РАВАНДҲОИ ГЛОБАЛИЗАТСИОНӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

64

Дар доираи илмҳои сиёсӣ таҳқиқи равандҳои глобализатсионӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳамияти илмию назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст. Зеро олами сиёсат гуногунчеҳра буда, таваҷҷуҳи олимон ва донишмандонро масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла бартарӣ пайдо намудани иштирокчиёни асосии муносибатҳои байналхалқӣ дар нисбати масъалаи таҳким ва такмили истиқлолияти давлатӣ ҷалб месозад. Пӯшида нест, ки андешаҳо дар бораи он, ки давлатҳо ба мисли пештар дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ дигар нақши пешбарро иҷро карда наметавонанд ҳукми зарурӣ пайдо намудааст. Андешаҳои мазкурро ҳанӯз дар тадқиқоти олимон ва донишмандони солҳои 70-уми асри гузашта пайдо намудан мумкин буд. Дар корҳои онҳо афзалият пайдо намудани акторони муносибатҳои байналхалқӣ ва беш аз пеш бар хилофи робитаҳои байнидавлатӣ баромад намудани онҳо мушоҳида мегардид. Пас падидаи музкур вобастагии байни давлатҳо ва халқҳоро нишон медиҳад ва ҳамчун идеяи асосӣ тавсиф карда мешавад. Вобастагиҳои мазкур ба тавлиди ғояҳои глобализатсионӣ боис шуда, мафҳуми вобастагии истиқлолияти байни давлатҳо ва халқҳо як навъи консепсияи глобализатсия баромад менамояд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.

Аз як тараф, агар ба масъалаи вобастагии байни давлатҳо ва халқҳо назар намоем, пас он на танҳо соҳаи иқтисодӣ, балки соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятию сиёсиро фаро гирифта, марҳалаҳои гуногуни рушди таърихиро дар бар мегирад. Ҳолати мазкур бевосита ба таҳқиқи равандҳои глобализатсионӣ мусоидат менамояд. Аз тарафи дигар, глобализатсияро метавон ҳамчун раванд ва ҳамчун идеология тавсиф намуда, хусусиятҳои радикалии онро аз ҷиҳати сиёсӣ набояд сарфи назар кард.

Равандҳои глобаликунонӣ аз ҳисоби рушди шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ҳокимияти мустақили иерархикунонии худро таъсис медиҳад ва бар хилофи истиқлолияти давлатҳои мустақил баромад намуда, ба сиёсати ҷаҳонӣ таъсири бевосита мерасонад. Таъсиррасониҳои мазкурро метавон дар соҳаҳои гуногун мушоҳида намуд. Таъсиррасониҳо дар муносибатҳои иқтисодию савдои байналхалқӣ, дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии тамоми кишварҳо, дар афзудани сармоягузорӣ, дар ташаккул ва рушди ширкатҳои трансмиллӣ ва ғайра ба назар мерасанд.

Бозори молиявии ҷаҳонӣ дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию саноатии байни кишварҳо нақши фаъол мегузорад, ки он ҳамчун воситаи сафарбарнамоии захираҳои озоди молиявӣ ва сармоягузорӣ ба иншооти гуногуни истеҳсолӣ табдил ёфтааст. Соҳаи иқтисодии ҳар як кишвар чӣ дар сармояи содиротӣ ва чӣ дар гирифтани сармояи мустақими хориҷӣ беш аз пеш хусусияти глобалӣ пайдо намудаанд. Пӯшида нест, ки солҳои охир табиати бозорҳои молиявӣ ба куллӣ тағйир ёфта, дар натиҷаи рушди босуръати шабакаҳои телекоммуникатсионӣ имкон пайдо намуданд, ки марказҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ ба савдои системаи коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ муттаҳид гарданд. Барои ҳамгироии глобалии коғазҳои қиматнок дар биржаи ҷаҳонӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст. Вобастагиҳо ва алоқамандиҳои мазкур дар мубодилаи қурби асрори миллӣ ба назар мерасад ва бештар хусусияти глобалиро ба худ касб намудаанд. Наздикшавии иқтисодиёти кишварҳо ба истиқлолияти давлатӣ бе натиҷа гузошта наметавонад ва фаъолияти иқтисодии ҳар як кишварро аз омилҳои беруна вобаста мегардонад. Дар фазои иқтисодии ҷаҳонӣ нақши марказҳои ғайридавлатии фаромиллӣ, аз ҷумла ширкатҳои трансмиллӣ, корпоратсияҳо, бонкҳои трансмиллӣ, фондҳои байналмилалии сармоягузорӣ дар қабули қарорҳои стратегӣ нақши муҳим мегузоранд. Ҳатто бисёре аз онҳо ба иқтисодиёти давлатҳои миллӣ ворид гашта, ба сиёсати пешгирифтаи онҳо тасҳеҳот ворид месозанд.

