ТАШАББУСИ МОНДАГОРУ МАЪРИФАТПАРВАРОНАИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

179

(Дар ҳошияи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 05.12.2023, шаҳри Душанбе)

Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Иқтидори зеҳнӣ, яъне интеллектуалӣ ва маънавию ахлоқӣ қаноте ҳастанд, ки ҷомеаро зина ба зина ва марҳила ба марҳила пеш мебаранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи тамаддуни башар гувоҳ аст, ки аз аҳди бостон дар сарзамини зебоманзари Мовароуннаҳру Хуросон халқияте сукунат дорад, ки бо хислатҳои неки инсонӣ: адлу инсоф, фурутанию меҳрубонӣ, сулҳҷӯию инсондӯстӣ, эҷодкорию ҳунармандӣ ва дигар сифоти наҷибона тафовут дорад. Ин миллати фарзонаву номдор ва соҳибмаърифату нотакрор тоҷикон буда, дар дарозои таърих ва қарнҳои пурталотуми гузашта ҳазорҳо донишмандону олимон ва нобиғагони замонро тарбия намуданду ба камол расониданд ва ба майдони илму адаб оварда, саҳми пурарзиши худро дар саҳифаҳои таърихи башар бо ҳуруфоти заррин сабт намуданд. Яке аз чунин донишмандони мумтози миллати тоҷик, олими забардаст, Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки ҳамчун сарсупурдаи миллат дар рушду инкишофи илму фарҳанги тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти шинохти чеҳраҳои бузурги илмию фарҳангии миллати тоҷик тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гашта истодааст. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 аз ҷумлаи онҳост, ки дар омӯзиши таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва шинохти аллома Бобоҷон Ғафуров мусоидат менамояд.

«Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва рӯзгори ӯ омӯзиши пайвастаро талаб менамояд. Ин ҷо лозим мешуморем, ки аз як пешниҳоди таърихии аллома Бобоҷон Ғафуров ёдовар шавем, ки он минбаъд дар рушди илму фарҳанги ҷумҳурии азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ гузоштааст.

Ин ҳам бошад, соли 1947 бо ташаббуси аллома Бобоҷон Fафуров зарурати таъсиси Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) пеш омад. Он вақт академик Б. Ғафуров котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд. Ӯ ва Вазири мактабҳои олии СССР С. Кафтанов ба роҳбарияти ҳизбӣ ва Шурои Вазирони СССР дар бораи зарурати дар Тоҷикистон ташкил намудани Университети давлатиро пешниҳод намуданд. Пешниҳоди сарварони РСС Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи Шуравӣмусбӣ пазируфта шуд. 21-уми марти соли 1947 дар Маскав қарори Шурои Вазирони СССР таҳти рақами №643 оид ба таъсис додани Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз ҷониби Раиси Шурои Вазирони СССР И.Сталин ва Раиси умури идораи он П.Чадаев ба имзо расид. Тавре имрӯз (05.12.2023) Пешвои муаззами миллат зимни баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагииакадемик Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд: “Зери роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе соли 1948 Донишгоҳи давлатӣ, соли 1951 Академияи илмҳо ва соли 1955 Донишкадаи политехникӣ ба фаъолият оғоз намуданд”.

Акнун дар саҳифаҳои таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хатти заррин сабт гаштааст, ки дар таъсиси донишгоҳ нақши чеҳраи мондагори миллат, академик Бобоҷон Ғафуров барҷаста аст. Маҳз дар давраи котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон будани ин қаҳрамони миллат 21-уми марти соли 1947 Донишгоҳи давлати Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таъсис ёфта, аз 1-уми сентябри соли 1948 расман ба фаъолият оғоз намудааст.

Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба синни мубораки 75 расид. Тули фаъолияти пурарзиши хеш донишгоҳ се маротиба ивази ном намудааст: Соли 1947 – Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (қарори Совети Вазирони СССР аз 21.03.1947, № 643); соли 1997 – Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.1997, №669) ва соли 2008 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (то ҳол) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2008, №556).

Ин боргоҳи илму маърифат дар ташаккул ва рушди ҳаёти сиёсӣ, илмию адабӣ, фарҳангию иҷтимоӣва иқтисодии кишвар нақши бориз гузоштааст. Дар ин росто месазад иқтибосе аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овард, ки чунин таъкид намудаанд: «Донишгоҳи миллииТоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд».

Воқеан, ин сухани пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърихӣ, яъне тули фаъолияти пурарзиш, тавонист худро на танҳо ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии пешбар нишон диҳад, балки ба бузургтарин боргоҳи илму маърифати омодасозии мутахассисони баландихтисоси иқтисодиёти кишвар ва маркази бонуфузи илмӣ-таҳқиқотӣ табдил ёбад.

