ТАВАҶҶУҲИ ВИЖА БА ҶАРАЁНИ ИЛМУ ТАРБИЯ

398

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Имрӯз дар донишгоҳ сохторҳои гуногун дар самтҳои мухталиф фаъолият менамоянд, ки аксари онҳоро сохторҳои калидии донишгоҳ метавон унвон намуд. Яке аз ин бахшҳо самти илму тарбия мебошад, ки раванди онҳо зери таваҷҷуҳи вижаи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. Ҳамин аст, ки бо ибтикори ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. барои беҳтар гардидани фаъолияти кории муовинони деканҳои факултетҳо тасмим гирифта шуд, ки муовинони деканҳо оид ба илм ва тарбия дар воҳиди махсуси корӣ фаъолият намоянд. Ин ибтикорот бори аввал дар донишгоҳ аз оғози соли хониш роҳандозӣ шудааст. Дар аввал муовинон дар баробари пешаи омӯзгорӣ, инчунин, ба корҳои илмию тарбиявӣ ҷалб гардида буданд. Акнун, муовинон пурра ба корҳои илмию тарбиявӣ машғул шуда, танҳо дар ним басти корӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз ибтикороти мазкур дурсут ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию истеҳсолӣ буда, умед аст, ки дар ояндаи наздик дар ин самтҳо дастовардҳои чашмрасе рӯйи кор меоянд.