Олимон О.Т.Богомолов ва А.Д.Некипелов аз тарзи муносибати равандҳои глобализатсионӣ ва дар чунин шароит таъмин намудани истиқлолияти давлатӣ изҳори андеша намуда, қайд менамоянд, ки «глобализатсия самаранокии сиёсати макроиқтисодии давлатҳоро заиф мегардонад ва қобилияти ҳукуматҳои миллиро дар масъалаи муносибатҳои молиявӣ коҳиш медиҳад». (Богомолов О.Т., Некипелов А.Д. Экономическая глобализация и кризис мирового хозяйственного порядка // Грани глобализации: Трудные вопросы современного развития / Предисловие и послесловие М.С.Горбачева. М.: Альпина паблишерс, 2003. С. 124).

Муносибати мазкур ба ноустувории бозорҳои дохилӣ ва коҳиш ёфтани рақобати байни истеҳсолкунандагон оварда мерасонад. Тааҷҷубовар он аст, ки таҳкими истиқлолиятгароӣ ё такмили истиқлолияти давлатӣ дар шароити имрӯза барои бисёр кишварҳои рӯ ба инкишоф, алалхусус, барои Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо менамояд. Инро аксар вақт буҳрони молиявӣ ва иқтисодии кишварҳо нишон медиҳанд.

Дар шароити муосир талоши асосии иқдомҳои ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо идораи фазои геополитикӣ, балки «объектҳои стратегӣ» ва идораи равандҳои байналмилалии молиявию иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Бозингарони асосӣ дар ин самт маблағҳои калон ва ширкатҳои молиявии худро ба кор меандозанд, ки аксар вақт бо дастгириҳои ошкоро ё пӯшидаи давлатҳои миллӣ боис мегарданд. Ба сифати омили нави раванди сиёсии ҷаҳонӣ на танҳо ширкатҳои трансмиллӣ, балки ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ низ баромад менамоянд, ки дар шароити глобализатсионӣ нақши давлатҳои миллиро танг карда баровардаанд. Фаъолияти онҳо бештар хусусияти гуманитарӣ гирифтааст. Гузашта аз ин, ҳатто шахсони алоҳида низ имкон пайдо намудаанд, ки ба равандҳо ва хусусиятҳои сиёсати ҷаҳонӣ таъсири бевосита расонанд.

Қисме аз олимон чунин мешуморанд, ки яке аз хусусиятҳои асосии ташкилотҳои ғайриҳукуматиро дар заминаи меъёрҳо ва арзишҳои либералӣ фаъолият намудан ташкил медиҳад. Намояндагони анъанаҳои неолибералӣ бошад дар даҳсолаҳои охир ба андешаеанд, ки афзалияти ҳифзи соҳибихтиёрии давлатҳои миллӣ ба таври назаррас маҳдуд гардидааст.

Гарчанде ки дар шароити муосир масъалаҳои назариявӣ ва амалии истиқлолгароӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гифта бошанд ҳам, аммо донишмандон ба андешаи «нестшавии истиқлолият» бештар таваҷҷуҳ менамоянд. Дар фаҳми муосири истиқлолияти давлатӣ бештар тарзи муносибати архаистӣ ба назар мерасад, ки аз доираи ҳимояи манфиатҳои миллӣ берунанд. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар масъалаи аз байн рафтани фаҳми классикии истиқлолияти сиёсӣ андеша карда шавад. Таваҷҷуҳи бештарро масъалаҳои таҳким ва такмили он ба худ ҷалб созад. Махсусан, дар шароити рушди олами глобалӣ ҳимояи истиқлолияти сиёсии кишварҳо ва ҳукуматҳои миллӣ чандон кори осон ба ҳисоб намеравад. Бештар ба масъалаҳои равандҳои глобалӣ ва таъсири он ба вобастагии байни истиқлолияти сиёсии давлатҳо таваҷҷуҳ карда шавад.

