Кафедраи ботаника

Кафедраи ботаника ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон) буда, аз соли 1948 арзи вуҷуд дорад. Ба кафедра солҳои гуногун олимони номдори ин соҳа О.И. Морозова (1948-1950), П.П. Чуваев (1950-1953), И.Г. Шалит (1954-1957), Ф.Г. Тверитнев (1957-1968), М.И. Исмоилов (1968-1993), В.А. Бобоҷонов (1994-2005), И. Қудратов (2005-2011), А. Ҳалимов (1993-1994, 2011-2015), сарварӣ кардаанд. Аз моҳи августи соли 2016 то хол Р.Б. Сатторов сарварии кафедраро ба ӯҳда дорад.


Марҳум, собиқ мудири кафедра Ф.Г. Тверитнев солҳои (1957-1968). Фаъолияти илмии бевоситаи Ф.Г. Тверитнев дар риштаи генетика ва селексияи (дурагакунӣ) растаниҳои мевадиҳанда оғоз гардида, то солҳои 80 –уми асри ХХ идома меёбад. Дар ин давра бо сарварии ӯ навъҳои гуногуни себ (Тоҷикистон, Розмарин, Блефери Бешпазак, Норинҷӣ), Зардолуи мӯъҷиза (48-7), Сороҷон (48-26) ва ғ. ба даст оварда шудаанд. Комиссияи давлатӣ аз байни 10 навъи зардолу 8 навъро чун навъҳои сермаҳсул эътироф карда буд. Дар давраи мудирии дотсент Тверентиев Ф.Г. дар кафедра 4 нафар устодон фаъолият менамуданд: 1 нафар нафар номзадони илм ва 3-нафар асситентон.


Исмоилов Маҳмуд Исмоилович. Марҳум, собиқ мудири кафедраи ботаника (1972-1990). Профессори кафедраи ботаника, доктори илми биологя (2008)., узви вобастаи АУҶТ аз соли 1991 ихтисосаш ботаник-систематик. 7 октябри соли 1929 дар ш. Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1949 факултети георгафияи ДДУ ба номи Алишер Навоиро бо ихтисоси география хатм намудааст. Мавзӯи рисолаи докториаш: «Можжевельники СССР : ботанико-географическое и систематическое исследование рода Junipeқis L. в связи с его происхождением и эволюцией : диссертация … доктора биологических наук : 03.00.05. – Ташкент, 1974. – 381 с.» ном дорад.
Аз соли 1976 дотсент, профессор, (1980); мудири кафедраи ботаника ДМТ (1974-1990). Фаъолияти илмии Исмоилов М.И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи дарахту буттаҳо бахшида шудааст. Дастовардҳои илмии ӯ дар нашрияҳои Тоҷикистон, Русия, Олмон, Полша ба табъ расидаанд. Ӯ дар конференсияҳои байналхалқӣ (Олмон, Полша, Австрия, Руссия) иштирок карда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Муаллифи 6 монография ва зиёда аз 350 мақолаю фишурдаи илмӣ мебошад.

Профессор Исмоилов М.И. меҳмонони хориҷиро
бо дендрофлораи боғи ботаникии
ш. Душанбе шинос менамояд

Дар давраи мудирии профессор Исмоилов М.И. дар кафедра 8 нафар устодон фаъолият менамуданд: 1 нафар доктор, 3-нафар номзадони илм ва 4-нафар асситентон буданд. Таҳти роҳбарии устод Исмоилов М.И. 10 нафар аспирантон рисолаи номзадӣ дифо намудаанд.
Дар давраи мудирии Исмоилов М.И. коллексияи гербарияи кафедра ба миқдори 11000 намули нусхаи растаниҳо ташкил карда шуда буд. Дар ин давра дар кафедра ҳамаи маводҳо зарабину, пурбину плакатҳо мавҷуд буд. Дастурҳои методи аз фанни ботаника мавҷуд буд.


