Имрӯз, 28 марти соли 2025, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гурӯҳи донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки соли аввал аст дар факултети тиббӣ таҳсил мекунанд, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Ин инқдом барои донишҷӯён имкон дод, ки ба давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,...
Имрӯз (27.03.2025) бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯёни ДМТ дар ҳошияи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С., намояндагони...
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. устоди Донишгоҳ Холов Шералӣ Ибодуллоевичро барои ғолиб омаданашон дар озмуни байналмилалии илмӣ самимона табрик намуд.
Омӯзгори Донишгоҳ, муовини декани факултети таърих оид ба тарбия Холов Шералӣ Ибодуллоевич дар Озмуни байналмилалии тадқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ-омӯзгорӣ, ки таҳти унвони “Муҳаққиқи ҷавон” аз ҷониби Маркази байналмилалии тадқиқотии...
20 феврали соли 2025 Маркази байналмилалии таҳқиқотии "Endless Light in Science" дар Қазоқистон озмуни беҳтарин кори таҳқиқотиро баргузор намуд. Дар ин озмун мудири кафедраи стоматологияи терапевтӣ, дотсент Ҳамидова Т.М. бо мақолаи илмии худ таҳти унвони "Омӯзиши ҳолати даҳон дар кӯдакони гирифтори синдроми Даун" иштирок кард. Имрӯз барои беҳтарин кори таҳқиқотӣ бо диплом...
Кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 30-юми апрели соли 2025 конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Масоили муосири физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» баргузор мегардад.
Дар конференсия масъалаҳои зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
-...
Имрӯз (26.03.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббусҳои инсондӯстона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмӣ таҳти унвонии «Ташаббуси шоиста ва инсондӯстонаи Пешвои миллат - заминаи эҳёи арзишҳои миллию таърихӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ...
Ҳамкориҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик густариш меёбад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷаноби Осиф Алии Зардорӣ ба дотсенти кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳайдар Қурбонов мукофоти олии”Ситораи Қоиди Аъзам” тақдим шуд.
Дастовард муборак!
Ахбор
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд»
Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 897 нафар, аз ҷумла занону ноболиғон озод карда шуданд.
Дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии...
Ахбор
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “НАВРӮЗ – МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ”
Рӯзи 22 март дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз - мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла аҳли раёсат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи фестивал аз ҷониби намояндагони Донишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ,...
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.
Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва...