Кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ

Таърихи пурғановати кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ

Солҳои 60-уми асри XX замина ва зарурияти идораи оқилона ва ояндабинии иқтисодии равандҳо дар асоси пешрафти илму техника ва татбиқи мошинаҳои электронии ҳисоббарорӣ дар кишвар, пайдо шуданд. Аз ин сабаб соли 1973 дар назди факултети иқтисодӣ кафедраи кибернетикаи иқтисоди таъсис дода шуд.
Кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ таърихи ғанӣ дошта, соли 1973 бо ташаббуси н.и.и., дотсент Каримов Ғуфрон Юсупович ташкил карда шуд, ки устодони зерин аз қабили дотс. Умаров Ф.У., дотс. Содиқова М.О., дотсент Тоиров Ш.М., дотс. Обидов И.О., дотс. Алимова М.А., м/к Ким В.У., ассист. Ҳамроқулов А. дар кафедра кору фаъолияти илми- педагогӣ мекарданд. Дар солҳои аввали ташкилшавиаш кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ тахассусӣ набуда, барои факултетҳои иқтисодӣ аз фанҳои МЭҲ ва программасозӣ, программасозии математикӣ, усулҳои иқтисодӣ-риёзӣ ва моделҳо ва ғайраҳоро барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ мехонанд.

Кафедра дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар

Аз ибтидои ташкили сохтори давлатдории навин баъди муноқишаҳои дохилӣ кулли сохторҳои давлатӣ ба мушкилӣ гирифтор шуда буд ва кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ аз он истисно набуд. Дар даврони мушкил устодони кафедра Муминов М. ва Тоиров Ш. аз кафедра рафтанд.
Устодон Умаров Ф., Содиқова М.О., Ашуров М., Обидов И.О., Алимова М.А., Одинаев Ф., ва Муллоҷонов И. ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарада корҳои таълиму тарбия ва илми педагогиро дар кафедра ривоҷ додаанд. Дар ин даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар кафедраро устоди зиндаёд н.и.ф.-м., дотсент Умаров Файзулло роҳбарӣ мекард.
Соли 1995 дар асоси пешниҳоди кафедра ва дастгирии ректори донишгоҳ дар назди кафедра тахассуси «Усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт» кушода шуд. Дар аввали кушодашавии тахассуси усуслҳои риёзӣ дар иқтисодиёт соли 1995 дар он ҳамагӣ 30 донишҷӯ таҳсил мекард. Барои кафедраи давраи нави рушду инкишофи корҳои илмӣ методӣ ва тадқиқотҳои илмӣ оғоз гардид. Дар ин давра кафедра фаъолияти худро хуб пеш бурда, кори тайёр намудани мутахассисони ҷавонро идома дода, ихтисосҳо ва кафедраҳои ҳамҷавори донишгоҳҳои дигарро бо устодони ҷавон таъмин менамуд.
Натиҷаҳои корҳои илмӣ татқиқотии кормандони кафедра дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонг васеъ истифода шуда, хатмкунандагони ихтисоси усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт дар соҳаи гуногуни хоҷагии халқ бо муваффақият кор карда истодаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар назди кафедра маҳфили Ҷамъияти илмии донишҷуён бо номи «Кибернетикони ҷавон»- амал мекунад, ки ба он асс. Алимардонов Т. роҳбарӣ менамоянд.
Дар назди кафедра маҳфили инфиродии кафедра дар мавзӯи «Равандҳои идоракуни оптималии системаи таҳсилот» бо роҳбарии профессор Ҷӯраева А. амал мекунад.
Кафедра бо институти иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ, бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ФР, Институти иқтисодӣ-риёзӣ ФР, Донишгоҳи давлатии Воронежи ФР, Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, ва Донишгоҳи давлатии Иссиқ-Кули Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К .Тинистанова алоқаи илмӣ дорад.
Аз хатмкунандагони тахассуси усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт н.и.и. Табаров О.С., Маҳмадназарова Ф.М, Соҳибов Ғ.О., Ҳофизов Ҳ.А., Алимардонов Т.А. ҳамчун устодони кафедра фаъолият менамоянд.
Устоди кафедра Ҷобиров Ҷ. бо Ифтихорномаи кумитаи марказии ЛКСМ Тоҷикистон-1977, нишони аълочии маорифи халқи ҶТ-1998, медали хизмати шоиста-2006 ва бо якчанд ифтихорномаҳои донишгоҳ ва вазоратҳои маорифу мудофиа сарфароз шудааст.
Муллаҷонов И. – Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000).
Олимшоев Р. – Бо «Ифтихорномаи ДДМТ» (1999), «Аълочии маорифи ҶТ» (2000) қадр шудааст.
Ҷураева А.О. – Аълочии маорифи ҶТ (Душанбе, № 410 соли 1998)
Бобоева Р.М. – Ифтихорномаи ДМТ (2013), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ (2016), Аълочии маориф ва илми ҶТ (2019)
Муллоҷонов И. моҳи феврали соли 1994 дар Ҷумҳурии Узбекистон курси бозомӯзиро дар мавзӯи «Асосҳои иқтисоди бозорӣ» бо ташаббуси Бонки умумиҷаҳоӣ баргузор гашта буд, гузарониданд.