Устодони кафедра хангоми муайян кардани
растаниҳо (аз чап ба рост профессор Исмоилов М.И. ва
асситентон Смольская Е.Н., Елеманова О.Н.)

 


Двлатов А.С. хангоми дарсҳои таҷрибаомӯзии
таълимӣ дар дараи Такоб, соли 1983


Бобоҷонов В. А. Собиқ мудири кафедраи ботаника (1994-2005). Ҳоло дар собиқаи меҳнатӣ. Доктори илми биологя (1991). Ихтисосаш генетика– селексия. 7 марти соли 1946 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст.
Аз соли 1985 дотсент, профессор, (1994); мудири кафедраи ботаника ДМТ (1994-2005). Фаъолияти илмии Бобоҷонов В.А. ба генетика ва селексияи растаниҳо бахшида шудааст. Муаллифи 4- монография ва зиёда аз 280 мақолаю фишурдаи илмӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Дар давраи мудирии ӯ дар кафедра 2 нафар доктори илм, 3-нафар номзадони илм – дотсентон, як нафар муаллими калон ва 3 нафар асситентон фаъолият мекарданд.


Қудратов Имомназар. Собиқ мудири кафедраи ботаника (2005-2011). Ҳоло профессори кафедраи ботаника. Доктори илми биологя (2008). Ихтисосаш ботаника – микология. 7 марти соли 1946 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Аз соли 1994 дотсент, профессор, (2005); мудири кафедраи ботаника ДМТ (2005-2011). Фаъолияти илмии Қудратов И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи гулсангҳо бахшида шудааст. Муаллифи як монография ва зиёда аз 100 мақолаю фишурдаи илмӣ мебошад. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) мебошад. Ҳоло дар кафедра аз фанҳои «Ботаника», «Микология», «Таърихи биология», «Систематикаи растаниҳои дараҷаи паст» ва курсҳои тахассусӣ «Лихенология ва микология» дарс медиҳад. Собиқаи кори педагогиаш 35 сол. Дар давраи мудирии профессор Кудратов И. дар кафедра 10 нафар устодон фаъолият менамуданд 2 нафар доктор 3-нафар номзадони илм ва 5-нафар асситентон. Роҳбарии як нафар аспирантро ба уҳда дорад.


Як лаҳзаи дарси ботаникаи дотсент Халимов А.
соли хониши 2008-2009 дар давраии мудирии
профессор Кудратов И.


Ҳалимов Абдурасул. Марҳум ва собиқ мудири кафедраи ботаника (1993-1994, 2011-2015), номзади илмҳои биология (1986), дотсент. 15 декабри соли 1952 дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон тавваллуд ёфтааст ва соли 2016 вафот кардааст. Факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленинро соли 1976 хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2003 то моҳи майи 2016 дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар вазифаи дотсент кор мекард. Мавзӯи рисолаи номзадиаш: «Растительный покров центральной части хребта Хазратишох – Таджикистан». Дар соҳаҳои фитосенология, харитасозии наботот ва экология тадқиқотҳо гузаронидааст. Аз соли 2013 то 2016 ҷонишини декан оид ба шуъбаи ғоибонаро ба уҳда дошт. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) мебошад. Миқдори мақолаҳои илмӣ: зиёда аз 70, аз ин миқдор 6 дастури методӣ як китоб.

Донишҷӯёни факултети биология ҳангоми корҳои таҷрибаомӯзии саҳроӣ дар дараи Такоб (соли хониши-2013) дар давраи мудирии дотсент Ҳалимов А.

 

Устодон хангоми ҷаласаи кафедра дар соли 2015,
дар давраи мудирии дотсент Ҳалимов А.

