ОРМОНЕ, КИ БА ВОҚЕИЯТ ТАБДИЛ ШУДААСТ

434

Дар фаҳми умум, мо ҳама ҳодисоти гузаштаро ба таърих нисбат медиҳем. Ба иттифоқи назари олимони ин соҳа, таърих маҷмӯи муносиботу ҳодисот ва таҳаввулоти олами ашё дар сатҳи иҷтимоъ аст.

Муҳаррикони таърих аз рӯи ин тасаввур оммаи васеи мардум ва ҷомеаҳост, аммо мундариҷаи онро корномаҳо ва хираду заковати шахсиятҳои бузург фароҳам меоранд. Чизи дигаре, ки пайваста бо таърих тағйиру такмил мешавад, фарҳангу тамаддунҳои башарист. Ҳамин тавр, таърихи инсоният шоҳиди борҳо тавлиду шикаст ва эҳёи садҳо ҷомеаи фарҳангиву сиёсӣ будааст, аммо чизе, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нобуд намешавад, ҳофизаи таърихист. Зиндагии шоиста дар як ҷомеаи фарҳангӣ, дар як муҳити созгор барои рушду таҳаввул, дар як кишваре, ки бо ҷамъияти афродаш дар ҳоли ваҳдат бошад, орзуи ҳамешагии одамон будааст.

Ҷамъи ин орзуҳо дар шакли идеяҳо, таълимоту андешаҳои иҷтимоӣ, консепсияҳо ва анвои дигари ифодаи ниёзҳои фикрӣ дар тӯли таърих баён мешуданд ва муассиртарини онҳо дар амал татбиқ мегардиданд.

Зербинои давлат будани адолатро ҳам Афлотун ва ҳам Абдураҳмони Ҷомӣ, яке дар аҳди хеле қадим ва дигаре дар асрҳои миёна, махсус таъкид кардаанд. Дар Ғарб, дар замони нав ақидаҳо дар хусуси арзиши олӣ будани давлат ва бидуни он имкони рушд наёфтани миллатҳо баён шуд, Ҷон Локк ва Томас Гоббс барин андешамандони бузург моҳияти давлатро дар ҳаққи мардум ба ҳаёт, озодиву моликият медиданд.

Гегел мегуфт, ки вазифаи давлат ҳамин аст, ки саодати маънавии мардумро таъмин кунад, ниҳоятан дар авохири қарни XIX уламои ҷомеашиноси олмонӣ ба ин фикр расиданд, ки беҳтарин шакли зистгоҳи якҷояи мардум давлати иҷтимоӣ ё давлати некуаҳволии умумист.

Ниёгони бузурги мо низ дар саргаҳи афкори ҷомеашиносиву давлатсозӣ будаанд. Се ҳазор сол қабл, дар “Авасто” аломати асосии саодати ҳар ҷомеа – сулҳу сиҳҳати мардум номбар шуда буд. Зиёда аз ин, нахустин бор дар таърих идея ё фалсафаи таҳаммулгароиву ҳамзистии осоишта маҳз дар ҳамин китоби муқаддас ифода гардид. Чунончи: “Мо сулҳу сиҳҳатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам шиканад, бишавад, ки мо бо ҳама ростон, ки дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳастанд, ҳамкор бошем ва ба ҳамдигар муҳаббату ёрӣ намоем…”.

Мисоли дигар, Эъломияи Куруши Кабир аст, ки дар он на фақат ваҳдати як қавму кишвар, балки ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳои олам ҳамчун бузургтарин арзиши олами модӣ эътироф шудааст. Боз як мисол. Пири муршиди мо – Ҷалолуддини Балхӣ маъруф ба Мавлонои Рум аз поягузорони фалсафаи ваҳдати умумибашарӣ буд, ки маҳз ба ҳамин далел “Маснавӣ”-и ӯ дар дунёи Ғарб ҳамчун беҳтарин китоби олам дар дунёи муосир муаррифӣ шуд.

Аммо чӣ шуд, ки 29 сол қабл, дар оғози марҳилаи тиллоии истиқлоли кишвар бо ин ҳама хирвори пур аз панду мавъизаи зиндагии босаодат ва ғояҳои оламшумули ҳамдиливу ҳамнавоӣ гирудоре басо мудҳиш миёни тоҷикон амри воқеъ шуд? Ин суолест, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили Паймони ваҳдати миллӣ бо он рӯбарӯ мешавем ва посух меҷӯем.