Ҷураева А.О. соли 2009 дар ФР донишгоҳи ДДИУ курси бозомӯзиро гузарониданд.
Кафедра 17 уми ноябри соли 2003 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи«Моделсозӣ ва технологияи иттилооти» гузаронид.
Кафедра 17-18 моҳи ноябри соли 2006 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи«Моделсозӣ ва технологияи иттилооти муосир» гузаронид.
Кафедра 19-20 моҳи ноябри соли 2008 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Моделсозӣ ва технологияи иттилоотӣ» гузаронид.
Кафедра соли 2012 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Моделсозӣ ва технологияи информатсионӣ» гузаронид.
Дар таърихи 13-юми декабри соли 2013 семинари донишгоҳии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Методҳо ва моделҳои иқтисодӣ – риёзӣ» дар пояи кафедраи кибернетикаи иктисодии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ барпо гардид
Соли 2014 кафедра мизи мудаввар дар мавзӯи «Воридшавии ҶТ ба фазои ягонаи таҳсилот ва такмили стандартҳои ихтисоси кибернетика» гузаронид.
Дар соли сол 2015 ба ифтихори 70-солагии устоди кафедра, н.и.ф.-м. дотсент Ҷобиров Ҷаббор Қаҳҳорович дар мавзӯи “Моделсозии равандҳои иқтисодӣ ва технологияи муосири ититилоотӣ ”-ро барпо намуд.
Дар кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Соли 2016 семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Моделсозии равандҳои иқтисодӣ- табиӣ» баргузор карда шуд.
Мувофиқи нақша 25 майи соли 2018 дар кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ дар мавзӯи “Баъзе муаммоҳои моделсозӣ дар илмҳои иқтисодӣ ва табиӣ” мизи гирд баргузор шуд.
Ҳоло кафедра дар якҷоягӣ бо кафедраи Омор барои соли 2020 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиии Ҳисобҳои миллӣ ва моделсозии равандҳои иқтисодиро ба нақша гирифтааст.
Дар тадқиқотҳои илмии иқтисодӣ диққати асосӣ ба моделҳо ва усулҳои математикӣ дода мешавад, ки он эътимоднокии онҳоро зиёд мекунад.
Масъалаҳои оптимизатсионӣ дар замони муосир барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарини идоракунии системаҳои иқтисодӣ хеле нақши ҳалкунанда дошта метавонад.
Ҳангоми табиқи моделсозии компютерӣ ба пакети барномаҳое рӯ оварда мешавад, ки ба таври автоматӣ моделҳои равандҳои иқтисодиро бо дахолати таҳқиқотчӣ сохта ва натиҷаҳои ба даст оварда ах қиҳати иқтисодӣ баҳо дода мешаванд.
Дар кафедраи кибернеткаи иқтисодӣ ба таълифи китобҳои дарс, курси лексияҳо ва дастурҳои методӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад:
1. Ҷӯраева А.О. Кибернетикаи иқтисодӣ Душанбе, 2015, ҶДММ «Графика принт».
2. Умаров Ф., Ҷобиров Ҷ, Табаров О. Дарсури таълими аз фанни Усулҳои иқтисодӣ-риёзӣ қисм и 1–Душанбе , 2007. – 153с.
3. Ҷобиров Ҷ.Қ, Табаров О.С., Бобоева Р.М., Сатторов А.Ҷ. дастури таълимӣ аз фанни Эконометрика / Душанбе: «Империал -групп». – 2007.-109 с.
4. Джабиров Дж., Бобоева Р., Табаров О.С. Дарсури таълимӣ аз фанни Усулҳои иқтисодӣ-риёзӣ қисми 2–Душанбе , 20014. – 147с.
5. Бобоева Р.М., Муллоҷонов И. Табаров О.С./ Курси лексияҳо аз фанни моделсозии равандҳои иқтисодӣ,Душанбе: Нашриёти ДМТ. – 2015.-181 с.
6. Бобоева Р.М, Муллоҷонов И. Табаров О.С., Ҳофизов Ҳ.А./ Риёзиёти молиявӣ Душанбе: Нашриёти ДМТ. – 2018.-172 с.
7. Табаров О.С., Алимардонов Т.А. / Татбиқи технологияи иттилоотӣ дар таҳсилоти олӣ Душанбе: Нашриёти ДМТ. – 2019.-75 с.
Дар солҳои соҳибистиклолии кишвар олимони ҷвавони кафедра ба корҳои имлӣ –таҳқиқотӣ ҷиддӣ машғул шуданд, ки дар натиҷа Бобоева Р.М. Табаров О.С. дар соли 2011 кори илмии худро ҳимоя карда Ҳофизов Ҳ.А., Алимардонов Т.А. ва Соҳибов Ғ.О. дар соли 2018 рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя карданд. Натиҷаи корҳои илмии устодони кафедра дар раванди таълим барои навиштани корҳои курсӣ, дипломӣ ва хатмкунӣ аз тарафи донишҷӯёни ихтисоси кибернетикаи иқтисодӣ ба таври васеъ истифода шуда истодаанд.
Бо ташаббуси Ҷӯраева А.О. робитаи илмии кафедра бо Донишгоҳи ш.Урал барқарор карда шудааст ва дар ҳамин Донишгоҳ Ҷӯраева А.О. рисолаи докториро ҳимоя намуда, ҳамасола бо сафари хизматӣ дар конференсия ва симпозиумҳои дар ин донишгоҳ баргузоршаванда фаъолона ширкат мекунанд ва бо граммотаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Устодони кафедра дар Донишкадаи такмили ихтисоси МТОК назди ДМТ курси такмили ихтисосро гузаштаанд:

