Имрӯз (04.03.2025) роҳбарият ва зумрае аз устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар намоиш-фурӯши китоб, ки таҳти унвони “Ҳадя ба модар” бахшида ба Рӯзи модар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок намуданд.
Ин чорабинӣ ҳамчун арҷгузорӣ ба меҳру муҳаббати модарон ва нақши бузурги онҳо дар тарбия ва...
Имрӯз (04.03.2025) бахшида ба Рӯзи модар дар толори асосии Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба зиёда аз сесад нафар бонувон гулҳои баҳорӣ тақдим гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт....
Дар доираи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Имрӯз (26.02.2025) бо мақсади рушди бештари ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи забономӯзӣ дар пояи кафедраи забонҳои хориҷии факултети...
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон имрӯз (25.02.2025) муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Аймират Кочмурадов мулоқот намуданд.
Сафири Ҷумҳурии мардумии Бангладеш (қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Узбекистон) доктор Муҳаммад Монирул Ислом зимни ташрифи худ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои илмию таълимии Бангладешу Тоҷикистон сухан намуда, таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷонибаро ҳадафи ташриф донист.
Муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ташрифи меҳмони олиқадрро ба Донишгоҳ...
Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо ибтикор ва ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати...
Имрӯз (21.02.2025) бахшида ба 32-юмин солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва зумрае аз роҳбарони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ аз кафедраи ҳарбии Донишгоҳ, аз ҷумла аз парки мошинҳои таълимӣ, ҷараёни дастҳои тайёрии оташфишонӣ, тайёрии...
Ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар доираи сиёсати...
Имрӯз (19.02.2025) дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳимиллии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-тарбиявӣбаргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф., сардори шуъбаи телевизиони ММИ-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Шарифӣ Б., декани факултети Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш., декани факултетижурналистика Ҳошимзода...
Имрӯз дар робита ба татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов мулоқот намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ рушди бештари ҳамкориҳо дар самти варзиш, хусусан дар робита ба баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар пояи Маҷмуаи муосири варзишии Донишгоҳ, инчунин, таҳким бахшидани фаъолияти...