Сатторов Раҳматулло Бобоевич. Мудири кафедраи ботаника аз моҳи августи соли 2016. Дотсенти кафедраи ботаника, номзади илми биология (1995), дотсент (2008), доктори илмҳои кишоварзӣ 2017. Саттров Р.Б 08.01.1959 дар ноҳияи Исфара, вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Биолог, хатмкардаи ДМТ (1984). Ихтисосаш биолог-ботаник. Пас аз хатми Донишгоҳ солҳои 1984 -1987 аз рӯи тақсимот дар мактаби миёнаи рақами №34-и ноҳияи Кубодиёни вилояти Қӯрғонтеппа ба сифати муаллими биология ва химия кор кардааст. Аз соли 1987 то 2001 дар Иттиҳодияи илми истеҳсолии «Тоҷикаэрокосмогеодезия» аз ходими хурди илмӣ то ходими калони илмӣ ва аз соли 2002 то 2003 ба сифати котиби илмии Маркази илмии «Тоҷиккоинот» кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2003 ин ҷониб дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, дар вазифаи дотсент кор мекунад. Собиқаи кории педагогиаш 25 сол аст. Соли 1995 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Растаниҳои қаторкӯҳи Қаротегин ва масъалаҳои тартиб додани харитаҳои наботот дар асосӣ аксҳои кайҳонӣ» дифо намудааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ҶТ-2011» Муаллифи зиёда аз 72 мақолаҳои илмӣ, монография ва дастурҳои талимӣ мебошад, ки ба масъалаҳои геоботаника, набототшиносӣ ва флористика бахшида шудаанд.
Холо дар кафедра 13 нафар кормандон фаъолият доранд 5 – нафар докторони илм, 3 – нафар номзадони илм ва 5 – нафар асситентони беунвон. Кафедра аз давраҳои аввали таъсисёбӣ бо марказҳои калонтарини илмӣ алоқа пайдо карда, дар тадқиқи флора ва набототи Тоҷикистон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ботаника саҳмгузор аст.
Олимони варзида, ба монанди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, академик, П.Н. Овчинников, академикҳо Н.В. Смольский, Ю.С. Носиров, У.Х. Холдоров, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.б., профессор, К.В. Станюкович, В.И.Запрягаева, М.И. Исмоилов дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ботаника ва экологияи растаниҳо саҳми калон гузоштаанд.

Лаҳзаи дарс аз курси интихобии «Интродуксияи растаниҳо»
муаллима Кодирова И.А. дар давраи мудирии Сатторов Р.Б.

