• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 5
Имрӯз (28.04.2025) бо ибтикори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ҳуввияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсия дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ...
Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 5-уми декабри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва проблемаҳои замони муосир» баргузор намояд. Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд: нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар...
Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 26-уми сентябри соли 2025 конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Нақши дипломатияи Тоҷикистон дар таъмини рушди устувор ва амният дар Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ» баргузор намояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
Имрӯз, 24-уми апрели соли 2025, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус, муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, муҳтарам Раҷабзода Ф.ва декани факултети муштараки ДМТ бо МТО таҳсилоти олии Белорус – Одиназода С. бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии информатика ва радиотехникаи Белорус (ДДИРБ) вохӯрӣ анҷом доданд.
Чуноне қаблан иттилоъ дода шуд, 21-25 апрели соли 2025 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия XV Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё баргузор гардида истодааст, ки дар он ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Парки технологӣ - Муродзода У.У. дар ҳайати зерин ба таври назаррас иштирок намуда истодаанд: 1. Бобомиров Усмонбой...
Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 4-уми ноябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масоили конститутсионии танзимнамоӣ ва амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намояд. Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: Конститутисияи...
Таҳти ин унвон имрӯз (23.04.2025) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Муҳаммад Закариёи Розӣ, ки бо Амри Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-713, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1160- Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ таҷлил карда мешавад, бо ташаббуси...
Кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 22-юми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи «Химияи таҳлилӣ ва аҳамияти он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ» баргузор намояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд: усулҳои муосири таҳлил дар рушди илм ва истеҳсолот;
Кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 21-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масъалаҳои наҳви забони тоҷикӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор намояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд: масъалаҳои назариявии наҳви забони тоҷикӣ; вижагиҳои наҳвии...
Имрӯз (22.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ – тарбиявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои рӯҳбаландиву ватандӯстиро фароҳам овард. Чорабиниро муовини...

Эълонҳо