Аммо посухаш чун шуълаҳои хуршеди тобон ҳамеша рӯшан аст: ҳеҷ миллате, ҳеҷ қавме, ҳеҷ ҷомеае ва ҳеҷ кишваре бидуни каҷандешону рахнакорон, бидуни манфиатхоҳону шуҳратталабон нест.

Ба хотири манофеи гурӯҳиву ҳизбиву эътиқодиву дигар авомил як идда мардуми ҷаҳолатпеша хост, ки самти табииву ростини таърихро тағйир диҳад ва чунин амали нопок Тоҷикистони азизро тӯли панҷ сол ба хисороти азиме дучор намуд. Ин ҷанги таҳмилии бунёдсӯз ҷони садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро рабуд, ҳазорон тифлро аз волидон ҷудо кард, иқтисоди мамлакатро ба дараҷае поин овард, ки дарёфти як луқма нон ҳадафи ҳаёти одамон гардид…

Сабақи таърих гӯё кор надод, таҷрибаи суқути давлати Сомониён дарси ибрат нашуд. Гап сари ин аст, ки миллати тоҷик дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расида буд, сарзаминҳои паҳноваре дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудрати хешро касб карда буд. Аммо, тавре ки мегӯянд, бало аз дарун бархост ва ин кишвари паҳновару мутараққӣ ба ихтиёри онҳое гузашт, ки тарҳи парокандагии онро хеле бо диққат кашида буданд. Сомониён натавонистанд, ки як стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд, баъдан адолати иҷтимоӣ низ дар баробари дигар авомил нуқси зиёде пайдо карда буд.

Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кӯҳдоманҳое аз Бухорои Шарқӣ насиб гардид, ки аз сад яки он сарзамини таърихӣ ҳам нест.

Хуб, ин дарс ва сабақи таърих аст, ки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,

Ҳалла бархез, ки андеша дигар бояд кард…

Агар ин ҷанги таҳмилӣ панҷ сол идома ёфта бошад, пас, ба иттифоқи назари иқтисоддонҳо, то соли 2010, яъне 13 соли дигар лозим шуд, ки харобаҳои он аз нав обод шуда, рушди устувори иқтисодиёт таъмин карда шавад.

Омили бунёдии дигар, ки онро метавон бо дили пур муъҷизаи таърих гуфт, сари ҳокимияти он замон валангору бесоҳиб омадани шахсияти худододе дар симо ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳама корномаҳои ин марди шарифро як сӯ гузошта, танҳо ду сафари таърихии Пешвои миллат, яке 19-уми майи соли 1995 ба Кобул ва дигаре – моҳи декабри соли 1996 ба Хосдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон анҷомшударо ба хотир орем, ҷасорату ҷонфидоии Сарвари тоҷикон чун ойина рӯшан хоҳад шуд.

Ба хотири сулҳу ваҳдат ҷон ба каф гирифтану барои наҷоти мардум андешаи зиндагии хеш накардан меъёри ҳамарӯзаи фаъолияти Роҳбари давлат дар тамоми марҳилаҳои расидан ба сулҳу субот буд.

Инро ҳамасола дар остонаи Рӯзи Ваҳдат мегӯем ва итминони комил дорам, ки баъди ҳазор сол низ пасояндагони ин миллати қадршинос такрор хоҳанд кард. Чор соли гуфтугузори доимӣ, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ – чунин аст роҳи пурпечутоби расидан ба даври ниҳоӣ, ки 27-уми декабри соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав амри воқеъ шуд.

Ҳоло дар мавриди нақши шахсиятҳо дар масири таърих гуфторҳои зиддунақиз зиёд аст, бархе онро инкор ва аксаран тасдиқ мекунанд. Аз зумраи онҳое, ки нақши шахсиятҳои бузургро дар таърихи башарият тасдиқ кардаанд, файласуфи бузурги олмонӣ Иммануил Кант аст. Ӯ менависад: «Таърихро шахсияти бузург месозад, агар ӯро миллионҳо дастгирӣ намоянд».

