...
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (24.09.2024) зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» баррасӣ карда шуданд.
Ҳамоиш дар толори калони...