• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 4
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар фаъолона бо муассисаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо метавонанд дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, лоиҳаҳои тадқиқотӣ, семинарҳо ва конференсияҳо сурат гиранд. Бо ин мақсад имрӯз (05.05.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндаи ширкати суғуртавии...
Дар доираи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукмати кишвар ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раванди муҳими тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2024-2025 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ баргузор гардид. Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин амал имрӯз (05.05.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ маросими...
         Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастоварди бузурги халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, таҷлили ин ҷашни бузург ифодаи муҳаббати бепоёни наслҳои имрӯз ба гузаштаи  пурифтихор ва пос нигоҳ доштани хотираи иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз аст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боргоҳи илму маърифат ва муҳити намунавии тарбияти насли ҷавон буда, инҷо ёд овардани қаҳрамониҳои гузашта вазифаи ифтихории ватандӯстӣ ва...
Рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии...
Бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тақвияти қобилияти роҳбарӣ ва густариши донишҳои сиёсиву иҷтимоии донишҷӯдухтарон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” роҳандозӣ мегардад. Дар курсҳои мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Мақсад ва муҳиммияти курс аз инҳо иборат аст: Тақвияти худшиносӣ ва эътимод ба худ,...
Имрӯз, 1 майи соли 2025, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Футбол – омили муҳимми таҳкими сулҳ ва таъмини саломатии аҳолӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май таҷлил мегардад, роҳандозӣ шудааст. Ташаббуси баргузории он ба президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи...
Имрӯз, 30 апрели соли 2025, дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи электроникаи физикӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили муосири физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо» баргузор гардид. Чорабинӣ ба солҳои 2020–2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» бахшида шуда буд. Дар ҷараёни конференсия фаъолияти пурсамар ва...
29 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи Ассампшени шаҳри Бангкоки Тайланд нахустин Форуми ҳамкории консортсиуми омӯзиши байналмилалии Тайланд ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Фонди “Шоҳроҳи нави Абрешим” ташкил гардида, ҳадафи он таҳкими робитаҳои илмию маорифӣ миёни кишварҳои минтақа ва густариши ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти олӣ буд.
Имрӯз (29.04.2025) роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин дорандагони ҷоизаҳои илмию инноватсионӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ роҳбарият бо изҳори табрикоти самимӣ аз дастовардҳои илмию эҷодии устодону донишҷӯён ёдоварӣ шуданд. Муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. зимни суханронӣ...
Имрӯз (29.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба рӯзи забони фаронсавӣ, ба истилоҳ ҳафтаи «Франкофонӣ» чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. оғоз ёфт. Тавре гуфта шуд,...

Эълонҳо