ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ 760 ДОНИШГОҲИ ОСИЁ БА ҚАТОРИ БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ (401-450) ШОМИЛ ШУД

203

Ширкати британиягии рейтинги байналмилалии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиё— 2023 (QS World University Rankings: Asia 2023)-ро эълон кард. Тибқи радабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни якуним ҳазор донишгоҳ, ки аз ин 760 донишгоҳ ҳамчун донишгоҳи беҳтарин интихоб шуданд, дар қатори 401-450 донишгоҳи беҳтарин шомил шуд.

Дар шарҳи ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» омадааст, ки самти равобити байналмилалӣ ва имкониятҳои таълим, аз қабили табодули академӣ, таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои илмию эҷодии хориҷи кишвар мавриди назар қарор дода шудааст.

Қобили қайд аст, ки барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳсилотӣ ва фарҳангӣ бо макотиби олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ мебошад. Имрӯз донишгоҳ бо зиёда аз 350 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хорҷи кишвар созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки пайваста бо ҳамтоёни хориҷӣ равобити судмандро ба роҳ мемонад.

Имрӯз донишгоҳ дорои 19 факултет, 125 кафедра, 124 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад. Донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст.

Таъкид менамоем, ки дар рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиё— 2023 (QS World University Rankings: Asia 2023), ки якуним ҳазор донишгоҳҳо иштирок доштанд, 760 донишгоҳ радабанӣ шуданд, ба мисли ҷойҳои 1,2,3… ва ҷойҳои аз 300 то 350, аз 400 то 450…. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори 401-450 ҳамчун донишгоҳи беҳтарин интихоб шуд.

Ёдрас мешавем, ки ширкати мазкур соли 2021 рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ( QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро гузаронида буд. Тибқи радабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни 450 донишгоҳи беҳтарин (соли 2023 – 760 донишгоҳ), ҳамзамон, иштирокчӣ (соли 2023 – 1500 донишгоҳи иштирокчӣ) дар қатори 241-250- ум қарор додшт.

Ин дастоварди бузург ба ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва алоқамандони он муборак бошад!