• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 2
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани гувоҳномаҳо барои коршиносон (омӯзгор-тренер)- и масъалаҳои интихоботӣ баргузор гардид. Ин курси омӯзишӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Дар маросими супоридани гувоҳномаҳо Раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии...
Имрӯз (22.11.2024) дар доираи таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд. Омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир,...
Имрӯз (22.11.2024) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ устодону кормандон, донишҷӯёни фаъол: донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон...
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз21 октябри соли 2024, №705 бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва"Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидани соли 2024 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе Озмуни "Беҳтарин донандаи Конститутсия" ташкил ва баргузор гардид, ки дар он Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ...
Имрӯз (20.11.2024) дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Иброз гардид, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия...
Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарварона Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дар асоси қарори дахлдори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2024 Озмуни умумидонишгоҳии “Ихтироъкорони ояндасоз” аз рӯи 5 номинатсия ташкилу баргузор...
Имрӯз (18.11.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави амалишавии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 ҳамоиши илмиву назариявӣ оид ба рӯйнамоии китоби профессор Солиҳзода Давлат Қувват "Электродинамика" бо иштироки олимону муҳаққиқон баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ҳамоиш декани факултети физика Қодирзода З. суханронӣ намуда афзуд, ки...
Имрӯзҳо дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. намояндагони Донишгоҳ: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Яке аз ҳадафҳои сафар рушд бахшидани ҳамкориҳо дар самти забономӯзӣ мебошад.
Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва таҳкими амнияти умумибашарӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ҷалб менамоянд ва то имрӯз мавриди баррасии дақиқи ҷомеаи башарӣ қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд....
Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. намояндагони Донишгоҳ: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Дар доираи ин сафар ҷаласаи 15-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор...

Эълонҳо