ТАКМИЛИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИЮ СИЁСИИ ҶАВОНОН

292

Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни факултетҳои филологияи молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Ташкили чунин вохӯриҳои судмандро роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ муҳим ва рӯзмара арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати ватандӯстона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  судманд арзёбӣ менамоянд. Дар робита ба ин дар чорабинии имрӯза судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Сафозода А.Г., Шарифзода С.Ш., А.Искандарзод ва Юсуфзода З.Р. иштирок ва суханронӣ доштанд.

Зимни вохӯрӣ меҳмонон оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд.

М.Давлатов – мудири шуъбаи кор боҷавонони донишгоҳ дар иттиллоияи хеш афзуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ бо ҷавонон-донишҷӯён дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ роҳандозӣ шудааст. Мақсад аз баргузории ин вохӯриҳо сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон  мебошад, ки дар доираи нақшаи мазкур миёни донишҷӯёни донишгоҳ доир мегардад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ меҳмонон оид ба бандҳои мухталифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин, падидаҳои номатлуби замон суханрониҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин чорабиниҳо миёни тамоми донишҷӯёни донишгоҳ идома доранд.