ТАРБИЯИ ВАТНДӮСТӢ ВА ЗЕБОИПАРАСТӢ

116

Бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани донишҳои ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон – донишҷӯён чорабиниҳои муҳимми тарбиявӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо суҳбатҳои хосса бо роҳбарони сохторҳои воломақоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда мешавад. Дар робита ба ин иқдом имрӯз (19.10.2022) бо ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ вохӯрии Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо донишҷӯёни курсҳои аввали факултети мазкур баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур дарси кушод ва ё суҳбати судмандеро мемонд, ки дар он самтҳои мухталифи омӯзиши илми ҳуқуқ ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Нахуст муҳтарам Насриддинзода Э. С. дар робита ба методҳои омӯзиши илми ҳуқуқ суханронӣ намуда, тариқи саволу ҷавоб заминаи донишҳои ҳуқуқии донишҷӯёнро баҳогузорӣ намуд.

Мавсуф дар идома аз таҷрибаи чандинсолаи худ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таърих ва мушкилоти сарварони сиёсӣ дар мисоли Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, мушкилиҳои имрӯзаи ҷавонон сухан гуфт. Номбурда зикр кард, ки стратегияи имрӯзаи давлат, пеш аз ҳама, ба ду самт – яке таъмин ва нигаҳдошти сулҳу суботи кишвар ва дигаре дониш омӯхтани ҷавонону наврасон, равона шудааст.

Қисмати дигари суҳбат мавзуъҳои худшиносии фардӣ ва худшиносии миллӣ, масоили ватанхоҳиву ватандориро дар бар мегирифт. «Ҷавонон бояд фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пуштибонӣ кунанд. Имрӯз қишри зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил мекунанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар бештар ба ҷавонон равона шудааст. Шахсоне, ки мушкилоти зиндагиро ҳал карда тавонанд ва ё роҳи осони онро нишон диҳанд, оянда роҳбар шуда метавонанд», – таъкид шуд дар вохӯрӣ.

Дар идомаи вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар таърихи миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст ва дарси ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда қарор гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуда, афзуд, ки он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, расидан ба қадри ин неъматҳои замони Истиқлол вазифаи ҷонии ҳар як шахс мебошад.

Дар интиҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои ҳуқуқии ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла 30-юмин солгарди Иҷлосияи сарнавиштсоз, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳои хосса ва мулоҳизаҳои ҷолиб сурат гирифтанд. Муҳтарам Насриддинзода Э.С. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъкид дошт, ки мо танҳо метавонем тавассути илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ роҳи дурусти зиндагиро интихоб намуда, сулҳу суботи кишварро нигоҳ доред ва ояндаи дурахшонро бисозем. Албатта, мо бояд шукргузорӣ аз он кунед, ки имрӯз соҳиби як давлати соҳибистиқлол ва як сарвари дилсӯзу ғамхор ҳастем.

«Биёед, мову шумо бо донишу меҳнати ҳалол, ақлу заковати хеш ва фарҳанги баланди сиёсӣ ба ҷаҳониён собит созем, ки меросбарони арзанда, оқилу фарҳангофари тоҷик ҳастем!».

Суҳбати ҷолиб, андешаҳои пандомез ва суханҳои ибратбахш беихтиёр мисраи шеъри Мавлоноро пеши назар овард, ки гуфтааст: «Суҳбати марди Худо мардат кунад!».