Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ яке аз калонтарин кафедраи факултети баҳисобгирию иқтисодӣ ба шумор меравад. Кафедраи мазкур аз рӯи самти баҳисобгирии муҳосибӣ бакалавр, магистрон ва докторантони PhD, доктор аз ӯи ихтисосӣ “Баҳисобгирӣ ва аудит” тайёр менамояд.

Таърихи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ соли 1960 бо номи кафедраи ҳисобгирӣ ва омор таъсис дода шудааст. Теъдоди устодон дар давраи таъсисдиҳии он 4-нафарро ташкил намуда буд (дар соли 1960). Дар тули фаъолияти таърихии кафедра теъдоди устодон ва кормандони он ба 24-нафар дар солҳои 1990-1997 расид. Соли 1997 кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, назорат ва таҳлил ба ду кафедраи мустақил: кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит ҷудо карда шуд.

Аз давраи ташкилёбии кафедра як зумра устодони соҳибтаҷриба – М.А. Аминова (1960-1975), М.И. Осипенкова, З.Н.Акобиров, И.Х. Дусаев, Л.И. Оленич, Г.Я. Зелнер, Н.А. Вишемирская, Д.У. Уроқов, С.Қ. Қурбонов, Р. Сайисмонов, А.Б. Мухамметов, А.А. Аҳмадҷонов, Зайниддинов, Д.О. Гадоев , Р.С. Шарифов, М.Ш. Шобеков, З.К. Қурбонов, Т.Г. Гулов, А.Х.Исматов, И.А. Давлатов, , С. Алиев, М.С.Бобиҷонов, С.Ф. Низомов, П.Ҷ. Орзуев, И.А. Ҳалимов дар он содиқона кор мекарданд.

Солҳои 1970-1990 аз тарафи устодони кафедра як силсила дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба чоп расиданд. Аз ҷумла, оид ба фанҳои таҳлил Т.К. Қазоқбоев, А. Назаров, А.Х. Исматов, баҳисобгирии бухгалтерӣ Д.У. Уроқов, Т.Г. Гулов, А.Ш. Шерназаров, М.Ш. Шобеков, А.Б. Мухамметов, З.Қ. Қурбонов, А.А. Аҳмадҷонов ва дигарон корҳои шоистае ба сомон расонидаанд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ дар кафедра аз тарафи устодон навиштани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ ба забони тоҷикӣ хеле хуб ба роҳ монда шуд. Дар ин давра 36 барномаи таълимӣ доир ба фанҳои асосӣ ва курсҳои махсуси кафедра ба миқдори 3500 нусха аз чоп бароварда шуданд. Инчунин аз тарафи устодон Д.У. Уроқов, Рахимов С.Х. китоби дарсии «Аудит» (Душанбе, 2001), Д.У. Уроқов «Рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, 2002), Д.У. Уроқов «Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ» (Душанбе, 2008,2012) таълиф карда шудаанд. Кафедра дар соли 2012-2013 як китоби дарсии «Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ», муаллиф профессор Уроқов Д., бо тағйироту иловаҳо дар асоси қарори коллегияи Вазорати маорифи ҶТ таҳия намуд, як дастури таълимӣ дар ҳачми 230 саҳифа аввалин маротиба ҳалли масъалаҳои муҳосибӣ мувофиқи СБҲМ,  аввалин маротиба таҳия ва нашри барномаҳои таълимии кафедра аз рӯи фанҳои тадрисшавандаи кафедра дар шакли китоб аз чоп баромадааст, ки  оид ба 18 фан таҳия шудааст, 4 монографияи  устодони  кафедра аз чоп баромад, ки ин нишондиҳандаҳои беҳтарини кафедра дар солҳои охир мебошад. Инчунин устодон Уроқов Д.У., Собиров Н.М., Бобиев И.А., Акрамова Ҳ.А., Ойев Н.А.. Орзуев П.Ҷ., ва Шоймардонов С.Қ.  Файзуллоев А.Х. тасмим гирифтанд, ки дар соли хониши ҷорӣ чор маводи методӣ ва ду китоби таълимӣ ба чоп омода намоянд.