Ному насаби

омӯзгор

  Вазифа   Собиқаи

корӣ

Соли гузаштан аз курси такмили ихтисос Аз рӯйи кадом равия такмили ихтисос гузаштааст   Эзоҳ
                                           Кафедраи
1 Ҳофизов Ҳафиз

Асгарович

ассистент 9 сол 2014 Иқтисодӣ № 752 аз 02.04.2014
2017 Педагогӣ-психологӣ № 0484

аз 16.05.2017

2019 Иқтисодӣ № 2573

аз 05.04.2019

2 Табаров Орифҷон н.и.и., дотсент 19 сол 2007 Иқтисодӣ № 678

аз 13.02.2007

2011 Иқтисодӣ № 48

аз 11.02.2011

2012 Иқтисодӣ № 678

аз 13.11.2012

2017 Иқтисодӣ №0305

04.03.2017

2018 Иқтисодӣ №1370

аз 12.03.2018

3 Соҳибов Ғолибназар Муаллими калон 12 2012 Иқтисодӣ №682

аз 13.11.2012

2018 Иқтисодӣ №1291

аз 05.03.2018

4 Олимшоев Расул н.и.и.д 40 1997 Иқтисодӣ №3

аз 30.12.1997

2015 Иқтисодӣ №403

аз 27.04.2015

5 Ҷобиров Ҷабор н.и.ф.м., дотсент 38 1992 Иқдисодӣ №68

аз 29.01.1992

6 Бобоева Розиямо н.и.и., дотсент 20 сол 2006 Иқтисодӣ № 61

аз 13.02.2006

2012 Иқтисодӣ №622

аз 16.02.2012

2017 Иқтисодӣ №0457

аз 24.04.2017

2018  Иқтисодӣ № 392

аз 12.04.2018

7 Алимардонов Тоҳирҷон ассистент 11 2010 Иқтисодӣ №388

аз 20.04.2010

2017 Иқтисодӣ №0182

аз 16.01.2017

8 Таибов Орзу Ассистент 8 сол 2015 Иқтисодӣ №1137
2019 Иқтисодӣ №2564
9 Сатторов Абдукарим Ассистент 17 2004 Иқтисодӣ №05

аз 05.04.2004

2012 Иқтисодӣ №635

аз 16.02.2012

10 Хоҷабекова Муҳтарам Муаллими калон 46 2011 Иқтисодӣ №499

аз 16.02.2011

11 Ашуров Муҳиддин Муаллими калон 28 2011 Иқтисодӣ №484

аз  16.02.2011

 

Бо назардошти Паёмҳои Президенти ҶТ ва барномаву стратегияҳои ҳукуматӣ, кафедра корҳои илмиро барои рушди иқтисодиёти ҶТ равона карда истодааст.

