Имрӯз (30.10.2024) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ...
Дар робита ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати қуқуқӣ” дар сохторҳои гуногуни мамлакат чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Аз ҷумла, имрӯз (28.10.2024) дар толори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар ҳошияи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нишаст бо сухани ифтитоҳии ректори ДМТ, профессор...
Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари таҳсил, инчунин, ба соҳаи варзиш низ шавқи зиёд доранд. Мусохон Ғаниев аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол ва дӯсторони варзиш мебошад, ки дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.
Ин навбат, Мусохон Ғаниев - донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ дар Мусобиқаи...
Имрӯз (25.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-слолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 20-солагии таъсисёбии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии “Рушди самтҳои нав дар илм: вазъи кунунӣ ва дурнамои он” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндагони ДМТ, олимону меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ дарҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ ва тафоҳумро бо тамоми мамлакатҳои олам боз намуда, бо аксари давлатҳои сайёра муносибати мутақобилан судманд дорад. Бо шарофати сиёсати хориҷии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муносиботи судманд пайваста таҳкиму густариш меёбанд.
Дар доираи рӯзҳои Ассамблеияи халқҳои АвруОсиё ва...
Бо чунин унвон имрӯз (24.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва омимону мутахассисони мухталифи соҳа конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ва бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.
Ректори Донишгоҳ меҳмонон ва иштирокчиёни...
Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ аз ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” боздид намуд. Имсол даврҳои гуногуни озмун дар пояи модию техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта истодааст. Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ шудааст.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав...
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои таърихӣ, аз ҷумла иди Меҳргон эҳё гардид. Сарчашмаҳоикуҳани таърихӣшаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.
Имрӯз (22.10.2024) дар Донишгоҳи миллии...
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти роҳбари бахши ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи идораи баҳодиҳӣ ва матбуоти Донишгоҳи Кембриҷ Стефен Ричард Кинг бо намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳо буд.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои шуруи ҳамкории дуҷониба миёни ДМТ ва Донишгоҳи Кембриҷ, сафарбар намудани мутахассисони байналмилалии ҷониби Британияи Кабир ба...