• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ . 7 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд бо мақсади рӯшани андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёнаи номбурда Абдуллоев Рамзан, ки дар хатти сарҳади...
Имрӯз (5.06.2025) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ гардиданд. Ректори Донишгоҳ, профессор Назриддинзода Э.С. як зумра устодону донишҷӯёнро барои комёбиҳои илмӣ ва таълимияшон дар сатҳи байналмилалӣ самимона табрик намуданд. Аз ҷумла, муовини директори Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ Аловиддинзода Рухшона Аловиддин барои иштироки фаъолонааш дар Намоишгоҳи байналмилалии...
Устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар семинари илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Равандҳои муосир оид ба татбиқи барномаҳои таҳсилотии магистратура ва докторантураи Ph.D: таҷриба, мушкилот ва дурнамо”, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории ин...
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврас, боло бурдани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиш, инчунин тақвияти қобилияту малакаҳои зеҳнии хонандагон озмуни ноҳиявии “Чароғи маърифат” миёни хонандагони синфҳои 2 то 4 баргузор гардид. Дар ин чорабинии маърифатӣ дастаи Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда,...
2 июни соли 2025 дар толори IT PARK DUSHANBE маросими ҷамъбасти курси омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзид. Дар ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун маркази бонуфузи илмию таълимӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувору намоёнро дар низоми миллии маориф ишғол мекунад. Ин боргоҳи муқаддаси илму маърифат дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ҳазорҳо мутахассисони соҳибкасбро барои соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, илм ва фарҳанги кишвар омода намудааст. Мавқеи вежаи Донишгоҳи миллиро боз ҳам баландтар мебардорад он далел,...
Имрӯз (30.05.2025) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани руҳияи кӯдакон, арҷгузорӣ ба арзишҳои кӯдакӣ ва фароҳам овардани фазои шоду хуррам барои хонандагони хурдсол мебошад.
Имрӯз (29.05.2025) мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. бо ҳайати Донишгоҳи давлатии сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҳайати меҳмононро Ҷян Зэтин – Раиси Шурои роҳбарони донишгоҳи мазкур сарварӣ мекард. Ҳамроҳи ӯ дар мулоқот Лю Юн – роҳбари Раёсати ҳамкориҳо ва табодули байналмилалӣ, Ҷан Хонҷэ...
Имрӯз, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки то 31-уми май дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, семинари омӯзишӣ ва ё лексияи кушод баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки хонум Мусонда Мумба –...
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар ин замина, ҳамкориҳои судманди илмӣ ва таълимии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, профессор Кристофер Геррӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои илмӣ ва таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот, профессор Э. Насриддинзода ба меҳмони олиқадр оид ба...

Эълонҳо