Дар ин самт ҳамчунин олимон А.Н. Николаев, Ю.К. Григорьев, Ф.Г. Тверитнев, А.Е. Агаханянс, Ф.Г. Бахтеев, Я.Д. Нагибин, М.Д. Ҷумаев, Н.П. Акульшина, П.П. Чуваев, О.П. Курочкина, О.Н. Елманова, И.Г. Чукавин, Г.Т. Сидеренко, У.К. Маматқулов, М. Назаров, А.Ҷӯраев, С.С. Саидов, М. Д. Дарвозиев, А.С. Давлатов, Л.Р. Батурина, М.К. Хоҷамова, Б. Бобораҷабов, Р.Х. Акрамова, Ш. Соҳибназаров, Н.М. Сафаров, М.Суннатов, Б. Исмоилов ва ғайра саҳми босазо гузоштаанд.
Дар солҳои аввали фаъолияти кафедра (1948-1954) устодони он дар баробари тадриси курсҳои умумӣ мансуб ба тахассуси ботаника, ҳамчунин таълими фанҳои физиология ва биохимияи рустаниҳо, микробиология, генетика, селексия, хокшиносӣ, рустанипарварӣ, ҳайвонотпарварӣ, асосҳои хоҷагии кишоварзӣ (қишлоқ) ва ғайраро ба роҳ монда буданд.
Соли 1954 дар заминаи кафедраи ботаника, кафедраи физиологияи рустаниҳо таъсис ёфт. Баъдтар курси зироатпарварӣ ва рустанипарварӣ ба факултети иқтисодӣ ва фанни генетика ба кафедраи биохимия гузаронида шуд. Дар айни замон дар кафедра фанҳои анатомия ва морфологияи рустаниҳо, систематикаи рустаниҳои талломӣ ва баргу поядор (олӣ), экологияи рустаниҳо, геоботаника, ҷуғрофияи рустаниҳо, дарахтшиносӣ (дендрология), алгология (ё фикология), микология, набототи Тоҷикистон, хокшинсӣ, асосҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар курсҳои тахассусӣ аз тарафи мутахассисони ин соҳаҳо, докторҳо ва номзадҳои илм таълим дода мешаванд.
Дар давоми солҳои гуногун барои таълими фанҳои мухталифи кафедра аз марказҳои илмии ботаникии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ олимони барҷаста, ба монанди академик А.Л. Тахтаджян, профессорон, Л.Е. Родин, Ю. Акрамов, Т. Васильченко, Н.Ал. Федоров, Р.В. Камелин, И.Х. Байтулин, А.А. Коннов, М.М. Пахомов, Г.Т. Сидоренко, З. Қурбонбеков, М.И. Исмоилов, А.А. Ашуров , Н.М.Назаров даъват шудаанд.
Устодони кафедра баъди ҳар 5 – сол дараҷаи дониши худро дар шакли КТИ такмил дода, ба дастовардҳои илми биологияи навин дар назди маркази собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар назди пажӯҳишгоҳҳои АИ ҶТ шинос мешаванд. Ҳоло бошад, дар Маркази такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои олӣ, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон арзи вуҷуд дорад, дарси такмил медиҳанд.
Ҳар сол кафедра 15 – 20 нафар донишҷӯён–мутахассиси соҳаи ботаникаро (рӯзона ва ғоибона) барои муассисаҳои илмию маърифатӣ тайёр мекунад. Дар давраи фаъолияти худ кафедра ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла, 6 доктори илм ва 14 номзади илм мушарраф гардидааст. Дар кафедра ҶИД ҳамасола амалан фаоълият дорад, ки зиёда аз 30 донишҷӯро муттаҳид мекунад. Фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра назаррас буда, аъзоҳои он дар кори конфронсҳо, семинарҳо ва маҳфилҳои гуногуни илмӣ ба маърӯзаву гузоришҳо иштирок мекунанд.


Лаҳзаи дарси крси махсус, устод дотсент Сатторов Р.Б.
«Экологияи растаниҳо» соли 2018

Ҳамасола дар конфронси апрелии донишгоҳӣ аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҶИД 10-20 маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод мешаванд, ки бо истифода аз маводи илмии ҷамъовардаи худи донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолиашон омода карда мешаванд.
Дар кафедра бо роҳбарии доктри илмҳои биология профессор Рахимов С. маҳфили «Биоморфология» ва бо роҳбарии д.и.к.дотсент Саттров Р.Б. маҳфили «Ҳифзи наботот » созмон дода шуд, ки дар он донишҷӯёни курси 1-5 ва аспирантон ширкат намуда, бо маърӯзаҳо дар бораи растаниҳо ва набототу флораи Тоҷикистон ва гуногунии он, ҳамчунин дар бораи растаниҳои давоӣ, ғизоӣ, заҳрнок ва хӯроки чорво ва ҳолати кунунии растаниҳои нодиру нестшудаистодаро баррасӣ мекунанд.

Равандҳои асосии корҳои илмию-методӣ

Фаъолияти илмии кафедраи ботаника таҳти роҳбарии бевоситаи Ф.Г. Тверитнев дар риштаи генетика ва селексияи (дурагакунӣ) растаниҳои мевадиҳанда оғоз гардида, то солҳои 80 –уми асри ХХ идома меёбад. Дар ин давра навъҳои гуногуни себ (Тоҷикистон, Розмарин, Блефери пешпазак, Норинҷӣ) (40-8), Зардолуи мӯъҷиза (48-7), Сороҷон (48-26) ва ғ. ба даст оварда шуданд.
Аз соли 1968 сар карда, устодони кафедра таҳти роҳбари профессор М.И. Исмоилов ба омӯхтани ҳаматарафаи арчазорони СССР қадамҳои қатъӣ гузошта, ба дастовардҳои нодир ноил гаштанд. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ омӯзиши флора ва набототи ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон, ки ба проблемаи асосҳои биологии истифодаи оқилона ва ҳифзи олами растаниҳо тааллуқ дошт, ба роҳ монда шуд. Солҳои 1981-1985 устодони кафедра М.Д. Дарвозиев, А.Ҷ. Ҷӯраев, С.С. Саидов, О.Н. Елманова, А.С. Давлатов, Е.Н. Смолская омӯзиши «Флора ва набототи ҳавзаи рӯди Искандар»-ро мавриди тадқиқоти ҳамаҷониба қарор доданд. Ҳамчунин аз ҷониби устодону кормандони кафедра «Флора ва набототи мамнӯъгоҳи «Ромит» низ мавриди пажӯҳиш қарор дада шудааст.