Ин ҷумла як ҷаҳон маънӣ дорад ва аз ҳама беҳтар ба воқеияти кишварҳое рост меояд, ки дар марҳилаҳои мушкили буду набуд қарор дошта, тавассути ақлу фитрати фарогири шахсиятҳои бузургашон рӯ ба наҷот оварда, аз нав сабзидаанд. Таърих боз гувоҳӣ медиҳад, ки ин гуна шахсиятҳо дар вазъияте зуҳур мекунанд, ки кишварҳои алоҳида ба фоҷиа гирифтор ва сарнавишти давлатҳо дар тахтаи шатранҷи абарқудратҳои бозингар уфтодаанд.

Дар ин гуна бунбаст ду омил метавонад пару боли онҳое бошад, ки ба мардум раҳи наҷот аз вартаи нобудӣ ва дарёфти рушноиву саодатро таъмин кунад: омили нахуст шӯру шавқи беандоза барои наҷоти миллату давлат, ки аз сарчашмаи муҳаббати поку беолоиш нисбат ба меҳану афроди он об мехӯрад ва дигаре – хиради фитрӣ ва заковате, ки манбаи он фарҳанг ва тамаддуни ҳамон миллату кишвар аст.

Ба ҳам омадани ҳамин ду омил, бариловаи ҷасорати шахсӣ, дарёфти таносуби манфиатҳо ҳангоми қабули қарорҳо шахсиятро ба сатҳи таърихофарӣ мебарад.

Ин гуна шахсияти таърихсоз, бешакку шубҳа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин андеша аллакай дар китоби таърихи нави давлат ва мардуми Тоҷикистон бо ҳуруфи заррин сабт шудааст.

Дар аснои ин нигошта мехоҳам ба як масъала рӯшанӣ андозам. Инак, соли 24-ум аст, ки мо дар шароити сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати воқеӣ ба сар мебарем. Ба эътирофи коршиносони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳои рӯ ба тараққӣ шомил шуда, марҳилаи рушди устуворро сипарӣ карда истодааст. Ҳамасола даҳҳо лоиҳаҳои иқтисодӣ амалӣ мешаванд, Конститутсияи мамлакат дар радифи панҷ конститутсияи беҳтарини кишварҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо эътироф шудааст, дар ҳама соҳаҳо инкишофи тадриҷӣ ва зина ба зина ба чашм мерасад, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ давлати моро аз амнтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор овардааст.

Ин чанд далел муште аз хирвор аст, ба номбар кардани ҳамаи барору дастовардҳо боз як матлаби дигар лозим мешавад.

Табиист, ки сарчашмаи ҳамаи ин беҳбудиҳо ваҳдат аст, на чизи дигар. Ба қавли дигар, нуқтаи сарҳисоби пешрафтҳо суботу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист. Мутаассифона, чанде аз мунаққидони сарсахти мо, ки дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон сокин шудаанд ва бидуни овардани номҳояшон маълум, ки киҳо ҳастанд, ҳамеша дар остонаи ин ҷашни воқеан муқаддаси мардумӣ иддао мекунанд, ки чаро мо ҳамеша аз ваҳдат сухан мегӯем…

Гӯё такрори ҳамешагии як маъно ё як андеша аз набудани он гувоҳӣ медода бошад. Гӯиё мо аз он чизе сухан мегӯем, ки дар воқеият нест…

Ба онҳо посух бисёр осон аст: магар доимо аз Хуршед, Ватан, Модар, Некӣ, Бародарӣ, Муҳаббат ва мисли ин мафҳумҳои арзишманд зиёд сухан гуфтан маънои набудани онҳоро дорад? Дар бораи модар аз даврони устод Рӯдакӣ то кунун он қадар ашъор ва суханҳои ибратомӯз гуфтаанд, ки шояд ягон бинои муҳташами ин шаҳр он миқдор китобҳоро дар худ ғунҷонида натавонад. Ва боз мегӯянд ва оянда ҳам хоҳанд гуфт, зеро меҳри модар чун зиндагӣ интиҳо надорад…