Дар шароити муосир тадқиқоти илмӣ оид ба воқеияти олами глобалӣ ва «нестшавии истиқлолият» кам нестанд. Онҳо тасдиқ менамоянд, ки глобализатсия дар натиҷаи пайдо гаштани субъектҳои нави ғайридавлатӣ ба миён омадааст. Таълимоте тавсиф мешавад, ки дар системаи муосири сиёсати ҷаҳонӣ корпоратсияҳои трансмиллӣ, ки ҳеҷ гуна айнияти миллию давлатӣ надоранд, давлатҳои соҳибихтиёрро ҳамчун бозингарони асосӣ иваз менамоянд.

 Агар ба андешаҳои солҳои охири десуверенизатсия назар намоем, вобаста ба он қайд кардан мумкин аст, ки ин ё он навъи маънидоднамоиҳои истиқлолияти давлатӣ бештар хусусиятҳои идеологӣ ё сиёсиро ба худ касб намудаанд ва бештар ҳадафҳои субективӣ доранд. Аз ин рӯ, А.Кустарев бар хилофи андешаҳои сиёсии муҳаққиқони Ғарб баромад намуда, оид ба «буҳрони истиқлолияти давлатӣ» қайд менамояд, ки омӯзиши воқеии омилҳои дар сиёсати ҷаҳонӣ мавҷудбуда водор месозад, ки шаклҳои нави истиқлолияти давлатиро пайдо намоем, то ки инъикоскунанда ва таҷассумкунандаи манфиатҳои сиёсатмандорони алоҳида бошанд. Кустарев А. Кризис государственного суверенитета (обзор новейших точек зрения западных политологов) // Космополис. 2004. № 1. С. 166).

Дар аксарияти корҳои илмӣ яку якбора заиф гаштани нақши давлатро дар шароити глобализатсия ҳамчун субъекти асосии системаи муносибатҳои байналхалқӣ бо барканории десуверенизатсияи давлатҳо алоқаманд медонанд. Онро ҳамчун тезиси падидаи универсалии равандҳои глобализатсионӣ тарғиб менамоянд. Ба ҳайси мисол интегратсияи иқтисодии кишварҳои Европа метавонад баромад намояд, ки соли 1992 ба Иттифоқи Европа табдил ёфт ва тавсеаи назарраси он дар солҳои охир аз ҳисоби ворид гаштани аъзои нав ба назар мерасад. Дар миқёси ҷаҳонӣ тамоюли рушди интегратсияро дар Европа ҳамчун намунаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоянд. Аммо тезиси мазкур дар дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамчун таҳаввулоти асосӣ ҷонибдорӣ нагаштааст. Зеро дар доираи Иттифоқи Европа интегратсия ба ҳеҷ ваҷҳ якранг сурат нагирифтааст. Дар идораи он бартарии як давлат дар нисбати дигар мушоҳида мегардад. Агар ин тавр намебуд Британияи Кабир барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ бевосита аз аъзогии он хориқ намегардид.

Аз тарифи дигар олимоне, ки мавзӯи десуверенизатсияи давлатҳои миллиро ба равандҳои демократикунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ алоқаманд медонанд кам нестанд. Аммо аз он вақте ки мафҳуми «демократикунонӣ» бо мақсадҳои сиёсати хориҷӣ истифода мегардад (хусусан Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни пайвастаи он дар байни кишварҳои Европа), фаҳми классикии истиқлолияти давлатиро коҳиш дода, мазмуни онро дигар намудаанд. Вобаста ба ин А.Д.Богатуров қайд менамояд, ки «раванди демократикунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар худ идеологияи миллатгароии амрикоиро дар шакли вижаҳои этникӣ ва давлатдорӣ таҷассум менамояд. Чунин тарзи «демократикунонӣ»-и ИМА дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо номи идеологияи ҳамбастагии фаромиллӣ бармад менамояд». (Богатуров А.Д. Истоки американского поведения // Россия в глобальной политике. 2004. Т. 2. № 6 (ноябрь-декабрь). С. 86).

Дар олами муосир ғояҳо дар бораи «глобализатсия», «десуверенизатсия» ва «демократикунонӣ» ба ҷуз аз шиорҳои сиёсӣ чизи дигаре нестанд. Зеро чунин муносибат сиёсати фаъоли давлатҳои абарқудратеро мемонад, ки ба сиёсати дохилии давлатҳои мустақил таъсири бевосита мерасонад. Ғояҳои мазкурро ба «мудохилаи башардӯстона»-и қарорҳои СММ, «тарҳи содироти демократия» ҳатто бо роҳи зӯрӣ ҳам бошад ва дар риоя накардани меъёрҳои мавҷудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асоснок менамоянд. Дар сиёсати хориҷии ИМА, роҳ ба сӯи «густариши демократия» на танҳо ба солҳои аввали асри ХХI рост меояд, балки дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чунин буд, яъне он решаҳои усулии хеле таърихӣ дорад. Дар сиёсати хориҷии ИМА принсипи мазкур яке аз усулҳои идоранамоиест, ки аз соли 1993 сар карда (президент У.Клинтон) бо намояндагӣ дар СММ то ҳоло идома дорад.