Баромади устод Раҳимов С. дар конфренсияи илмӣ

Дар кафедра солҳои гуногун корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзӯъҳои «Флора ва набототи резишгоҳи рӯди Язғулом», « Растаниҳои Қаторкӯҳҳои Дарвоз, Набототи мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», « Флораи Дашти Ҷум», «Флора ва набототи шаху сангрезаҳои қаторкӯҳи Ҳисор», «Хусусиятҳои экологию биологии фитосенозҳои эфемерӣ ва эфимероидии нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор», «Латтахорҳои Ҳисору Дарвоз», «Растаниҳои эндемикии таркиби флораи Ҳисору Дарвоз» гузаронида шудаанд.
Ҳоло дар кафедра профессорон Қудратов И., Раҳимов С., Эргашева Г.Н., д.и.к., дотсен Р.Б. Сатторов,, ассистентон Қодирова И., Аминов Ҷ., Раҳмонов Х., Холова Ш.С., Бобоев Ҷ., Сайдалиев Н.Х. кор ва фаъолият доранд. Аз соли 2016 раванди илмии кафедра ба омӯзиши растаниҳои эндемӣ ва нодири Тоҷикистон равона карда шудааст.
Дар асоси натиҷаҳои бадастоварда устодону кормандони кафедра зиёда аз 1250 мақолаҳои илмию методӣ ва «Муайянкунанда растаниҳои дараи Варзоб»-ро (дар се қисм), дастурҳои методии «Анатомияи растаниҳо», «Морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳои баргу поядор» ҳам ба забони русӣ ва тоҷики ба чоп расониданд. Дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 5 соли охир дар кафедра 2 нафар устодон рисолаи доктор ива се нафар асситентон рисолаҳои номзадии худро дифо намуданд. Ҳоло рисолаи номзадии ду нафар ассистентон (Холова Ш.С., Аминов Ҷ.М.) дар ҳолати ҳимоя қарор дорад.
Суроға:734043 ш. Душанбе, Биниҳисорак -16. ДМТ, факултети биология

Раҳимов Сафарбек. Профессори кафедраи ботаника. Ботаник-биоморфолог. Аз фанҳои «Ботаника», «Морфология ва анатомияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳои дараҷаи олӣ» ва курсҳои тахассусӣ «Биоморфология», «Набототи Осиёи Миёна» дарс медиҳад.Собиқаи кори педагогиаш 30 сол. 4 марти соли 1947 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Мавзуъи рисолаи докториаш: «Особенности онтогенеза некоторых представителей флоры полусаванн Западного Памиро-Алая» ном дорад. Зиёда аз 70 асарҳои илмӣ чоп кардааст.

Эргашева Галина Нажмитдиновна.
Дотсенти кафедраи ботаника, биолог, номзади илми биология (1995), дотсент (2007), доктори илмҳои биология (2013). 30 .07.1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултети биологияи ДМТ (1989). Пас аз хатми Донишгоҳ солҳои 1990 то 1993 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶТтаҳсил намудааст. Аз моҳи августи соли 2002 ин ҷониб дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон дар вазифаи дотсент кор мекунад. Соли 1995 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ҶТ». Муаллифи 50 мақолаҳои илмӣ, монография ва дастурҳои талимӣ мебошад, ки ба масъалаҳои набототшиносӣ, физиологияи ва морфологияи растаниҳо бахшида шудаанд. Биоэкологические особенности древовидных лиан интродуцированных в Таджикистан (2011); Древовидные лианы интродуцированные в Таджикистан (2011); Первые этапы онтогенеза представителей рода Paқthenocissus Planch. (2011); Приспособление листопадных и вечнозеленых лиан к условиям городской среды г. Душанбе ( 2012).