Дар бораи ватан, халқ, ишқу муҳаббат, некиву накукорӣ, дасти барҷомондагонро гирифтан низ то замони мо ҳазорон ҳазор китоб нашр шуда, имрӯзу фардо ҳам интишор хоҳад шуд. Ваҳдат низ аз ҳамин қабил мафҳумҳо ва маъноҳои муқаддас аст. Шоирон дар васфи ваҳдат ҳамеша шеър мегӯянд, олимон пажӯҳиш мекунанд, сарояндагон месароянд. Ва ин силсила охир нахоҳад дошт, зеро ваҳдат сарчашмаи ҳама хубиҳо ва беҳбудиҳост, манбаи асосии неру гирифтани ҷавҳари маънавияти мардум аст, моҳияти истиқлол аст.

Агар истиқлол ҳастии воқеии миллату давлат бошад, пас, ваҳдат пойдевори маънавияти ӯст. Ба қавли Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлол бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад”.

Ваҳдат ҳамеша дар муқобили парокандагӣ, хушунату озор ва машаққат қарор дорад. Ҳар гоҳ ки аз ваҳдат сухан гӯем, дар муқобили он нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур мешавад.

Дунё ҳамеша чунин будааст, ки зиддиятҳое, аз қабили рӯшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, росту дурӯғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаргӣ, ҳушёриву девонагӣ ва ғайра миёни ҳам дар набарданд.

Ҳамин зиддиятҳост, ки инсоният ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсад, дар ташхиси муайян кардани неку бади зиндагӣ бо раҳнамоии хирад ихтиёр дошт ва дорад. Агар иродаи инсон ба сӯи бахту саодат бошад, ӯ раҳи ростро интихоб мекунад ва агар баръакс бошад, вайрониву зулмот чун ғубори зимистонӣ пеши чашмонашро хира хоҳад кард.

Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки беш аз ҳаштод тамаддуни инсонӣ дар масири таърих аз набудани ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб ва ба футур рафтани ахлоқи поки инсонӣ таназзул ёфтаанд.

Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.

Қавмҳо ва давлатҳое, ки ба авҷи тамаддун расида буданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зарарнок, ҳамчунин, бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллии худро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд.

Ана ҳамин андешаҳо боиси он мешавад, ки мо бояд ҳамеша аз ваҳдат сухан кунем, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва ба наслҳои оянда сиҳату бегазанд расонем.

Фарҳангшиносон се зинаи такомули фарҳанги башариро мушаххас кардаанд, ки яке ба дигаре роҳ мекушояд, аввалан, фарҳанги як қавм ё этнос, баъдан милливу минтақавӣ ва сониян – умумибашарӣ. Ҳар се аз навъҳои номбаршудаи фарҳангро маҳз ваҳдати сартосарии миллӣ оғоз ва тақвият мебахшад.

Аслан бидуни ваҳдат наметавон дар бораи ягон навъи фарҳанг ҳарфе гуфт. Аз ҷониби дигар, миллати куҳанбунёди тоҷикро маҳз фалсафаи қадимаи муросою мадорояш ҳусни ифтихор мебахшад, ки сароғози ин фалсафа низ ваҳдати миллист.

Бубинед, ки аз ҳар илме, аз ҳар назарияву таълимоте сухан накунем, ҳамоно бояд зикри ваҳдат кунем, мисли таҳкурсие, ки бидуни он биноеро сохтан имкон надорад.

Дар интиҳои ин гуфтор хостам шеъре муносиби хотимаи ин мавзӯъ интихоб кунам. Аз ин чаҳорпораи Аллома Муҳаммади Иқбол беҳтар ба назарам чизе нанамуд:

На афғонему не турку таторем,

Чаманзодему аз як шохсорем.

Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,

Ки мо парвардаи як навбаҳорем…

Дар интиҳо якояки Шумо, азизонро, бо ин ҷашнвораи хеле муқаддасту гиромӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯям ва орзу мекунам, ки хуршеди тобони ваҳдат ҳазорсолаҳо дар осмони софу беғубори ин миллат шуълапошӣ кунад.

Хушвахтзода Қ.Х.,

ректори ДМТ, профессор

Эзоҳ: Сипос ба ҳайати эҷодии нашрияи «Фараж», ки мақолаи мазкурро ба табъ расонид!