Солҳои охир дар байни ИМА ва як қатор кишварҳои Европа оид ба масъалаи роҳҳои густариши демократия зиддиятҳо ба миён омадаанд. Зиддиятҳо дар омодагиҳои элитаи сиёсии амрикоӣ тариқи истифодаи неруҳои ҳарбӣ ҳукми зарурӣ пайдо намудааст, ки дар ҷараёни амалиёти Америка ва Англия дар Ироқ нишон дода шуд. Аммо дар кишварҳои Европаи Ғарбӣ нисбати истифодаи қувваи ҳарбӣ дар нисбати Ироқ ихтилоф вуҷуд дорад. Пӯшида нест, ки элитаи сиёсии кишварҳои Европаи Марказӣ ва Шарқӣ дар муқоиса ба давлатҳои Европаи Ғарбӣ аз ИМА бештар вобастаанд. Истиқлолияти сиёсии онҳо ба андозае аз «синфи сиёсӣ»-и Америка дар масъалаи сиёсати ҷаҳонӣ вобаста аст. Ин боиси он гардид, ки вазири мудофиаи ИМА Доналд Рамсфелд дар бораи «ду Европа» дар доираи Иттифоқи Европа яке, «Европаи кӯҳна» (пеш аз ҳама, Франсия ва Германия, ки ба танқиди ИМА ва Британия дар Ироқ муқобил буданд) ва дигаре дар бораи «Европаи нав» (кишварҳое чун Полша, ки элитаи онҳо амалиёти ҳарбии ИМА-ро дастгирӣ намудаанд) ибрози андеша намуд. Элитаи сиёсии як қатор кишварҳои собиқ Иттифоқи Советӣ низ ҷонибдорӣ идеологҳои нави «демократикунонӣ» мебошанд.

Россия чунин тарзи муносибати таблиғи «демократикунони»-ро чӣ дар минтақа ва чӣ дар кишварҳои ИДМ эътироф надорад. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров иброз намудааст, ки «усулҳои ҳавасмандгардонии мубориза дар демократикунонии кишварҳои ИДМ ба ноустувории сохторҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқӣ, вазъи душвори сиёсию иқтисодии дохилӣ ба муноқишаҳои нав оварда мераонад». Ӯ таъкид намуд, ки Россия мавқеи дигар дорад: «Муносибати мо аз он бармеояд, ки демократия бояд дар ҳар кишвар дар заминаи арзишҳои миллӣ ва дар заминаи меъёрҳои сиёсию ҳуқуқӣ барқарор шавад». (Поощрение «экспорта демократии» в страны СНГ чревато дестабилизацией и новыми конфликтами. – Лавров // РИА «Новости». 17 июня 2005).

Тарафдорони назарияи «десуверенизатсия» тасмим гирифтаанд, ки мафҳумҳои мазкур ба монанди «давлат» ва «давлати миллӣ», «системаи муносибатҳои байналхалқӣ», «ватандӯстӣ», «ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо», «манфиатҳои миллӣ», «амнияти миллӣ» ва ғайра таҷдиди назар карда шаванд. Мухолифат дар назари аввал чунин менамояд, ки қолабҳои «зидди соҳибихтиёрӣ» дар идеология ва таҷрибаи ташкилотҳои ифротгароии исломӣ, ки идеяи хилофатро ҷонибдорӣ менамоянду бар зидди системаи сиёсии ҷаҳонӣ ва унсурҳои асосии сохторӣ, ки хоси истиқлолияти давлатҳои миллӣ мебошанд, баромад менамоянд.