Мудирони кафедра

Аз ибтидои таъсисёбӣ, роҳбарии кафедраро устодони зерин ба уҳда доштанд:

  • солҳои 1960-1975 – н.и.и., дотсент Аминова Марям Аминовна;
  • солҳои 1975-1981– н.и.и., дотсент Осипенкова Мария Иосифовна;
  • солҳои 1981-2003–д.и.и., профессор Уроқов Дӯстмурод Урокович;
  • солҳои 2003-2009–н.и.и., дотсент Бобоев Шафкатулло Насруллоевич;
  • солҳои 2009-2011–д.и.и., профессор Уроқов Дустмурод Ӯрокович;
  • солҳои 2011-2013–н.и.и., дотсент Собиров Нурали Миралиевич;
  • солҳои 2013– 2018 – н.и.и., дотсент Шоймардонов Сафарали Қурбоналиевич;
  • солҳои 2018-2019 – н.и.и., дотсент Барфиев Қобилҷон Хушвахтович;
  • аз феврали соли 2019 – то ҳол н.и.и., дотсент Мирзохонов Сероҷиддин Олтибоевич.

Вазъи муосири кафедра

Ҳоло дар кафедра устодони унвондор ба беунвон кору фаъолият менамоянд. Ҳайати кафедра аз омӯзгорони зерин иборат мебошад: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Д.У. Уроқов, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қ.Х. Хушвахтзода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон Н.М. Собирзода, Ш.Ҷ. Комилов, Ҳ.А. Акрамова, С.Қ. Шоймардонов, И.А. Бобиев, Т.Б. Раҷабов, С.О. Мирзохонов, А.Ҳ. Исматов, Н.А. Ойев, номзади илмҳои иқтисодӣ М.Х. Давлатов, муаллими калон А.Х. Файзуллоев, ва ассистентон Б.А. Набиев, Д.Т. Расулов, Ф.Ҷ. Зокирова фаъолият доранд. Фаъолияти устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки яке аз кафедраҳои асосии факултету донишгоҳ мебошад, ҷавобгӯй ба талаботи омода намудани мутахассисони талаботи замона буда, корҳои таълимию методиро ба дараҷаи қобили қабул ташкил кунонидааст, яъне тахассуси омӯзгорон пурра мувофиқат менамояд ва ба талаботҳои тайёр кардани мутахассисони муосир ҷавобгӯй мебошад.

Аз тарафи кафедра бо мақсади омода намудани омӯзгорони унвондор корҳои омодагӣ бештар ба назар мерасад. Бо дарназардошти ин дар давоми соли хониши 2018-2019 устодони кафедра Қ.Х. Хушвахтзода рисолаи докториро (мушовири илмӣ д.и.и., профессор М.И. Исроилов), М.Х. Давлатов (роҳбари илмӣ д.и.и., профессор Х.Р. Улуғхоҷаева) ва Д.Т. Расулов (роҳбари илмӣ н.и.и., дотсент Қ.Х. Барфиев) рисолаҳои номзадиашонро бо муваффақият ҳимоя карданд. Дар кафедра ҳоло 2 аспирант, 1 унвонҷӯ ва 2 нафар докторанти PhD, докторант аз рӯи ихтисосӣ 6D050800 “Баҳисобгирӣ ва аудит” таҳсил карда истодаанд.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра

Дар кафедра корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масоили баҳисобгирии молиявӣ, баҳисобгирии идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудит, самтҳои алоҳидаи бабуҷагирӣ, баҳисобгирӣ ва  таҳлили арзиши аслии маҳсулот дар соҳаҳои хоҷагии халқ бурда мешавад.