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин.
Аз соли 2014 инҷониб дар вазифаи профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ботаник – анатом. С Аз фанҳои «Ботаника», «Морфология ва анатомияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо» дарс медиҳад. 25-уми сентябри соли1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1991 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Омӯзгории ш.Душанбе ба номи Қ.Ш. Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм намудааст. Солҳои 1996-1998 ба ҳайсӣ ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1998-2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст. Солҳои 2000-2005 омӯзгорӣ калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ шуда кор карда, рисолаи номзадӣ ва докториро дар (ш. Новосибрск) Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Руссия солҳои 2005, 2013 дифоъ намудааст. Солҳои 2006-2007 дотсенти кафедраи мазкур шуда фаъолият кардааст.Солҳои 2007-2009 ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2009-2014 дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи беш аз 60 мақолаҳои илмӣ, 3 монография, 3 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Доктори илмҳои биологӣ. Бо «Ифтихорнама»-и Вазорати маориф (соли2009) ва соли 2011 бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Холова Шарифамоҳ Сайдаҳматовна. Ассистенти кафедраи ботаника. Ихтисосаш биолог. Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Кулобро хатм кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо», «Методикаи таълими биология» дарс мегузарад. 24 августи соли 1978 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таввалуд ёфтааст.Соли 2001 Донишгоҳи педагогии ш.Кӯлобро хатм кардааст. Собиқаи кории педагогиаш 8 сол. Мавзуи кори илмиаш: «Омӯзиши хусусиятҳои биоморфологиии Чайота» мебошад. Муаллифи 6 мақолаи илмӣ мебошад.

Бобокалонов Ҷамолиддин Муроталиевич. Ассистенти кафедраи ботаника, н.и.б. Ихтисосаш биолог. Соли 2011 ДМТ-ро хатм кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо», «Асосҳои кабудизоркунӣ», «Дендрология» , «Ҷангалшиносӣ» дарс мегузарад. 26 декабри соли 1986 дар ноҳияи Шаҳринав таввалуд ёфтааст. Собиқаи кории педагогиаш 3 сол. Мавзӯъи кори илмиаш: «Использование Платана восточного для определения качество среды в условиях Таджикистана» мебошад. Муаллифи 10 мақолаи илмӣ мебошад.

Кодирова Изатмо Абдусаломовна. Ассистенти кафедраи ботаника. Ихтисосаш биолог-ботаник. Соли 1989 ДДМТ-ро хатм кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳои талломӣ», «Асосҳои экологияи растаниҳо», «Флора», «Бобҳо аз фанни систематикаи растаниҳои дараҷаи олӣ» дарс мегузарад. 19 январи соли 1967 дар ноҳияи Орджоникидзеобод таваллуд ёфтааст. Собиқаи кории педагогиаш 26 сол. Мавзуъи кори илмиаш: «Методикаи таълими фанни биология» ном дорад. Муаллифи 10 мақолаи илмӣ мебошад. Раиси Шӯрои кураторони факултетро ба уҳда дорад.

Рахмонов Хайриддин Сафарович. Ассистенти кафедраи ботаника. Ихтисосаш биолог, н.и.к. (2017). Соли 2008 шубаи ғоибонаи ДМТ-ро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Аз фанҳои «Анатомияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо», дарс мегузарад. 27.02.1968 дар н. Восеи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Собиқаи кории педагогиаш 6 солро ташкил медиҳад. Мавзъи кори илмиаш: « Омузиши хусусиятҳои биологии ва фитоценологии камоли тоҷикон дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ » мебошад. Муаллифи 30 мақолаи илмӣ аст.