Пӯшида нест, ки асоси фаъолияти ташкилотҳои экстремистиро террор ташкил медиҳад ва терроризмро ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ ва идеологӣ истифода менамоянд. Дар сиёсати ҷаҳонӣ он ба сифати ташкилоти шабакаҳои транснадсионалӣ баромад менамояд. Вақтҳои охир амалҳои террористӣ ва мубориза бар зидди он хусусиятҳои навро касб намудааст, ки ба як омили алоҳидаи таъсиррасони системаи муносибатҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Э.Соловев қайд менамояд, ки агар давлат дар воқеъ бо унсурҳои ғайридавлатӣ ҷанг элон намояд, пас падидаи нави «хусусигардони»-и ҷанг (аз ҷониби яке аз тарафҳо) воқеан ба вуҷуд меояд». Ин дар навбати худ маънои гардиши сифатӣ дар таҳаввулоти муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ ва эҳтимол ба принсипи истиқлолияти давлатӣ зарбаи ҳассос мезанад, ё худ «акторони ғайридавлатӣ дар афкори ҷамъиятӣ дар баробари давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ: «ИМА дар муқобили Ал-Қоида омада қарор мегирад». (Поощрение «экспорта демократии» в страны СНГ чревато дестабилизацией и новыми конфликтами. – Лавров // РИА «Новости». 17 июня 2005, с. 73). Меарзад, ки хатари ба даст даровардаи силоҳи ҳастаӣ (ё дигар намудҳои силоҳи қатли ом) аз ҷониби ташкилотҳои экстремистиро бо истифода аз усулҳои террористӣ набояд сарфи назар кард. «Терроризми ҳастаӣ» – ин яке аз муҳимтарин мушкилоти муосири сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки миқёс ва ҳалли он ба таври возеҳ тарҳрезӣ нашудааст. Ҳалли ин мушкилот талошҳои ҳаматарафаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккули механизмҳои дахлдори байналмилалиро тақозо менамояд». (Устинов В.В. Обвиняется терроризм. М.: ОЛМА-ПРЕСС, 2002. С. 31, с. 31).

Ҳамкориҳо дар ин соҳа бояд дар доираи принсипи баробарӣ ва ба ҳам судбахш қарор гирад. Аммо ин дар ҳолате имкон дорад, ки як шарики тавонотар ва абарқудрат (ИМА ё Россия, ки дар ин мақом қарор доранд) ба манфиатҳои миллӣ ва андешаҳои шарики дигар диққати ҷиддӣ диҳад, онро бидуни бартариҳои яктарафа аз ҳамкориҳои ин соҳа истифода намоянд. Мутаассифона, дар таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ чунин тари ҳамкориҳои мутақобила кам рӯх додааст. Махсусан, элитаи сиёсии Америка дар тӯли тамоми давраи пас аз барҳам хӯрдани Ҷанги Сард ва суқути Иттифоқи Советӣ ва Шартномаи Варшава пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мавқеи Россияро дар сиёсати ҷаҳонӣ заиф гардонад. Ин пеш аз ҳама дар сиёсати пешгирифтаи НАТО дар Шарқ, дар амалҳои фаъолонаи сиёсати интегратсионӣ дар фазои пасосоветӣ, ки Россия дар якҷоягӣ бо як қатор ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Советӣ пешбинӣ намудаанд. Чунин сиёсат, албатта, ба сатҳи эътимоди ду давлат, байни сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо мушкилоти мубориза бо созмонҳои экстремистӣ, ки террорро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода менамоянд, таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳамин ҳол, сатҳи баланди эътимод байни шарикони «зиддитеррористӣ» маҳз дар соҳаи пешгирии амалҳои террористӣ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва дигар намудҳои силоҳи қатли ом ниҳоят зарур аст.

Фаҳми нави равандҳои транснадсионалӣ, ҷойгоҳ ва нақши давлат дар системаи сиёсати ҷаҳонӣ бо пайдоиши тафсири нави амният, алахусус бо пайдоиши мафҳумҳои «амнияти ҷамъиятӣ» ва «амнияти инсон» баромад менамояд. Ин мафҳумҳо солҳои охир таваҷҷуҳи махсусро ҷалб менамоянд. намуд. Онҳо дар бораи «тағйироти парадигматикӣ», гузаштан аз бартарияти принсипи амнияти миллӣ ва мувофиқан, амнияти байналмилалӣ ба принсипи амнияти фаромиллӣ, фаромиллӣ ва инфиродӣ андеша менамоянд. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки на дар ИМА, на дар Ҳиндустон ва на дар Чин ғояҳои чунин тафсири амният дар синфи сиёсии ин кишварҳо таҳия ва паҳншавии густарда надорад.

Абдулҳақов М.М.,

номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент,

мудири кафедраи сиёсатшиносии ДМТ