Шуъбаи магистратураи ДМТ

Мудир – Сайдализода Шодмон Абдувоҳид, номзади илмҳои филология

Сайдализода Ш. А. 17 майи соли 1989 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи коргар таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2006 ба шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2011 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Баъди хатми Донишгоҳ солҳои 2012-2015 дар шуъбаи рӯзона ва баъдан ғоибонаи аспирантураи назди кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ таҳсил намуда, дар мавзуи «Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти Масъуди Саъди Салмон» рисолаи номзади дифоъ намудааст.

Аз соли 2014 то соли 2019 дар вазифаи ёвари муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2019 то имрӯз мудири шуъба магистратура ва ҳамзамон муаллими калонии кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ мебошад.

Шуъба магистратураи ДМТ

Шуъбаи магистратура ҷузъи таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба татбиқи барномаҳои магистрӣ дар тамоми самтҳои тайёр кардани магистрантон, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар магистратура, таъмини рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалии магистратураи ДМТ амалӣ месозад.

Бахш бо фармоиши ректори донишгоҳ дар заминаи шуъбаи омоданамои кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДМТ таъсис ёфтааст. Шуъба дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, ҳамчунин, муқаррароти Низомномаи шуъбаро ба роҳбарӣ мегирад.

Шуъбаро дорои вазифаҳои зерин мебошад: роҳнамоии барномаҳои магистрӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии мутахассисон, такмили сифатҳои кори онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои нави меҳнатӣ; ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, ташкилӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ҷиҳати таъмини ягонагии низоми талабот ба ташкил, шартҳои татбиқ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои тайёр кардани магистрантон; банақшагирӣ ва ташкили раванди таълими магистрантон; ташкил ва баҳисобгирии ҳаракати ҳайати магистрантон.

Шуъба бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ ҳамкорӣ мекунад.

Суроға: Бинои асосии ДМТ, 3 ошиёна, бахши магистратура

Тел.: 227.66.66.

Почтаи электронӣ: magistr-dmt@mail.ru