Ҳамасола чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишасте бо довталабон, яъне хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо баргузор мегардад. Имрӯз (05.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С., садорати факултетҳо ва муовинони онҳо чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин нишаст омӯзгорону хамткунандагони мактабҳои миёнаи...
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон пайваста густариш меёбанд, ки дар ин замина ҳамкориҳои илмию таълимӣ низ рушд карда истодааст. Бо мақсади таҳким бахшидани ин ҳамкориҳо дар пояи кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази ҷопоншиносӣ таъсис дода шудааст.
Имрӯз (03.04.2025) дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф...
Ахбор
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат – заминаи стратегии густариши муносибатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати минтақавӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкории густурда менамояд.
Муносибатҳои дипломатие, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон барқарор шудаанд, муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ, эътимоду боварӣ ва муносибатҳои иқтисодиро байни кишварҳои бо ҳам дӯсту...
Эълонҳо
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «МАСОИЛИ МУБРАМИ ПСИХОЛОГИЯИ ОИЛА ВА МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ»
Кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 14-уми майи соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масоили мубрами психологияи оила ва муносибатҳои оилавӣ» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
нақши оила дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;
оила-асоси...
Имрӯз (02.04.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ва нақши он дар таҳкими ҳамкориҳои дӯстонаи кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни...
Эълонҳо
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТИ ТАЪЛИМИ ФАННИ МАНТИҚ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 2-юми майи соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зер баррасӣ мешаванд:
мақоми мантиқ дар такомул ва рушди донишҳои касбии донишҷӯён;
Эълонҳо
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРӢ ВА АМАЛИИ ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ МУОСИР»
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 1-уми майи соли соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масъалаҳои назарӣ ва амалии публитсистикаи тоҷик дар замони муосир» баргузор намояд.
Дар конференсия масъалаҳои зер баррасӣ мегарданд:
масъалаҳои шинохти публитсистика ва публитсистикашиносии...
Мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем.
Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои истиқлолияти давлатӣ сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона намудааст. Густариши ҳамкориҳои серҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ дархури манофеи миллии кишвар буда, роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри татбиқи амалии он пайваста...
Эълонҳо
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «ТАҲЛИЛИ ОМИЛҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ФАРҲАНГИИ РУШДИ ҶОМЕАИ ПАСОШУРАВИИ ТОҶИКИСТОН»
Кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 29-уми апрели соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Таҳлили омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди ҷомеаи пасошуравии Тоҷикистон» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
ҳсилот – омили рушди ҷомеаи пасошуравии Тоҷикистон;
ҳои...