Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

289

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ . 7 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд бо мақсади рӯшани андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёнаи номбурда Абдуллоев Рамзан, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шудааст, ният дошт ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулюкта мустақар буданд, муроҷиат кунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, вобаста ба мақоми иҷтимоии худ (муаллими таърих) Абдуллоев О.Х. нишон надодааст, вале  ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷаи он вай ярадор гардидааст.

Айни замон Абдуллоев О.Х. дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ аст.

Мақомоти дахлдори ду давлат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Вазъият дар марз таҳти назорат қарор дорад.