ИҚТИСОДИЁТ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

420
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Соли 2021 бобаракату пур аз саҳифаҳои рангин аст ва, дар ҳақиқат, чанде баъд “яке аз солҳои таърихиву фаромӯшнашаванда барои миллати тоҷик паси сар мегардаду марҳилаи нави инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ оғоз меёбад”. Ин нукта муқаддимаи Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бидуни тардид таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ватани маҳбубамон дастовези зиёде дошт. Аз хотирҳо зудуда намешавад, ки тайи се – чор сол дар заминаи шукуҳу ҷалоли ин ҷашни бузурги таърихӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 25 000 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт ва ин далели возеҳи пешрафти иқтисодии кишвар аст.

Таҷрибаҳо ва назарияҳои гуногуни илмӣ собит кардаанд, ки кишварҳои гирифтори буҳронҳои иҷтимоиву сиёсӣ даҳсолаҳо дар асорати буҳрони иқтисодӣ мемонанд. Ҳамзамон, давлатҳое низ ҳастанд, ки аз оташи ҷангу нифоқу буҳронҳо берун омада, ғайричашмдошт ба пешрафти бузург ноил гардидаанд ва Тоҷикистонро метавон ба ин гурӯҳ дохил намуд. Дуруст аст, ки як даҳсолаи истиқлолияти мо бо барқарорсозии сулҳу рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ гузашт. Танҳо нангу номус ва муттаҳидии халқи тоҷик боис гардид, ки таҳаввули иқтисодӣ ба вуҷуд ояд ва шароити зиндагии ҳамватанон сол ба сол беҳ гардад.

Дар Паём бо қиёс пеш овардани дастовардҳои иқтисодӣ ҳар яки моро водор менамояд, ки ба гузаштаи на чандон дури кишвар ба дидаи таҳқиқ нигарем. Масалан, агар соли 2000 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,8 миллиард сомониро ташкил диҳад, пас соли 2021 ин нишондод ба 28 миллиард сомонӣ расид. 53 баробар зиёд гардидани ММД ва 111 баробар зиёд гардидани Буҷети давлатӣ барои кишвари ҷангдидаи мо дастоварди бесобиқа аст. Дар ин давра бунёди зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатиро чор маротиба афзоиш дод. Маҳз дар ин замина, ҳадафи чоруми старатегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ба миён омад.

Кишвари аграрӣ будани Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қатъи назар нест, балки ривоҷи соҳа сатҳи зиндагии мардумро боло бурда истодааст. Худ тақсими заминҳои президентӣ дар шароити ниҳоят душвори буҳрони иқтисодӣ (солҳои 1992 – 1998) як омили муҳиму устуворе дар роҳи пешгирӣ ва рафъи гуруснагӣ буд.

Тавре дар Паём зикр гардид, танҳо дар бист соли ахир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар замини обӣ ва 86 ҳазор гектар заминҳои дигар, ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардид. Ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин давра 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ ба шароити беҳтари истиқоматӣ ноил гардидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳафтод соли даврони шӯравӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин барои манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо ҳазор гектар заминҳои лалмӣ обёрӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қиёс бо соли 1992 чор маротиба – аз 11 миллиард сомонӣ ба 40 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамчунин, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ нақши бузург дорандМамлакати мо тайи ду даҳсолаи ахир ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Дар муддати ниҳоят кӯтоҳ амалӣ гардидани 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ дастоварди беназир аст.

Ба чунин пешрафт дар замони Шуравӣ даст наёфта будем. Як давлати абарқудрат натавониста буд, ки дар Тоҷикистон, ақаллан, як нақберо ба истифода диҳад, ки ривоҷи иқтисодиёташро таҳрик бахшад. Доштани шоҳроҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ орзу буданду халос. Файзи истиқлолият, роҳнамоии Пешвои миллат ва нанги баланди мардуми сарафрозамон аст, ки дар ин муддат 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта бунёд ёфтанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои фаъоли сайёра аст, ки бо истеҳсоли энергияи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозааш дар минтақаву ҷаҳон эътироф пайдо кардааст. Ҷумҳурии мо соҳиби бузургтарин НБО-ҳо мебошад ва дар радифи онҳо дар ин солҳо 287 неругоҳи барқии обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар, навсозӣ гардид. Ба вуҷуд овардани системаи ягонаи энергетикӣ дастоварди бузург мебошад ва табиист, ки дар сурати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ (бунёди пурраи НБО-и “Роғун”) Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ ва тавонои содиркунандаи неруи барқ табдил меёбад. Заминаи ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, аллакай, гузошта шудааст ва имтиёзу сабукиҳо дар бахши андоз барои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат аз ҷумлаи онҳост.

Таҳлилҳои иқтисодӣ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳар як далелу рақами овардашуда (8 миллион нафар истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ, 4,2 миллион истифодабарандагони интернет, беш аз 2 миллион воситаи нақлиёти шахсӣ, дар даҳ сол 30 миллиард сомонӣ масраф кардани аҳолӣ барои интернет, 109 маротиба нисбат ба соли 2000 зиёд гардидани пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ва ғ.) гувоҳи тағйир ёфтани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ тайи ду даҳсолаи ахир аст. Албатта, ҳанӯз вазифаҳову масъулиятҳои наву зиёд дар пешанд ва Пешвои миллат ин уҳдадориҳоро (зиёд гардондани ҳаҷми ММД бо назардошти 11 миллион нафар афзоиш ёфтани аҳолӣ, бунёди 870 корхонаи саноатӣ, ба 95 миллиард сомонӣ расондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, зиёд кардани даромади пулии аҳолӣ бо назардошти то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси 200 ҳазор ҷойҳои нави кор танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмин кардани рушди саноати сабук, бунёди панҷ маҷмааи коркарди ниҳоии пахта, татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва ғ.) мухтасар зикр намуданд. Бешубҳа, Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 як такону таҳрики бузурге дар пешрафти иқтисодии кишварамон хоҳад буд.

Тавре ишора шуд, вазифаҳову уҳдадориҳову масъулиятҳои боз ҳам бузургтар халқи шарафманди моро дар пеш аст. Ҳар яки мо дар ин самт ҳисса гузошта метавонем, агар ин таъкиду ишораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳем: “Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонад”.