МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМ

445

Ҷавонони кишвар он қишри созандаву бунёдкори ҷомеа мебошанд, ки ба таври пайваста дар мадди назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Саҳеҳ будани андешаи болоро мазмуни нуктаҳои гуногуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» собит намуда метавонанд. Такя ба неруи ҷавонон яке аз самтҳои аслии сиёсати феълии давлату ҳукумат ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумат ба ҷавонони кишвар боиси он гардидааст, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи мо дар таҳаввулоти доимӣ қарор дошта бошад. Зеро ин нерӯ ҳамеша бунёдкору созанда мебошад ва садоқату муҳаббати ҷавонон ба ватан дар шароити имрӯза беш аз ҳарвақта заруртар мебошад. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бовар доранд ва ба неруи онҳо баҳои баланд низ медиҳанд: «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Хукумати мамлакат мебошанд». Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир дар масъалаи тарбияву соҳибкасб гардидани ҷавонон қадамҳои устувор гузоштааст. Таъсиси макотиби зиёди оливу миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо, муассисаҳои тафреҳиву варзишӣ ва амсоли он дар ихтисосманд гардидану тарбияву муттаҳидсозии ҳамаҷонибаи ҷавонон мусоидати амиқ намудааст. Дар ин самт роҳандозии сабқату озмунҳо ба як омили таконбахши тарбияву камоли наврасону ҷавонон табдил ёфтааст.

Дар робита ба ин Пешвои миллат дар заминаи ташкили озмунҳои гуногун дар чанд соли охир таъкид намуданд, ки «…ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару донишдӯст ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем». Дар раванди ҷаҳонишавии мураккаб масъалаи ватандӯстиву худшиносии миллии ҷавонон дар Паёми имсола мавқеи муҳим дошт. Дар ин самт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди бештарашонро ба қишри созандаву бунёдкори ҷомеа – ҷавонон иброз дошта, донишомӯзиву маърифати баланди онҳоро яке аз шартҳои асосии пешрафту шукуфоии ватан арзёбӣ намуданд. Маърифату маънавиёти баланди ҷавонон дар равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳукми ногузир буда, ғафлату гирифторӣ ба ҷараёну ҳаракатҳои хавфнок монеаи бузурге дар роҳи сулҳу суботи ҷомеа дониста шуд. Дар робита ба ин масъала дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чунин таъкид гардид: “…Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад”. Ҷои инкор нест, ки дар равандҳои мураккаби глобалӣ маърифату худшиносӣ ва донишҳову ҷаҳонбиниҳои ҷавонони кишвар кафолати суботу амният ва пешрафту шукуфоии имрӯзу фардои ватани мост. Паҳлуҳои хосу ҳассос дар муҳиту фазои мураккаби ҷаҳонишавӣ аз мадди назари Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ дур қарор намегиранд ва, аз ҷумла, дар Паём ба масъулин ишора гардид, ки бояд ҷавонони кишвар бо донишу маърифати баланд ҳамқадами замон бошанд: “Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои итттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Тавре ишора гардид, имрӯз шароити мусоид барои таълиму омӯзиши ҷавонон дар ватанамон фароҳам омадааст. Ҳамчунин шумораии муайяни донишҷӯёни мо имрӯз дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Яъне дар ҳама самтҳо системаи маорифу илм нисбат ба маърифату донишандӯзии ҷавонон таъсиргузор аст ва ба таъбири Пешвои миллат бидуни маориф як қадаме ба пеш рафта намешавад. Дар ин ҷода танҳо масъулияту завқи шоистаи ҷавонон нақши муҳим дошта метавонад. Имрӯз насли калонсол барои бедор сохтани шавқу завқи ҷавонон ва роҳнамоӣ кардани онҳо барои бунёди ҷомеаи пешрафтаву устувор масъулияти бештар дошта метавонанд. Нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна созмону ҳаракатҳои мамнӯъ ва хатаровар дар аксар маврид ба мавқеи насли калонсол вобастагии зиёдтар дорад. Дар ин масъала нақши оила меҳварӣ мебошад ва танҳо оила дар навбати аввал ба таври густурда муваззаф аст, ки фарзанди наврасу ҷавонро аз роҳи нодуруст баргардонад. Дар ин замина муроҷиати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модарон барои шароит муҳайё кардан дар таҳсилу омӯзиши фарзандон маънои онро дорад, ки заминаи аслии тарбияи ҷавони ватандӯсту садоқатманд ин оила мебошад.

Ализода Мирзоулуғбек Раҳматулло, подполковник, сардори сикли тайёрии техникии кафедраи ҳарбии ДМТ