НАЗАРИ КОРШИНОСОН ВА ОЗМУН БАҲРИ ҚАЛАМКАШОН

241

Имрӯз (30.08.2023) бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «НБО-и «Роғун» ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур аз иқдомҳои назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сохта ба истифода додани НБО-и «Роғун» ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бунёдгузори ин кохи муҳташами нур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгирона ва хастанопазири ин абармарди арсаи таъриху тамаддун бунёди НБО-и “Роғун” рӯйи даст омад ва имрӯз ҳазорон нафар сохтмончиён, муҳандисон ва дигар мутахассисон дар ин майдони нангу номуси миллӣ ба таври шабонарӯзӣ кору фаъолият мекунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки НБО-и “Роғун” на танҳо аҳаммияти муҳимми энергетикӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, балки аҳаммияти сиёсии он низ қобили мулоҳиза ва зикри хос аст. Пас аз бунёди НБО-и “Роғун” Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтидори бузурги энергетикӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад шуд. Вобаста ба ин робитаҳои хориҷӣ низ дар сатҳи нав хоҳад баромад ва бо нигоҳи тоза тадриҷан таҳким хоҳад ёфт.

Дар идомаи конференсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳисайн дар мавзӯи “Нақши НБО-и “Роғун” дар рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, декани факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ Иброҳимзода Илҳомиддин дар мавзӯи “Нақши НБО-и “Роғун” дар амалигардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат”, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод дар мавзӯи “Нақши НБО- и “Роғун” дар боло бурдани имиҷи давлат дар арсаи байналмилалӣ” ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодиров Некрӯз дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сохтмони НБО-и “Роғун”” суханронӣ намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо олимону муҳаққиқон ҷанбаҳои муҳимми бунёди НБО-и “Роғун”-ро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид доштанд, ки НБО-и “Роғун”, инчунин, дар таҳкими бовари мардум ба фардои дурахшони Тоҷикистон ва ҳамбастагии миллат нақши муҳим мебозад.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар сухани хотимавӣ аз боздиди ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба ин неругоҳи бузурги аср ёдоварӣ шуда, иброз дошт, ки НБО-и “Роғун” иншооти сарнавиштсоз ва рамзи барҷастаи ифтихори ватандорист. Боздид аз НБО- и “Роғун” барои аксарияти мо боиси таассуроти амиқ гардид ва дар андешаву афкори мо барои амалӣ кардани иқдомҳои тоза ангезае эҷод намуд.

“Бо таассурот аз сафар бо ҳайати васеъи ҳамкорон ба НБО-и “Роғун” пешниҳод мекунам, ки дар сатҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва берун аз он, яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷиҳати таълифи асарҳои хубу мондагор, ки арсаи заҳмати нангу номуси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва иншооти азими аср будани НБО-и “Роғун”, рӯҳияи қавӣ ва иродаи шикастнопазири бунёдгузори НБО-и “Роғун” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос ва барҷаста таҷассум намоянд, дар жанрҳои роман, қисса (повест), очерк, достонҳо (манзуму мансур), рубоӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ таҳти унвони “НБО-и “Роғун” ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он” озмун эълон менамоём” – иброз дошт Хушвахтзода Қ.Х..

(Маълумот ба пуррагӣ дар самти баргузорӣ ва талаботи озмуни мазкур баъдтар нашр мешавад).

Ҳамин тавр, ҳамоиш бо пешниҳод ва суолу ҷавобҳо дар самти баргузории озмуни мазкур, инчунин, андешидани тадбирҳои тоза дар самтҳои мухталифи НБО-и “Роғун” ба охир расид.