ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

180

Ҷиҳати титбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2013-2020» дар доираи Нақша-чорабиниҳои раёсат ва сохторҳои гуногуни донишгоҳ дар факултети биология миёни донишҷӯёни факултетҳои физикаю биология ҷамъомад доир гардид.

Дар оғоз декани факултети физика, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Давлат Солеҳов оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд.

Дар вохӯрӣ намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Каримзода, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ашӯров, сардори шуъбаи қонунгузории Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Коштизода, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Турсунзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Д. Шерматзода ва мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ДМТ Н. Муминзода иштирок  намуданд.

Дар нишаст меҳмонон оид ба омилҳои пайдоиш ва хатарҳои терроризми муосир, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон ва таҳкими амнияти миллӣ суханронӣ намуданд.