Бояд тазаккур дод, ки аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз ин боргоҳи илму маърифатро зиёда аз 150 000 мутахассисон хатм намудаанд, ки аз ин теъдод 80 000 нафарро хатмкунандагони давраи соҳибистиқлолии мамлакат ташкил медиҳанд.

Дар пешбурди раванди таълим ва омода намудани ин мутахассисон барои иқтисодиёти кишвар олимони барҷаста, ки неруи хеле қавии зеҳнӣ ва қобилияти баланди омӯзгорӣ доштанд, саҳми босазое гузоштаанд, ки имрӯз номи неки ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳ абадӣ сабт хоҳад шуд. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат имрӯз олимони барҷастаи сатҳи байналмилалӣ, ходимони илмию сиёсӣ, мутафаккирони варзида буда, дорои шуҳрату мақоми умумиҷаҳонӣ мебошанд, ки аксари онҳо дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ адои вазифа менамоянд.

Махсусан, барои устодону кормандони донишгоҳ боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 1977-1982 дар факултаи баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ таҳсил намудааст. Ба хотири инъикоси давраи таҳсил ва омӯзиши корномаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ дар назди донишгоҳ «Осорхонаи Пешвои миллат» ва «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат» фаъолият менамояд. Ҳамчунин, як қатор ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ хатмкардаи ин муассисаи бузурги таълимӣ мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Нишони таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллӣ дар он ифода меёбад, ки то имрӯз 16 маротиба ба ин маркази таълимию илмӣ ташриф овардааст. Ҳар як ташрифи Пешвои миллат боиси навгониҳои бемисл дар донишгоҳ гардида, сатҳи руҳияи кории омӯзгорон ва кормандонро боз ҳам баланд мебардорад. Ҳамчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат 20 нафар сарварони кишварҳои хориҷӣ ва ходимони барҷаста ба донишгоҳ ташриф оварда, бо нишони доктори фахрии Донишгоҳ мушараф гардиданд.

Дар рушди минбаъдаи корҳои илмию таълимӣ, баланд бардоштани мақоми донишгоҳ ва пурзӯр намудани зарфияти моддию техникии он саҳми ректорон: Зариф Раҷабов, Ибодулло Нарзиқулов, Солеҳ Раҷабов, Пулод Бобоҷонов, Талбак Назаров, Исмоил Давлатов, Фозил Тоҳиров, Ҳабиб Сафаров, Ҳайдар Сафиев, Саидаҳмад Одинаев, Нуриддин Саид, Ҳаёт Оданаев ва Муҳаммадюсуф Имомзода хеле калон аст.

Имрӯзҳо низ дар Донишгоҳ олимони варзидае фаъолият менамоянд, ки тамоми умри пуршарафи худро барои рушду нумӯи илму таълим бахшида истодаанд. Ин неруи бузурги илмӣ қодир аст, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва инкишофи илмҳои мухталиф саҳми босазои худро гузоранд. Ҳоло дар Донишгоҳ наздики 1400 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 12 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 200 нафар докторони илм, 700 нафар номзадони илм буда, барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.

Ислоҳот дар низоми таълими донишгоҳ маҳз дар марҳилаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ оғоз шуда, дар сохтори он факултету ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд ва озмоишгоҳҳои илмиву истеҳсолӣ ба кор шуруъ карданд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуда, соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) даҳихтисоси ба талаботи имрӯзаи бозори ҷаҳонӣмувофиқ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.

Нуфузи Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Махсусан, дар радабандии рейтинги муассисаҳои олии таҳсилот дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидан аз мақоми донишгоҳ хабар медиҳад. Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкати фаъол намуда, то имрӯз ба ҷойҳои зиёду назаррас ноил гардидаанд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои нави академии забони таҳсилашон хориҷӣ таъсис дода шуд.

Ҳамкориҳо бо донишгоҳу марказҳои илмии хориҷи кишвар, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ баҳри таҳсил дар донишгоҳ ва дар маҷмуъ амалигардонии ҳамгироии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии маориф ва илм аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ мебошад, ки маҳз аз натиҷаи он имрӯз донишгоҳ бо 350 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад.

Ҳамчунин, Донишгоҳ аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авру-Осиё ва муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, Академияи байналмилалии илмҳои Роҳи абрешим, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Имрӯзҳо, ки дар арафаи таҷлили 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров қарор дорем, бо ифтихор метавон гуфт, ки саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илму фарҳанги тоҷик назаррас аст ва идоми таърихии ӯ ҷиҳати таъсисёбии Донишгоҳи миллӣ таҳаввулоти бузург дар рушди маърифатпарваронаи миллат мебошад.

Қобилҷон Хушвахтзода,ректори ДМТ, профессор