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар доираи самти асосии кори илмӣ-тадқиқотии факултет, аз рӯи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии тасдиқшуда «Масъалаҳои ҳисобгирӣ, таҳлил, омор, кибернетикаи иқтисодӣ дар шароити рушди инноватсионии иқтисодиёт» корҳои илмии худро анҷом медиҳад. Дар доираи ин самт масоили «Масъалаҳои асосии ташкили дурустии ҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва ҳисобот дар шароити муосир» кор карда шудааст, ки мавзӯи кафедра «Муаммаҳои муосири ташкили ҳисобгирӣ, аудит ва ҳисобот аз рӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Мавзӯи илмии кафедра ба 16 қисм ҷудо карда шудааст, ки ба ҳар як устоди кафедра вобаста шудааст ва корҳои илмӣ бурда шуда истодаанд. Дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ профессор Д.У. Уроқов консепсияи «Ҳисобгирии хароҷот аз рӯи фаъолият»-ро кор карда баромад.

Фаъолияти кафедра аз рӯзи таъсисёбиаш ба иҷрои корҳои таълимию илмии ҳалли масъалаҳои баҳсталаби ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ, назорат ва таҳлил ва саҳми баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар такмили идоракунии истеҳсолот, аз он ҷумла хароҷоти истеҳсолӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Фаъолияти устодони кафедра ҷавобгӯи талаботи замона буда, дар омода кардани мутахассисони хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд ва дар таҳияву таълифи корҳои илмию таълимӣ низ ҳиссагузорӣ мекунанд.

Устодони кафедра дар конфронсҳои байналхалқӣ (1985, 1987, 2003, 2005, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019), ҷумҳуриявӣ (1989, 1990, 1996, 2000, 2001, 2003, 2005, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019) ва умумидонишгоҳӣ фаъолона ширкат варзидаанд.

 

Ҳамкориҳои кафедра дар ҷодаи илму таҳқиқот

Яке аз самтҳои пешрафтаи фаъолияти кафедра ин бунёд кардани муносибатҳо бо мактабҳои олӣ ва муассисаю ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

Кафедра ҳоло бо кафедраҳои баҳисобгирӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагии ДДТ шаҳри Маскав ва Академияи молияи шаҳри Маскав алоқаи зичи илмию методӣ дорад. Академияи Алмаатоии иқтисодиёт ва омор (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишгоҳи давлатии шаҳри Воронежи Россия, Донишгоҳи давлатии шаҳри Қазон, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагин, Донишгоҳи Славянии Қирғизистону Россия ҳамкориҳои илмӣ дорад.

Дар дохили ҷумҳурӣ бо кафедраҳои мухталифи Донишгоҳҳои давлатии технологии Тоҷикистон, Славянии Россияву Тоҷикистон, давлатии тиҷорат, молиявию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ш. Кулоб ба номи А.Рудакӣ робитаҳои қавии илмию методӣ дорад.

Бо мақсади амали намудани натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ кафедра бо ташкилоту муассисҳо ва ширкатҳои аудитории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо доранд.

Ҳамчунин кафедра дар фаъолияти худ мунтазам бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо сарраёсати методологии ҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии он алоқаи амалӣ дорад.

 

Такмили донишу ихтисоси устодони кафедра

Устодони кафедра дониш ва малакаи худро дар самти ҳисобдорӣ, ҳисоботдиҳӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълиму тарбия ва дар ҷодаи фаъолияти илмӣ мунтазам такмил дода меистанд. Такмили ихтисос бо воситаи иштироки устодон дар курсҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиши стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ ва аудит амали карда мешаванд. Зиёда аз 20 нафар устодону кормандони кафедра курсҳои ҳисобгирии молиявӣ, ҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудитро гузашта, якчанд нафар пас аз супоридани имтиҳон соҳиби сертификати касбӣ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки ҳар сол 4-5 нафар устодони кафедра ихтисоси худро дар назди ДМТ баланд мебардоранд.

 

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