Маълумоти умумӣ

Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо сохтори таркибии шуъбаи равобити байналмлилӣ буда, фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон, Низомномаи шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, фармишҳо ва дастурҳои ректори донишгоҳ амалӣ мекунад. Бахши мазкур ба фаъолияти инкишофёбандаи донишгоҳ маҳсуб ёфта, айни ҳол дар вазъияти худмуаррифӣ ва рушдёбанда қарор дорад.

Вазифаи бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо аз таъмини ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотӣ-методии фаъолияти донишгоҳ оид ба ҷалби сарчашмаҳои имконпазир ва иловагии маблағгузорӣ ба рушди ҷанбаҳои таҳсилотӣ, илмӣ ва тарбиявӣ, ноил шудан ба эътирофи нуфузи байналмилалӣ, пешниҳоди хизматгузориҳои таълимӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, воридсозии донишгоҳ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва хизматрасониҳои таълимии байналмилалӣ, ҷалби воситаҳои моддӣ-молиявӣ барои рушди пояи моддӣ-техникии донишгоҳ иборат мебошад. Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо дар коркарди лоиҳаҳои маблағгузорӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо донишгоҳҳо ва шарикони бахши молиявӣ-сармоягузорӣ ва таҳсилотии Тоҷикистон, таъминоти иттилоотӣ-услубии фаъолияти донишгоҳ дар самти коркард ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби грантҳо, омода ва баргузор намудани чорабиниҳои мақсадноки (тренинг, семинар, мизи муддавар, вохӯриҳо, суҳбатҳо, машваратҳо) иттилоотӣ-таҳлилӣ ва иттилоотӣ-таълимӣ миёни ҳайати устодону муҳаққиқон ва муҳасиллин, ҷустуҷӯйи шарикони ҳамкор миёни муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои нави таълим низ масъул мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо:

• ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба фаъолияти донишгоҳ;

• коркарди дархостҳои грантӣ ва сармоягузорӣ;

• пешниҳоди лоиҳаҳо ба ташкилотҳои маблағгузор;

• расонидани ёрии услубӣ ба ҳайати устодон, муҳасиллин ва гуруҳҳои ташабускори донишгоҳ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои грантӣ, сармоягузорӣ ва муштарак;

• ҳамоҳанг намудан ва қабули меҳмонони хориҷӣ;

• муаррифии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассиаҳои илмии ҳамкор ва самтҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ;

• ба роҳ мондани масъалаҳои табодули ҳайати устодон, кормандон ва муҳассилини донишгоҳ.

Ташкили банақшагирӣ ва назорат аз рӯи татбиқи лоиҳаҳо ва грантҳо аз ҷониби факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба доираи салоҳияти бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо дохил мешавад.

Бинобар ин айни замон дар донишгоҳ татбиқи лоиҳаҳои зерин тадбиқ шудаистода

1. Лоиҳаи сохтмони бинои намунавии дуошёна барои Институти Конфутсияи назди ДМТ, ки дар ҳаҷми 800000 доллари амрикоӣ аз ҷониби Дафтари марказии Инстиути Конфутсияи Чин дастгирӣ ёфта буд, пас аз омодасозии тамоми ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ сохтмони бино идома ёфта истодааст.

2. Лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиологияи бунёдӣ ва татбиқӣ» (Network for improving research-based higher education in basic and applied microbiology), CPEA-LT-2016/10095. Барои солҳои 2017-2019, аз тарафи доварон дастгирии молиявиро сазовор гардид. Буҷаи умумии лоиҳа

3 млн. крони Норвегияро ташкил медиҳад. Дар лоиҳаи номбурда олимони мамлакатҳои зерин иштирок менкунанд Тоҷикистон, Армения, Гурҷистон, Узбекистон ва Норвегия. Лоиҳаи “Ҳамкориҳои Авруосиё-Норвегия дар соҳаи тадқиқот ва маориф дар самти муҳити микробиологӣ”, ки аз ҷониби Маркази биотехнологияи донишгоҳ бо Донишгоҳи Бергени Норвегия татбиқ мегардад имсол низ идома ёфт. Дар доираи ин лоиҳа олимони ДМТ дар Гурҷистон ва Норвегия сафар намуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом доданд.

3. Лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи биотехнологияи микробиологӣ» Network for research-based higher education in microbial biotechnology CPEA-LT-2017/10061, барои солҳои 2018-2021. Дар лоиҳаи номбурда иштироки олимони Тоҷикистон, Армения, Гурҷистон, Норвегия, Хитой, Қазоқистон ва Қырғызистон ба назар гирифта шудааст. Буҷаи умумии лоиҳа 3 млн. крони норвегияро ташкил медиҳад. Маблағгузории лоиҳа аз 1 июли соли 2018 оғоз ёфт.

4. Лоиҳаи COMPASS «Фарогирии иқтидор – Бунёд дар ҳусни ҳамҷавории Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ: ҳамгироии илмӣ, идоракунии таъсирбахш ва ҷомеаи устувор» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳҳои Кембриҷ, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии Самарқанд идома дорад.

5. Лоиҳаи “Китобхонаҳо дар хатари нобудшавӣ”, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории китобхонаи Лондон амалӣ мегардад, низ идома ёфта истодааст, ки барои нухсабардорӣ намудан ва ба Тоҷикистон овардани дастхатҳои адибони тоҷик, ки дар китобхонаҳои Чин ва Ҳиндустон маҳфузанд, нигаронида шудааст. Маблағи лоиҳа 223 483 сомониро ташкил медиҳад.

6. Лоиҳаи «TACES» “Мутоилоти аврупоӣ” дар доираи барномаи Erasmus+ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардид, дар соли ҷори ба итмом расид.

7. Лоиҳаи “EXTEND” – лоиҳаест, ки ба баланд бардоштани сатҳи таълим дар соҳаи инженерия равона шудааст ва ва аз ҷониби барномаи Erasmus+ маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳамкорони ДМТ дар доираи ин лоиҳа донишгоҳҳои ватанӣ (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кулоб ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) ва донишгоҳҳои Аврупоӣ (Донишгоҳи техникии Рига, Донишгоҳи давлатии Руминия ва Донишгоҳи Португалия) мебошанд.

8. Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон” аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи он 2 464 985 сомонӣ дастгирӣ ёфтааст. Мақсади асосии лоиҳаро беҳтаргардонии раванди таълим ва беҳтаргардонии ба кор таъминкунии хатмкунандагон тавассути ҳамкории донишгоҳ бо корфармоён ташкил медиҳад.

9. Лоиҳаи “Муҳити бароҳати таълимӣ — калиди бомуваффақияти таҳсилот” низ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи он 373 306 сомонӣ дастгирӣ ёфтааст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию зиндагӣ барои донишҷӯдухтарони дар хобгоҳи №7 донишгоҳ истиқомадошта, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо бо роҳи беҳтар намудани шароити иқомати духтарон дар хобгоҳ, дастгирии духтарон дар самти худинкишофёбӣ ва ташаккули малакаҳо барои васеъ кардани имкониятҳои ба кор таъминшавӣ ташкил медиҳад.

10. Дар доираи барномаи Эрасмус+ аз рӯйи барномаи табодули донишҷуён бо Донишгоҳи Александр Иоан Кузаи Руминия, Донишгоҳи Варнаи Булғория, Донишгоҳи Марбурги Олмон, Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон, Донишгоҳи Масариакаи Чехия, Донишгоҳи Тартуи Эстония низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.