Бобоев Ҷӯрабой Абдусаломович. Ассистенти кафедраи ботаника.Ихтисосаш биолог. Соли 2007 ДДМТ-ро хатм кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо», «Асосҳои хокшиносӣ», «Флора» дарс мегузарад. 26 январи соли 1985 дар н. Айнӣ таваллуд ёфтааст. Собиқаи кории педагогиаш 3 солро ташкил медиҳад. Мавзъи кори илмиаш: «Лишайники южного склона Гиссарского хребта» мебошад. Муаллифи 6 мақолаи илмӣ аст. Раиси ЧИД-и кафедраро ба уҳда дорад.

Сайдалиев Наврӯз Ҳабибуллоевич. Ассистенти кафедраи ботаника. Ихтисосаш биолог н.и.к. (2018). Соли 2008 ДДМТ-ро хатм кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», « Экологияи растаниҳо», «Асосҳои морфология», «Флорогенетика» дарс мегузарад. 20 марти соли 1985 дар н. Варзоб таваллуд ёфтааст. Собиқаи кории педагогиаш 10 солро ташкил медиҳад. Мавзъи кори илмиаш: «Продуктивность топинамбура в зависимости от приёмов выращивания в условиях Гиссарской и Раштской долин Таджикистана» мебошад. Муаллифи 33 мақолаи илмӣ аст. Раиси ЧИД-и факултетро ба уҳда дорад

Аминов Ҷамолиддин. Ассистенти кафедраи ботаника. Ихтисосаш биолог. Соли 2008 ДДМТ-ро хатм кардааст. Аз фанҳои «Морфологияи растаниҳо», «Геоботаника», «Асосҳои захирашиносӣ», «Флористика» дарс мегузарад. 24 октябрӣ соли 1985 дар н. Варзоб таваллуд ёфтааст. Собиқаи кории педагогиаш 9 солро ташкил медиҳад. Мавзъи кори илмиаш: «Татумзорҳои Тоҷикистон» мебошад. Муаллифи 33 мақолаи илмӣ аст. Чонишини раиси иттифоқи касабаро факултет ба уҳда дорад.

Кароматулллои Қурбоналӣ. Ассистенти кафедраи ботаника. Ихтисосаш биолог. Соли 2015 ДМТ-ро хатм кардааст. Аз фанҳои «Ботаника», «Экологияи растаниҳо», «Асосҳои набототшиносӣ», «Захираҳои наботот» дарс мегузарад. 1 марти соли 1993 дар н. Ш. Шоҳин (Шурообод) таваллуд шудааст. Собиқаи кории педагогиаш 5 солро ташкил медиҳад. Мавзуъи кори илмиаш: «Растанҳои водии дарёи Ширкент» мебошад. Муаллифи 4 мақолаи илмӣ аст. Чонишини декани оид ба тарбияро дар факултетр ба уҳда дорад.
Ҳоло дар кафедра ду нафар корманди хурд – лаборантон фаолият доранд, ки саҳми онҳо низ дар кафера назаррас мебошад. Онҳо дар омода намудани маводҳои дарсӣ ва препаратҳо ба устодон ерии амалӣ мерасонанд. Лаборатҳои кафедра низ хатмкардаи кафедраи ботаника буда доимо кушишу ғайрат менамоянд, ки савияи дониши худро баланд бардоранд. Ҳоло лаборантони кафедра: Ҳасанова З.Х. ва Олимова Н.Р. ба сифати унвонҷу дониши худро сайқал дода ният доранд дар оянда рисолаҳои худро ҳимоя намоянд.


Лаборантҳои кафедра ҳангоми тайёр намудани маводҳои дарси аз фанн «Анатомияи растаниҳо» аз чап Олимова Бибинор ва аз рост Ҳасанова Зарина (2018)


Лаҳзаи дарс аз фанни «Систематикаи растаниҳо» (2018)