Кафедра ба масоили зерин диққат дода истодааст.

  1. Дар тадқиқотҳои илмии иқтисодӣ ба моделҳо ва усулҳои иқтисодӣ – риёзӣ ва татбиқи технологияи муосири иттилоотӣ математикӣ диққати асосӣ дода шавад, ки он эътимоднокии онҳоро зиёд мекунад.
  2. Дар корҳои илмии ояндаи иқтисодӣ кафедра бояд ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳалталаби иқтисодии ҶТ эътибори зиёд диҳад.
  3. Натиҷаҳои корҳои илмии олимони кафедра бояд дар истеҳсолот татбиқ гардад.
  4. Кафедраро зарур аст, ки минбаъд корҳои илмӣ-тадқиқотиашро дар сатҳи баланд қарор дода, алоқамандии назария ва амалияро таъмин намояд.

5.      Муаммоҳои минбаъдаи моделсозии математикии иқтисодӣ мутобиқи талаботҳои замони муосир бояд таҳқиқ карда шаванд.

Ҷадвали

ҳайати омӯзгорон ва кормандони асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

ФАКУЛТЕТИ БАҲИСОБГИРИБГИРИЮ ИҚТИСОДӢ

Ном, насаб ва номи падар Вазифаи ишғолнамуда Дараҷа ва унвони илмӣ Соли таваллуд Суроға
1. Табаров Орифҷон Сайдалиевич Мудири кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент 01.03.1978 Ш. Душанбе., к. Н.Қаробоев 150/2 х.119
2. Алимардонов Тоҳир Ашуралиевич Ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 01.11.1986 н. Шаҳринав. д. Новобод
3. Ашуров Муҳиддин Насриддинович Муаллими калони кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 20.03.1957 Ш. Душанбе, н. Сино кӯч. А.Ғуломов х. 29, ҳ 46
4. Маҳманазарова Фирӯза Мусаябовна Ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 20.06.1983 Ш. Душанбе, н.Шоҳмансур.  к. Айнӣ 75., хонаи 59
5. Бобоева Розиямо Мансуровна Дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент 02.02.1970 ш. Душанбе н. Фирдавсӣ куч. Қосимова 7/4ҳ-20
6. Муллажонов Ибрагим Дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент 24.11.1951 ш. Душанбе н. Фирдавсӣ куч.Фирдавсӣ 25/1 х.57
7. Олимшоев Расул Дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент 28.12.1948 ш. Душанбе, кӯч. Ломоносов, хонаи 83
8. Соҳибов Ғолибназар Олимназарович Муаллими калони кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 10.08.1983 ш. Душанбе. н. Сино, кӯч. Муҳаммадиев 26, ҳ. 47
9. Таибов Орзу Рӯзадорович Ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 13.11.1974 ш. Душанбе. н. Шоҳмансур кучаи Бинокорон 2 хонаи 8 ҳ.7
10. Хоҷабекова Муҳтарам Қодирбековна Муаллими калони кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 15.11.1950 ш. Душанбе. кӯчаи Б. Раҳимзода 24
11. Ҷобиров Ҷаббор Каҳҳорович Дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент 10.03.1945 ш. Душанбе н. Фирдавсӣ куч. Фирдавсӣ 39 к.17
12. Ҷураева Адолат Орифовна Профессори кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор 10.09.1947 Ш. Душанбе. Маҳ.аллаи Ховарон. Минтақаи 6. Хонаи 121
13. Ҳофизов Ҳофиз Асғарович Ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Номзади илмҳои иқтисодӣ, ассистент 28.11.1980 ш. Душанбе, н. Қарабоев 5 хонаи .37.
14. Сатторов Абдукарим Ҷабборович Ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ Беунвон 18.07.1978 Ш. Ҳисор, ҷ/д. Мирзо Ризо, д. Сурхакчашма

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КИБЕРНЕТИКАИ ИҚТИСОДӢ